Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ…

Фарҳанг
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ…
“Уламои мо дар боби ин ки инсон он чизе аст, ки меандешад ё инсон он чизе аст, ки бихоҳад бошад, хеле беҳтар аз оқои Сартр баҳс кардаанд… Мавлавӣ хеле хуб мегӯяд:
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ
В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.
Агар аз Мавлавӣ бипурсем: инсон чист? Мегӯяд: он чизе аст, ки меандешад. Агар бипурсӣ: ман чистам? Мегӯяд: ту бигӯ дар бораи чӣ меандешӣ, то бигӯям чистӣ. Агар дар бораи ҳақиқат меандешӣ, ту ҳақиқатӣ, дар бораи Худо меандешӣ, ту мисоли Худо ҳастӣ, (аммо агар) дар бораи он коре меандешӣ, ки кори як саг аст, ту саг ҳастӣ. Бигӯ, чӣ меандешӣ, то бигӯям чистӣ…
Мегӯяд:
То дар талаби гавҳари конӣ, конӣ,
То дар ҳаваси луқмаи нонӣ, нонӣ.
Ту агар дар ҷустуҷӯи як гавҳар, як маъдани заминӣ ва як ҷамод ҳастӣ, ҷамодӣ ва агар нон мехоҳӣ ва ба дунболи нонӣ, нонӣ.
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ, донӣ,
Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
Ҳар чиро ҷустуҷӯ мекунӣ, ту ҳамон ҳастӣ. Пас агар аз ин шоир бипурсем: ман чистам? Мегӯяд: бигӯ ту чиро ҷустуҷӯ мекунӣ, то ман бигӯям чистӣ…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафаи ахлоқ)
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти Султон Маҳмуд ва пирамарди кишоварз
Бемористонҳои даврони ибтидоии ислом

Матолиби пурбоздид