Расонаҳои исроилӣ: “Тарҳҳои Исроил барои густариши эҳтимолии ҷанг дар Лубнон таъйид шуд”

Расонаҳои исроилӣ: “Тарҳҳои Исроил барои густариши эҳтимолии ҷанг дар Лубнон таъйид шуд”

Ахбори байналмилал

Расонаҳои исроилӣ эълом карданд, Ҳертси Ҳалеви, раиси Ситоди артиши режими саҳюнистӣ ва Йоав Галант, вазири ҷанги ин режим, тарҳҳоеро барои густариши эҳтимолии ҷанг дар Лубнон таъйид карданд.

Ба гузориши Ал-арабӣ ал-ҷадид ба нақл аз Едиот Аҳронот, Ҳалеви арзёбиҳое дар мақарри фармондеҳии шимоли артиши Исроил бо ҳузури женерол Эйвери Гордон, фармондеҳи шимолии ин режим ва шумори дигаре аз афсарони онҳо анҷом додааст.

Ҳалеви дар ин боздид гуфтааст: “Маъмурияти аввали мо искони муҷаддад ва бозгардони амният аст ва ин мавзӯъ ба замон ниёз дорад. Имрӯз тарҳҳоеро барои мароҳили оянда таъйид кардем ва бояд барои ҳамла омода бошем. Артиши Исроил аз ҷумла фармондеҳии шимолӣ, аз омодагии комил бархӯрдоранд. То алъон ҷанг ба шеваи дурусте анҷом мешуд ва бояд ба ҳамин минвол идома ёбад.”

Ҳамзамон пойгоҳи интернетии Vala ба нақл аз манобеъи амниятӣ дар Исроил эълом кард: “Ҷанг дар шимол масъалаи вақт аст ва тарҳҳои ин ҷанг дар Лубнон тасвиб шуда ва Исроил гомҳоеро бояд иттихоз кунад. Мо ҳамчунин бояд эҳтимолҳои ҳамалоти ногаҳонии Ҳизбуллоҳро назири он чи Ҳамос дар ҷануб анҷом дод бидиҳем.”

Ин манобеъ афзуданд: “Фаъолони бисёр зиёде дар имтидоди марзҳо ҳузур доранд ва мунтазири иштибоҳоти мо ҳастанд. Дар муқобил наметавон мунтазири ҳамлаи эҳтимолии Ҳизбуллоҳ монд. Раиси Ситоди артиш ва вазири амният тарҳҳои мутанаввеъеро таъйид кардаанд. Бо гузашти замон, Исроил нахоҳад тавонист то интиҳои фароянди сиёсӣ мунтазир бимонад ва ба иқдомоти низомӣ на фақат алайҳи Ҳизбуллоҳ, балки Лубнон ночор хоҳад шуд.”

Ҳамин пойгоҳи исроилӣ аз қавли манобеъи низомӣ, ки номе аз онҳо набурда, муддаӣ шуд: “Ҳизбуллоҳ бахше аз нерӯҳои нухбаи худро ба далели нигаронӣ аз ин ки артиши Исроил онҳоро терур кунад, ба бахши ҷануби Лубнон мунтақил кардааст.”

Гузориш меафзояд: “Дар ҳамин росто, Эли Коҳин, вазири хориҷаи Исроил, сафаре ба ҳамроҳи намояндагони хориҷӣ ба марзҳои шимолӣ дошта ва дар ҷараёни он таҳдидҳои ношӣ аз Ҳизбуллоҳро баровард кардааст.”

Коҳин дар ин сафар гуфтааст: “Ду гузина барои бозгардондани амният ба марзҳои шимолӣ дорем: аввал, гузинаи сиёсӣ аст ва шомили иҷрои қатъномаи 1701 Шӯрои амният ва ақибнишинии Ҳизбуллоҳ ба шимоли рӯди Литонӣ аст ва дуввум, гузинаи низомӣ хоҳад буд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Охирин нақшаи Исроил: ихтилофнамоӣ
Ниёиш

Матолиби пурбоздид