Қадршиносии вақт ва замон

Қадршиносии вақт ва замон
Ҳикматҳо ва андарзҳо – Муртазо Мутаҳҳарӣ
Қадршиносии вақт ва замон
Расули Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ба Абӯзари Ғифорӣ фармуд: “Дар бораи умр беш аз мол имсок дошта бош, барои сарфи вақт беш аз сарфи мол бухл биварз.” Ва низ ба Абӯзар фармуд: “Мабодо, ки вақтро ба умеди оянда талаф кунӣ, ту мутаъаллиқ ба имрӯз ҳастӣ, на ба фардо.”
Агар як нафарро бибинем, ки сарвати ҳангуфте ба ӯ расида ва девонавор исрофу табзир мекунад, бар ҳоли ӯ таассуф мехӯрем, ки чаро қадри молро намедонад, чаро онро дар роҳи муфиде ба кор намеандозад? Оқибати фалокатборашро пешбинӣ мекунем, ки чӣ андоза бадбахт хоҳад шуд ва баъдҳо худаш таассуф хоҳад хӯрд, дар ҳоле, ки суде надорад.
Вале худи мо дар баробари сармояи бузургтаре ҳамон андоза дар ғафлат ҳастем ва таваҷҷӯҳ надорем. Он сармоя, сармояи вақт ва замон аст.
Исрофи вақт аз исрофи мол зиёнбортар аст, зеро мол қобили ҷуброн ва тадорук аст, аммо вақт ва замон қобили тадорук нест. Соатҳо ва рӯзҳо ва моҳҳо ва солҳо бидуни як лаҳза таваққуф, бар мо мегузаранд ва инҳо қитъаҳое аст, ки мустамирран аз умри мо ҷудо мегардад ва дигар қобили васл шудан намебошад.
Арзиши ҳар чиз барои инсон вобаста ба ду чиз аст: яке, миқдор асаре, ки дар саодати зиндагӣ дорад, яке дигар, фаровонӣ ва ё камёбии он чиз. Ба ҳар андоза, ки як чиз муассиртар ва камёбтар буда бошад, қимат ва арзиши бештар пайдо мекунад. Вақт ва замон пурарзиштарини сармояҳои инсонӣ аст, аммо чун афроди башар ғолибан ба аҳаммияти он пай набурдаанд, онро ба ройгон аз даст медиҳанд.
Зиндагии мо нишон медиҳад, ки барои вақт арзиш қоил нестем, зеро ҳангоме, ки “вақте” аз худ ё дигарон талаф мекунем, ба зеҳни мо хутур намекунад, ки сармояе аз худ ё аз дигаре талаф кардаем. Афроде дида мешаванд, ки аз камоли риояти ҳуқуқи дигарон, ҳозир нестанд диноре аз моли мардумро бихӯранд, агар аҳёнан даҳ шоҳӣ аз моли касе талаф кунанд, худро “зомин” мешуморанд, аммо ҳамин ашхос ҳангоми талаф кардани “вақт”-и дигарон эҳсоси гуноҳ намекунанд, аз чизҳое, ки сабаби талафи вақти дигарон мегардад монанди хулфи ваъда ва муъатталӣ кардани арбоби руҷӯъ ва таъхири барномаҳои таъйиншудаи маҷолис ва монанди инҳо парҳез надоранд ва ба чизе намешуморанд. Пас маълум мешавад сухани Пайғамбарро дар назар надоранд, ки фармуд: “Ба вақт беш аз пул аҳаммият бидиҳед!”
Мардуме, ки ба арзиши вақт пай бурдаанд, барои сония ҳам аҳаммият қоиланд, талафи вақти худ ва дигаронро қабеҳ мешуморанд. Бояд барои вақт аҳаммият ва эҳтиром қоил шуд. Баччаҳоро бояд тавре тарбият кард, ки ҳисси эҳтиром ба вақт дар онҳо пайдо шавад. Касе, ки аз лиҳози вақт муназзам аст, дар назари дигарон, худаш ва кораш мӯҳтарам мегардад.
Бархе аз мардум на танҳо арзише барои вақт қоил нестанд, душман ва қотили вақти худ мебошанд, онро муъзӣ ва музоҳим мепиндоранд, саргармиҳое барои “имрори вақт” яъне ба хаёли худ барои халос шудан аз шарри вақт интихоб мекунанд, барои гузарондани вақт ба мухаддирот ва мускирот ва мизи қимор паноҳ мебаранд, яъне аз як душмани хаёлӣ, ки дӯсти воқеӣ аст, ба як душмани воқеӣ паноҳ мебаранд.
Як асари илму камол ва ҳунармандӣ ин аст, ки вуҷуди инсон борвар ва самарбахш мегардад, дар ҳама ҳол метавонад саргармиҳои муфид ва тафреҳоти солим дошта бошад, дар ҳар ҳоле — ҳарчанд дар ҳоли беморӣ ё мусофират ё зиндон — ба навъе аз вуҷуди худ баҳрабардорӣ мекунад, дигар на танҳо вақтро душман намешуморад ва зоид намедонад, балки беҳтарин дӯсти хешро вақт ва фароғат мешуморад, дигар ҳеч гоҳ ба домани мухаддирот ва мускирот ва қимор ва тафреҳоти носолим намеафтад.
То кай хурӣ дареғ зи бурноӣ?
З-ин чоҳи орзу зи чӣ бурноӣ?
Донист боядат чу бияфзудӣ?
К-охир, агарчӣ дер, бифирсоӣ.
Бингар, ки умри ту ба раҳе монад
Кӯтоҳ, агар ту аҳли ҳушу ройӣ.
Ҳар рӯз манзиле биравӣ з-ин раҳ,
Ҳарчанд к-ормида бар ҷойӣ.
Зери кабуди чархи беосоиш,
Ҳаргиз гумон мабар, ки биёсоӣ.
Бар маркаби замона нишастастӣ,
З-ӯ ҳеч рӯ наӣ, ки фуруд ойӣ…
Он кун зи корҳо, ки чу дигар кас.
Онро кунад бар онаш ту биситоӣ.
Дар корҳои диниву дунёӣ,
Ҷуз ҳамчунон мабош, ки бинумоӣ…
Бар хӯйи неку адлу камозорӣ
Бифзой, то камол бияфзоӣ.
(Носири Хусрав)
* * *
Назм ва маҳорат дар истифода аз вақт ва нерӯ
Сармояи вақт, бар хилофи сармояи пул, ҳеч гоҳ рокид нест, ҳамеша дар ҷараён аст, пайваста дар ҳоли хориҷ шудан аст, зеро як лаҳза таваққуф дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Аз ин рӯ Расули Акрам фармуд: “Ҳар кас, ки ду рӯзаш мусовӣ бошад (яъне аз лиҳози амал ва захира як кори муфид ё хулқи карим ё илми судманд, чизе наяфзуда бошад) зиён кардааст.” Зеро ба қадри як рӯз сармоя аз каф дода ва дар иваз чизе ба каф наёвардааст.
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки одамӣ ё дар ҳоли ҷилав рафтан аст ва ё дар ҳоли ақибгард, яъне ҳолати таваққуф вуҷуд надорад, зеро агар вақт ва умр баҷо масраф шавад, пешравӣ аст, агар беҷо масраф гардад, сармоя бохтан ва ақибгард аст.
Танҳо қадри вақт донистан кофӣ нест, маҳорат ва устодӣ аз назари баҳрабардорӣ лозим аст. Агар касе замине дорад ва мехоҳад дар он замин хона бисозад ё кишоварзӣ кунад, агар дар кори сохтмон ё кишоварзӣ моҳир набошад, дар айни аҳаммияти зиёде, ки ба он замин медиҳад, онро мумкин аст ҳадар бидиҳад. Масалан миқдори зиёде аз заминро зери бино меоварад ва дар айни ҳол дастгоҳи комил ва муҷаҳҳазе ба вуҷуд намеоварад, ё ҳамаи заминро мекорад, аммо маҳсули хубе барнамедорад. Аммо як муҳандиси сохтмон ё кишоварз метавонад ҳаддиаксари истифодаро аз он замин бибарад. Истифода аз замон низ монанди макон, маҳорат ва устодӣ ва муҳандисӣ лозим дорад. Истифодаи бештар дар муддати камтар, мавқуф ба ин аст, ки аввалан, инсон ҳамеша барои корҳои худ барнома ва нақша дошта бошад. Сониян, барои ҳар кор вақти муносиби ҳамон корро дар назар бигирад. Солисан, тартиби корҳоро тавре бидиҳад, ки вақт холӣ намонад.
Агар як идда ашёро бихоҳем дар як ҷаъба бичинем, мумкин аст бидуни тартиб дар дохили ҷаъба бирезем, дар ин сурат миқдори каме аз онҳо ҷо мегирад. Аммо агар аз рӯйи диққат бо мулоҳизаи ҳаҷми ҳар як аз онҳо, онҳоро паҳлӯи ҳам бичинем, адади бештаре ҷо хоҳад гирифт, гӯшаҳои он ҷаъба ва фосилаҳои он ашё холӣ нахоҳад монд.
Зарфи замон яъне вақт монанди зарфи макон аст. Корҳое, ки дар замон анҷом медиҳанд, монанди ашёе аст, ки дар сандуқ ё ҷаъбае қарор медиҳанд. Бархе аз мардум бидуни диққат ва бидуни нақша корҳои худро оғоз мекунанд. Як рӯз аз субҳ то шом талош мекунанд ва охири рӯз мебинанд фақат ду се кор дар ин муддат анҷом додаанд, натавонистаанд дар ин зарфи замонӣ беш аз ин коре анҷом диҳанд. Аммо афроди муназзам ва боинзибот, бо маҳорат ва устодӣ дар ҳамон муддат кори бештаре анҷом медиҳанд. Пас назм ва инзибот ва нақша аз шароити баҳрабардорӣ аз вақт ва замон аст.
Ҳикматҳо ва андарзҳо – Муртазо Мутаҳҳарӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вокуниш аввалӣ ба ҷинояти терури Солеҳ ал-Орурӣ 
Мирзонабии Холиқзод: Марзи номус то куҷост?

Матолиби пурбоздид