Ошуфтагӣ дар артиши Исроил
Шуморе аз мақомоти баландпояи артиш истеъфо додаанд
Ахбори байналмилал
Aljazeera
Ба гузориши Алҷазира, Коноли 14 Исроил аз истеъфои дастаҷамъӣ ва ногаҳонии шумори зиёде аз афсарон ва мақомоти аршади воҳиди иттилооти артиши ин режим аз ҷумла Донил Ҳогорӣ, сухангӯи артиш хабар дод.
Ҳанӯз иллати ин истеъфоҳо ва тағйироти ногаҳонӣ мушаххас нест, аммо тайи ҳафтаҳои ахир таниш ва ихтилофот дар кобинаи Телавив бавежа миёни Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир ва Йоав Галлант, вазири ҷанги Исроил ба авҷи худ расидааст.
Коноли 14 телевизиони режими саҳюнистӣ гуфта, ки теъдоди зиёде аз афсарони бахши иттилоотии артиши Исроил ба сурати дастаҷамъӣ истеъфо кардаанд.
Ин гузориш иллати истеъфои ин афродро “эътирози афсарон ба анҷоми умури амалиётӣ ва шахсӣ” унвон кардааст.
Коноли 14 дар гузориш худ овардааст, ки ин истеъфоҳо нишондиҳандаи вазъияти ошуфтагӣ дар бахши иттилооти артиш аст, ки тавассути сухангӯи артиш Донил Ҳогорӣ идора мешавад.
Дар ҳамин росто, расонаҳои исроилӣ рӯзи гузашта фош карданд, ки Банӣ Гантз дар иқдоме ғайримунтазира ва бетаваҷҷӯҳ ба протоколҳои мавриди тавофуқи кобинаи эътилофӣ ва бидуни ҳамоҳангӣ бо Натонёҳу, ба Вошингтун сафар карда ва қасд дорад ба таври якҷониба бо мақомоти Кохи сафед дар бораи музокироти ҷанги Ғазза дидор ва ройзанӣ кунад ва пас аз он озими Ландан шавад.
Aljazeera
Қаламонлайн