Чаро ҳамлаи Исроил ба Ғазза иштибоҳ аст?

Таҳлили хабарӣ
Чаро ҳамлаи Исроил ба Ғазза иштибоҳ аст?
Чаро ҳамла ба Ғазза ва тафаккури “як бор барои ҳамеша” барои Исроил иштибоҳ аст?
Мақолае аз Томас Фридман дар New York Times
Ишора: Томас Фридман, сутуннависи New York Times ва таҳлилгари сиёсии бисёр машҳури омрикоист. Фридман, худаш яҳудитабор ва гароишҳои саҳюнистӣ дорад ва пинҳон ҳам намедорад. Ӯ дар ин таҳлил – ки қатъан аз рӯйи дилсӯзӣ ба саҳюнистҳо навишта – ҳақиқатро мегӯяд. Ҳоло, бо ошно шудани андешаи душман, хондани ин таҳлил ба назарам зарурист. С.И.
Инак, машрӯҳи мақолаи ӯ ба нақл аз New York Times:
“Ҳангоме, ки Изабел Кершнер, хабарнигори исроилии рӯзномаи New York Times, ахиран аз як ронандаи тонки артиши Исроил Шаи Левии 37-сола хост, то ҳадаф аз ҳамлаи қарибулвуқӯъи Исроил ба Ғаззаро шарҳ диҳад, ӯ чизе гуфт, ки воқеан таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб кард. Ӯ гуфт, ҳадаф “бозгардондани иззат ва каромат ба Исроил” аст. Шаҳрвандони исроилӣ хостори шикаст додани Ҳамос ва рафъи таҳдид аз сӯйи Ғазза алайҳи Исроил ҳастанд ва имрӯзҳо шиъорашон ин аст: “Як бор барои ҳамеша”. Ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи манро ҷалб кард, зеро дар тӯли солиёни дароз омӯхтаам, ки иборати чаҳоркалимаии “як бор барои ҳамеша”, хатарноктарин ҷумла аст.
Воқеият он аст, ки тамоми ҷунбишҳои исломгаро ва шибҳинизомӣ аз Толибон гирифта то Ҳамос, Ҷиҳоди Исломии Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ансоруллоҳ дар Яман, ҳамагӣ решаҳои амиқи фарҳангӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ дар ҷомеаҳои худ доранд. Ин ҷунбишҳо ба сарчашмаҳои бепоёне аз мардони ҷавон дастрасӣ доранд, ки бисёре аз онон ҳаргиз шуғле надоштаанд ва ҳаргиз робитаи ошиқонаро таҷриба накардаанд. Таркиби ин омилҳо маргбор аст ва боис мешавад, то онон бо роҳатӣ басиҷ шаванд.
Ба ҳамин далел аст, ки то ба имрӯз ҳеч як аз ин ҷунбишҳо як бор барои ҳамеша ҳазф нашудаанд.
Бинобар ин, моил ҳастам он чиро дар чанд сутуни гузаштаам дар New York Times ба оромӣ баён кардам, акнун бо садои баланд ва возеҳ баён кунам. Ман низ бо Бойден, раисиҷумҳури Омрико дар ин бора ҳамназар ҳастам, ки ишғоли дубораи Ғазза, иштибоҳе бузург барои Исроил хоҳад буд.
Ман мӯътақидам, ки чунин иқдоме метавонад шикасти токтикии таҳқиромези Исроил аз Ҳамосро ба дунбол дошта бошад ва барои Исроил ба як бӯҳрони стратегии ахлоқӣ ва низомӣ дар баландмуддат табдил шавад. Ин яке аз мавориде аст, ки метавонад Исроилро дар Ғазза ба дом биандозад, Иёлоти Муттаҳидаро вориди ҷанги дигаре дар Ховари Миёна кунад ва се маврид аз муҳимтарин манофеъи ҳоли ҳозири сиёсати хориҷии Омрикоро тазъиф кунад: кӯмак ба Укройн барои ҷудо шудан аз Русия ба манзури пайвастан ба Ғарб, маҳори Чин ва шакл додан ба як блоки тарафдори Омрико, ки Арабистони Саудӣ ва Миср ва соири кишварҳои арабӣ дар канори Исроилро шомил мешавад; блоке, ки метавонад тавозуни қуворо дар баробари Эрон эҷод кунад.
Агар Исроил акнун вориди Ғазза шавад, тавофуқи Иброҳим (Соглашение Авраама) аз ҳам пошида хоҳад шуд ва ду муттаҳиди Омрико яъне Миср ва Ӯрдун бесубот шуда ва оддисозии робитаи Исроил бо Арабистони Саудиро ғайри мумкин хоҳад сохт ва ҳамаи ин маворид дар канори якдигар, шикастҳои стратегии бузурге хоҳанд буд. Ҳамчунин, ин вазъият каронаи Бохтариро ба оташ кашида ва боиси оғози ҷанг байни фаластиниён ва шаҳракнишинони яҳудӣ дар он минтақа низ шавад.
Исроил чӣ коре бояд анҷом диҳад, то итминон ҳосил шавад, ки ҳамлае монанди он чи Ҳамос анҷом дод, дигар ҳаргиз такрор нашавад? Ман феълан посухе барои ин пурсиш надорам, аммо медонам, ки посух ҳар чи бошад, ин нест, ки 360 ҳазор нерӯи захираи исроилӣ басиҷ шаванд, то вориди ҷанге шаҳрӣ дар яке аз пурҷамъияттарин нуқоти ҷаҳон шаванд. Ин тасмим иқтисоди Исроил ва ҷойгоҳи байналмилалии он кишварро дар ҳам хоҳад шикаст. Ҳамаи ин дуроҳиҳо бояд Бойденро водор ба тундтар кардани мавзеъи худ дар қиболи ин бӯҳрон кунанд.
Бойден бояд бидонад, ки Бенёмин Натонёҳу барои мудирияти ин ҷанг ба унвони як бозигари мантиқӣ муносиб нест. Пас аз чунин шикасти азиме қудратмандтарин ва муттаҳидкунандатарин коре, ки Натонёҳу метавонад анҷом диҳад он аст, ки интихоботи ҷадиди Исроилро зарфи муддати 6 ё 9 моҳ баргузор кунад ва эълом намояд, ки номзад нахоҳад шуд.
Ӯ дар ҳоли поён додан ба кори худ дар сиёсат аст ва бинобар ин исроилиҳо наметавонанд эътимод кунанд, ки ҳар тасмиме, ки ӯ дар мавриди Ғазза ва Ҳамос бигирад, танҳо бо дар назар гирифтани манофеъи миллии Исроил хоҳад буд. Ӯ барои нафъи шахсии худ ба манзури дур мондан аз зиндон ба далели мувоҷеҳа бо иттиҳомоти фасод, маҷбур ба нигаҳ доштани девонаҳои дасти ростӣ дар давлаташ мебошад; афроде, ки хаёли ишғоли муҷаддади Ғазза ва бозсозии шаҳракнишинҳои яҳудӣ дар онҷоро дар сар мепарваронанд.
Аз ин манзар, Натонёҳу ва атрофиёнаш бар ин бовар ҳастанд, ки як пирӯзии низомии бузург ва кӯтоҳмуддат, метавонад барои раъйдиҳандагони исроилӣ ба унвони ҷуброни нокомиҳое, ки ахиран рух дода қаламдод шавад. Ҳамон тавр, ки Амос Ҳарел, яке аз беҳтарин сутуннависҳои рӯзномаи Ҳооретс, рӯзи ҷумъа навишт: “Таркиби ғайримаъмулӣ аз афрод дар раъси ҳайати ҳокимаи Исроил вуҷуд доранд. Аз як сӯ, нахуствазире номуносиб бо шахсияти тақрибан шекспирӣ вуҷуд дорад… Рӯбарӯи ӯ як сарбози артишӣ қарор дорад, ки кутак хӯрда ва дучори эҳсоси гуноҳ шудааст. Ин дастуруламали комиле барои тасмимгирии санҷида нест.”
Агар Исроил имрӯз эълом кунад, ки феълан тасмим гирифта аз таҳоҷум ба Ғазза сарфи назар кунад ва ба дунболи абзорҳои ҷарроҳии бештаре барои аз байн бурдан ё тасхири раҳбарони Ҳамос хоҳад буд ва дар айни ҳол талош мекунад, то роҳкоре барои озодсозӣ ва таҳвили гаравгонҳои исроилии дар дасти Ҳамос биёбад, на танҳо аз осеб расидани бештар ба ҷомеаи худ ва ҳамчунин ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғазза ҷилавгирӣ мекунад, балки ба худ ва муттаҳидонаш фурсат хоҳад дод, то дар бораи чигунагии эҷоди як ҷойгузини машрӯъ барои Ҳамос бо фаластиниён фикр кунанд.
Ҷон Аркило, устоди бознишастаи стратегӣ дар Донишкадаи таҳсилоти такмилии нерӯи дарёии Омрико мегӯяд: ”Дар дунёи имрӯз ҳар он чиро дар майдони набард рух медиҳад, метавон дар қаламрави иттилоот вожгун кард, бинобар ин, достон ва ривояти набард ба андозаи мушобеҳи набард рӯйи замин аҳаммият дорад.” (“В современном мире все, что происходит на поле боя, может быть перевернуто в сфере информации, поэтому история и повествование о битве так же важны, как и сама битва на земле.”)
Ӯ мегӯяд: “Як иқдоми интиқомомез ва хашмолуд аз сӯйи Исроил асоси мушкилоти стратегиро тағйир намедиҳад ва иқдоме бисёр ғайриоқилона аз сӯйи Исроил қаламдод хоҳад шуд”. Бо ин вуҷуд, агар тасмими Исроил ҳанӯз ин бошад, ки бояд барои нобуд сохтани Ҳамос вориди Ғазза шавад, танҳо дар сурате бояд ин корро анҷом диҳад, ки як раҳбарии қонунии фаластиниро ҷойгузини Ҳамос кунад, то тазмин шавад, ки Исроил барои ҳамеша бар Ғазза ҳукмронӣ нахоҳад кард. Агар Исроил бихоҳад барои муддати доимӣ ё баландмуддат дар Ғазза боқӣ бимонад, ҳар рӯзе, ки обу барқ дар Ғазза вуҷуд надошта бошад ё бемории ҳамагире дар он шаҳр шойеъ шавад, тақсир ба гардани исроилиҳо андохта хоҳад шуд. Оё Исроил барои мувоҷеҳа бо чунин интиқодоте омода аст?
Бойден пеш аз он ки хеле дер шавад, бояд посухҳои равшане аз Натонёҳу дарёфт кунад: вақте Исроил Ҳамосро сарнагун кард, чӣ касе Ғаззаро идора хоҳад кард? Агар Исроил бихоҳад Ғаззаро идора кунад, оё ҳазинаи бозсозии зерсохтҳоеро, ки дар ҳоли тахриб аст, пардохт хоҳад кард? Ва агар на, чӣ касе пардохтро анҷом хоҳад дод? Исроил то чӣ замоне қасд дорад иҷоза диҳад бӯҳрони инсонӣ дар ҷануби Ғазза рух диҳад? Оё Исроил қасд дорад дар Ғазза шаҳраксозӣ кунад? Оё Исроил ба марзҳои Ғазза эҳтиром мегузорад? Оё Исроил тарҳе барои кӯмак ба бозсозии Ташкилоти худгардони Фаластин (ба раҳбарии Маҳмуд Аббос) дар каронаи Бохтарӣ дорад?
Ташкилоти худгардони Фаластин дар каронаи Бохтари таҳти риёсати Маҳмуд Аббос заъиф, фосид ва ба таври физояндае номашрӯъ аст. Он ташкилот наметавонад каронаи Бохтариро мудирият кунад, чӣ расад ба мудирияти Ғазза ва ин ҳамон чизе аст, ки Натонёҳу пештар хостори он буд, то ҳамвора битавонад бигӯяд, бибинед ҳеч шарике барои сулҳ дар тарафи фаластинӣ вуҷуд надорад.
Исроил агар воқеан мехоҳад гурӯҳе дигар ҷойгузини Ҳамос дар Ғазза бошад, бояд ба таври комил дар мавриди робитаи худ бо фаластиниён дар каронаи Бохтарӣ ва дар натиҷа кулли ҷунбиши шаҳракнишинон таҷдиди назар кунад. Агар корзори шаҳракнишинон ба иқдомоти худ идома дода ва онро дар соири навоҳӣ низ густариш диҳад, фоҷеаи дигаре дар каронаи Бохтарӣ дар роҳ хоҳад буд.”
New York Times
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Диплумотҳои исороилӣ Туркияро тарк карданд
Афзоиши талафоти режими саҳюнистӣ ба 1400 кушта

Матолиби пурбоздид