Шаҳодати 12 нафар дар ҳамлаи Исроил ба Лубнон

Шаҳодати 12 нафар дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Набатия дар ҷануби Лубнон

Ахбори байналмилал

Alalam

Ҳавопаймоҳои ҷангииҳои режими саҳюнистӣ шаби гузашта (14 феврал) сохтмоне маскунӣ дар ҷануби Лубнонро бомбборон карданд.

Ба гузориши Алъолам, дар ин ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ба сохтмоне маскунӣ дар минтақа Набатия дар ҷануби Лубнон то кунун 12 нафар ба шаҳодат расида ва шуморе низ захмӣ шудаанд.

Бино бар ин гузориш, дар ин ҳамла 5 зан ва 5 кӯдак ба шаҳодат расидаанд.

Ин дуввумин ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунӣ дар ҷануби Лубнон тайи дирӯз (чаҳоршанбе) мебошад.

Артиши режими ишғолгар дирӯз эълом кард, ки амалиёти низомии густурдаеро дар ҷануби Лубнон оғоз кардааст. Ҳавопаймоҳои ҷангии ин режим сохтмон дар Адашит дар ҷануби Лубнонро низ ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳ: “Таҷовузгарии саҳюнистҳо бе посух нахоҳад монд”

Ба дунболи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон, Сайид Ҳошим Сафиюддин, раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ, гуфт: “Таҷовузгарии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон бе посух боқӣ нахоҳад монд.” Вай афзуд, ки посухи муносиб ба таҷовузгарии саҳюнистҳо, ки ба шаҳодати ғайринизомиён ва кӯдакон анҷомид, ҳатмӣ аст.

Гуфтанист, муқовамати исломии Лубнон дирӯз (чаҳоршанбе, 14 феврал) теъдоде аз пойгоҳҳои низомии вобаста ба артиши режими ишғолгарро дар атрофи шаҳри ишғолии Сафад дар шимоли Исроил ҳадафи ҳамалоти густурдаи мушакӣ қарор дод.

Ба дунболи ин ҳамалот, шаҳрдори Сафад аз исобати мушакҳо ба пойгоҳҳои низомии режими саҳюнистӣ дар атрофи Сафад воқеъ дар шимоли Исроил эътироф кард ва артиши ин режим низ эълом кард, ки яке аз ин мушакҳо дар пойгоҳи ҳавоии артиш яъне “Мирун” суқут кардааст.

Манобеъи исроилӣ гузориш доданд, ки дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Сафад, 8 нафар саҳюнист кушиа ва захмӣ шуданд.

Муқовамати исломии Лубнон ба дунболи ҳамалоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва иртикоби куштори ҷамъӣ ва ҳадаф қарор додани густурдаи манотиқи маскунии фаластиниён эълом кардааст, ки дар дифоъ аз мардуми Фаластин ҳамалот ба режими саҳюнистӣ то таваққуфи ҷиноёти ин режим идома хоҳад дошт.

Alalam

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд рози муваффақият
Бояд “Озодӣ”-ро аз “Банд” озод кард, ҳатто агар “Инсон” ба “Рақам” бадал гардад

Матолиби пурбоздид