Пешрав Дизоӣ, ки дар ҳамлаи Эрон, дар Курдистон кушта шуд, кист?

Пешрав Дизоӣ, ки дар ҳамлаи Эрон, дар Курдистон кушта шуд, кист?

Ахбори байналмилал

Irna

Ирно иттилооте дар мавриди Пешрав Дизоӣ, ки дар ҳамалоти нимаишаби Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба мақарри Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Мусод) дар шимоли Ироқ кушта шуд, мунташир кард.

Ба гузориши Ирно, Пешрав Дизоӣ тоҷири бисёр бузурги курд, ки дар ҳамалоти мушакии имрӯзи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон кушта шуда ва писараш низ захмӣ шудааст, раиси ширкати ҳифозат ва амнияти “Фолкун” буда ва ӯ дар воқеъ пӯшиши Мусод ва масъули муҳофизат аз аносири Мусод дар Арбил ва ҳамчунин масъули ҳимоятҳои луҷестикӣ аз онҳо низ будааст.

Ба навиштаи Ирно, мақарри расмии ширкати “Фолкун” дар Миср аст ва ин ширкат шарики ширкатҳои дигар аст, ки яке аз муҳимтарини ин ширкатҳо, ширкати омрикоии EIA аст. Ин ширкат, шарики асосии ширкати “Фолкун” аст, ки раиси он дар ҳамлаи мушакӣ ба мақарри Мусод дар Арбил кушта шуд.

Irna

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Ҳама хуб мешавад”
Таниш дар равобити Эрон ва Ироқ

Матолиби пурбоздид