Раҳбари Ансоруллоҳ: “Нафарини Ғазза, гиребони Омрико ва Исроилро мегирад”

 

Раҳбари Ансоруллоҳ: “Нафарини Ғазза, гиребони Омрико ва Исроилро мегирад”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба даст доштани Омрико ва ғарб дар куштори мардуми Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ, таъкид кард, ки агар ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилал дар тазодд бо манофеъи Омрико ва Исроил бошад, дигар ҳеч эътиборе барои онон надорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, шомгоҳи дирӯз (панҷшанбе, 1 феврал) бо ишора ба масъулияти динӣ ва инсонии ин кишвар дар қиболи мардуми Ғазза, гуфт: “Дарду ранҷ ва мазлумияти Ғазза, нафарине аст, ки гиребони Омрико, Исроил ва ҳомиёни ононро хоҳад гирифт.”

Ҳусӣ бо ишора ба ин ки душмани исроилӣ, пас аз боздошти мардуми Фаластин, ононро дар ниҳояти хунсардӣ ба шаҳодат мерасонад, таъкид кард: “Душман бо мушакҳо ва хумпораҳои Омрико, Ангилис ва Олмон, мардуми Ғаззаро мекушад. Душман ҳатто бемористонҳоро аҳдофи аслии амалиёти низомии худ эълом мекунад, ки нишонгари варшикастагии ахлоқӣ ва инсонии он аст.”

Вай бо баёни ин ки агар ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилал дар тазодд бо манофеъи Омрико ва Исроил бошад, дигар ҳеч эътиборе барои онон надорад, тасреҳ кард: “Илова бар қатл ва куштор ва тахриб, душман Ожонси имдодрсонӣ ба оворагони фаластинӣ (UNRWA)-ро ҳадаф қарор медиҳад. Ҳамла алайҳи UNRWA ҳам пас аз раъйи Додгоҳи Лоҳа (Гаага) буд, ки тайи он, хостори таваққуфи куштори ҷамъӣ дар Ғазза шуда буд.”

Раҳбари Ансоруллоҳ гурезе ба раъйи Додгоҳи Лоҳа алайҳи режими саҳюнистӣ зад ва гуфт: “Пас аз ин раъй, бояд ғизо ва дору вориди Ғазза мешуд ва ҷиноёти куштори ҷамъӣ низ коҳиш меёфт. Аммо ин раъй, заъиф буд ва дар сатҳи ин додгоҳ набудааст. Ин додгоҳ бояд ба таваққуфи ҳамалоти Исроил ва шикасти муҳосираи Ғазза раъй медод.”

Ҳусӣ бо ишора ба ин ки ҳимоятҳои Омрико боис шудааст, ки Исроил аз тамоми қатъномаҳо ва қавонини байналмилалӣ муъоф бошад, таъкид кард: “Дар миёни мардуми ғарб, аммо садоҳои озодае шунида мешавад, ки мухолифи ҳимояти Омрико аз Исроил ҳастанд. Фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар Омрико ва ғарб барои расондани садои мазлумияти миллати Фаластин, сонсури расмии расонаиро дар ҳам шикастааст.”

Вай зимни интиқоди аз кӯмаки бархе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба Исроил, тасреҳ кард: “Миллати Фаластин, бештар ба ғизо ва дору ниёз дорад (то саҳюнистҳо), вале ин кишварҳо мева ва колоҳои мутанаввеъе ба душмани саҳюнистӣ медиҳанд. Бинобар ин муваффақияти муҷоҳидони Ғазза, ҳуҷҷате бар арабҳо ва мусалмонон аст, ки агар аз онҳо ҳимояти муассиртаре дошта бошанд, Фаластин ҳам озод хоҳад шуд.”

Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни ин ки дар ин ҳафта 10 амалиёти низомӣ дар баҳри Сурх алайҳи киштиҳои исроилӣ, омрикоӣ ва ангилисӣ анҷом додаанд, хотирнишон кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ҳоли расади дақиқи ҳавоии мақсади киштиҳо дар баҳри Сурх ҳастанд. Омрико дар ҳамалоти ахири худ, ки барои ҳимоят аз киштиҳои Исроил буд, шикаст хӯрдааст ва ба ин масъала эътироф карда.”

Вай дар поён хотирнишон кард: “Дар ибтидо, Омрико фикр мекард, ки амалиёти хасмонааш барои ҳимоят аз киштиҳои Исроил бо ҳамкорӣ бо соири кишварҳо ҳамроҳ хоҳад шуд, вале дар ин масъала шикаст хӯрд. Омрико ва Ангилис ҳатто наметавонанд аз киштиҳо ва новҳои худашон ҳимоят кунанд. Мо наметавонем фақат наззорагари рухдодҳои Ғазза бошем. Бинобар ин ба амалиётҳои худ идома хоҳем дод.”

Farsnews

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон: Содироти нафт ва гоз ба кишварҳои ҳомии Исроил қатъ шавад!
Яман киштии Бритониёро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Матолиби пурбоздид