Ҳамлаи Омрико ба пойгоҳи Сипоҳи Посдорони Эрон дар Сурия
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Reuters, Вазорати дифои Омрико (Пентогун) эълом кард, дар вокуниш ба силсила ҳамалот алайҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ ва Сурия, ба таъсисоти мавриди истифодаи гурӯҳҳои ҳамсӯ бо Эрон дар шарқи Сурия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.
Лойд Остин, вазири дифои Омрико, бо баёни ин ки Омрико ҳамалот ба омрикоиҳоро таҳаммул карда наметавонад ва аз манофеи худ дифоъ хоҳад кард, гуфт: «Ин ҳамалот ба дастури Бойден, раиси ҷумҳури Омрико ва дар ҳифозат аз нерӯҳоямон дар минтақа анҷом шуд ва тағйире дар рӯйкарди Вошингтун дар қиболи даргирии Исроил ва Ҳамос нест».
Қаламонлайн