Абӯбоқир ал-Соъидӣ кӣ буд?

Таҳлили хабарӣ

Абӯбоқир ал-Соъидӣ, фармондеҳи аршади гурдонҳои Ҳизбуллоҳ, ки Омрико шаби гузашта терур кард кӣ буд?

Гузорише дар пойгоҳи хабарии Ал-арабӣ ал-ҷадид

Ҳамлаи шаби гузаштаи як паҳподи омрикоӣ ба шаҳодати яке аз барҷастатарин фармондеҳони гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ба номи Абӯбоқир ал-Соъидӣ ва 2 тан аз дастёронаш мунҷар шуд. Омрико эълом кард, ин ҳамла дар вокуниш ба ҳамла ба нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ ва Сурия анҷом шудааст.

Ин ҳамлаи ғофилгиронаи Омрико дар минтақаи Ал-маштал воқеъ дар ҷануби шарқии Бағдод тавассути як паҳпод анҷом шуд ва худрави Ал-Соъидӣ бо се мушак ҳадаф қарор гирифт, ки ба шаҳодати вай ва 2 тан аз дастёронаш мунҷар шуд.

Фармондеҳии марказии Омрико (CENTCOM) дар баёнияе эълом кард: “Дар посух ба ҳамалот ба нерӯҳои омрикоӣ, ҳамлае якҷониба дар Ироқ анҷом шуд, ки мунҷар ба кушта шудани фармондеҳи гурдонҳои Ҳизбуллоҳ шуд. Вай масъули барномарезии мустақими ҳамалот алайҳи нерӯҳои омрикоӣ дар минтақа буд, ҳамчунин ҳеч нишонае мабнӣ бар ворид омадани хасороти ҷонибӣ ё талафоти ғайринизомиён дар ин ҳамла вуҷуд надорад.”

Масъулияти Абӯбоқир ал-Соъидӣ

Як манбаъи наздик ба гурӯҳҳои муқовамати Ироқ ба Ал-арабӣ ал-ҷадид гуфт: “Ал-Соъидӣ яке аз муҳимтарин фармондеҳони гурдонҳои Ҳизбуллоҳ маҳсуб мешуд ва масъулияти ягони мушакии ин гурӯҳро бар ӯҳда дошт.”

Вай таъкид кард: “Ал-Соъидӣ масъули ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Омрико дар Ӯрдун ва кушта шудани чанд низомии омрикоӣ буда, вай ҳамчунин масъули тарроҳӣ ва иҷрои бештари ҳамалоти гурдонҳои Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳҳои омрикоӣ будааст.”

Манбаъи ёдшуда афзуд: “Ал-Соъидӣ пеш аз соли 2007 дар ҷараёни Садр фаъолият мекард ва пас аз он ба Эрон сафар кард ва аз Садриҳо ҷудо шуда ва ба гурдонҳои Ҳизбуллоҳ пайваст, терури вай, зарбаи муҳкаме ба ин гурӯҳ маҳсуб мешавад ва раҳбарон ва фармондеҳони соири гурӯҳҳои мусаллаҳро дар доираи аҳдофи Омрико қарор медиҳад.”

Дар ҳамин робита, Абӯҳусайн ал-Ҳамидовӣ, раҳбари гурдонҳои Ҳизбуллоҳ, дар баёнияе эълом кард: “Ба уммати исломӣ ва мардуми Ироқ шаҳодати фармондеҳи бузург, Ҳоҷӣ Висом Муҳаммад Собир (Абӯбоқир ал-Соъидӣ) ва пайвастани вай ба қофилаи Абӯабдуллоҳ Ҳусайн алайҳис салом дар пайи ҳамлаи нерӯҳои омрикоӣ дар Бағдодро табрик мегӯем.”

Аммо гурӯҳи Ан-нуҷабо, хоҳони интиқом аз Омрико ва “аъвон ва шуракои он” шуд ва дар баёнияе эълом кард: “Интиқоми хуни шуҳадои мо, қасос аз Омрико ва манофеъи ин кишвар хоҳад буд, ҳавопаймоҳои омрикоӣ бидуни ҳеч монеъе дар осмони Ироқ ҷавалон медиҳанд ва ҳокимияти кишварро нақз мекунанд, ин ҷинояти Омрико бидуни посух нахоҳад монд ва онҳо хоҳанд донист, ки косаи сабри мо лабрез шуда, мо замон ва макони муносиб барои вокуниши худро интихоб хоҳем кард.”

Ғайс ат-Тамимӣ, пажӯҳишгари умури сиёсии Ироқ ҳам нисбат ба хатарнок будан ва бӯҳронӣ шудани авзоъ дар Ироқ ҳушдор дод ва афзуд: “Идомаи амалиёти низомии мутақобил байни гурӯҳҳои муқовамат ва омрикоиҳо бидуни эъломи стратегияи боздоранда, мӯҷиби тазъифи давлат ва фурӯпошии “Чорчӯби ҳамоҳангӣ” (ҳукумати кунунӣ) ва ошӯби амниятӣ мешавад, ки субот ва амнияти Ироқро мавриди таҳдид қарор медиҳад.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Нерӯҳои ниёбатӣ” нирӯҳои ниёбатӣ нестанд
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Мусибати Ғазза мусибати башарият аст

Матолиби пурбоздид