Ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ ба чаҳор пойгоҳи низомӣ ва як шаҳраки саҳюнистӣ

Ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ ба чаҳор пойгоҳи низомӣ ва як шаҳраки саҳюнистӣ

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Муқовамати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои ҳимоят аз мардуми Ғазза, як шаҳраки саҳюнистнишин ва чаҳор пойгоҳи низомиёни ишғолгарро дар шимоли Исроил ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз исобати мустақими мушак ба шаҳраки саҳюнистнишини Кирёт Шмона дар шимоли Фаластини ишғолӣ бидуни фаъол шудани ожирҳои ҳушдор хабар доданд.

Хабарнигори Алмаёдин ҳамчунин аз ҳамлаи мушакӣ аз манотиқи ҷанубии Лубнон ба минтақаи Ал-Ҷалил ал-Аъло дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ бидуни фаъол шудани ожирҳои хатар хабар дод ва афзуд, ки пойгоҳҳои Алҷардоҳ, Рувайсотал-Алам ва Ҳадб ал-бустон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ аз ҷануби Лубнон қарор гирифт.

Муқовамати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияҳое эълом кард, ки дар ҳимоят аз миллат ва муқовамати Фаластин дар навори Ғазза, ин се пойгоҳро бо силоҳи муносиб ва бо диққат ҳадаф қарор дода ва хасоратҳоеро бар душмани саҳюнистӣ таҳмил кардааст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз ҳамла бо мушаки зидди зиреҳ аз ҷануби Лубнон ба ягони муҳандисӣ ва таъсисоти низомии артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаи Ҳордуф ва ворид омадани хасорат ва талафот ба он хабар доданд.

Артиши режими саҳюнистӣ низ дар вокуниш ба ин ҳамалот, шаҳракҳои Ал-Адасия, КафарКило, Ал-Ваззонӣ ва КафарШубо дар ҷануби Лубнонро ҳадафи оташи тӯпхона қарор дод.

Артиши ишғолгар ҳамчунин дар идомаи ҳамалоти кӯр-кӯрона ба манотиқи маскунӣ дар ҷануби Лубнон, як худрави ғайринизомиро дар минтақаи ХарбаСалам ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор дод.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Терури фармондеҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон
Камоли инсон

Матолиби пурбоздид