Маънои муҳаббат ва дӯст доштан
Яке аз ҳақоиқе, ки мо дар виҷдони худ меёбем ва касе наметавонад мункири он шавад, ҳақиқате аст, ки номи онро ҳубб ва ба форсӣ дӯст доштан мегузорем, монанди дӯст доштани ғизо, занон, мол, ҷоҳ ва илм, ки дӯст доштан ва алоқамандӣ ба инҳо, панҷ мисдоқ аз масодиқи “ҳубб” ҳастанд, ки ҳеч шакке дар вуҷуди он дар дили худ надорем. Ва низ шакке нест дар ин ки мо калимаи дӯстӣ ва ҳуббро дар ин панҷ мисдоқ ба як маъно ва бар сабили иштироки маънавӣ истеъмол мекунем, на бар сабили иштироки лафзӣ.
Ҳол бояд дид, бо ин ки ҳубб дар ин панҷ мисдоқ маонии мухталифе дорад, чаро калимаи “ҳубб” дар ҳама ба як гуна содиқ аст? Оё барои ин аст, ки ихтилофи он маонӣ ихтилофи навъӣ аст ё ихтилофи дигар аст?
Ва чун дар ҳубби махсус ба ғизо ва мева масалан диққат кунем, хоҳем дид, агар ғизое ё меваеро дӯст медорем, бад-он ҷиҳат аст, ки бо тарзи кори дастгоҳи гуворишӣ (дастгоҳи ҳозима)-и мо иртибот дорад. Ва агар фаъолияти ин дастгоҳ набуд ва бадан дар истикмоли худ ҳоҷате ба таом надошт, қатъан мо низ таомро дӯст намедоштем ва таом маҳбуби мо намешуд.
Пас ҳубб ба ғизо, дар ҳақиқат ҳубби мо ба ғизо нест, балки ҳубби дастгоҳи гувориш ба фаъолияти худаш аст, ин дастгоҳ мехоҳад анҷоми вазифа кунад ва таъомро ба бадан бирасонад, ҳамин хостан иборат аз ҳубб ба ғизост (ки мо онро ба худ нисбат медиҳем ва мегӯем, мо ғизоро дӯст медорем ва ин мойем, ки аз фалон ғизо хушамон меояд), дар ҳоле, ки ин тавр нест, балки хуш омадан ва лаззат аз ғизо, кори дастгоҳи гуворишӣ аст, на аз мо. Хоҳӣ гуфт: ин ки аз таъму мазза ва бӯйи як ғизо хушамон меояд, пас ин чист? Дар посух мегӯем: ҳамин ҳам марбут ба дастгоҳи гувориш аст, чун ҳисси зоиқа яке аз хидматгузорони дастгоҳи гувориш аст, на худи он, пас манзури мо аз лаззат, лаззати зоиқа нест, балки он ризояти хоссе аст, ки дастгоҳи гувориш аз кори худ эҳсос мекунад.
Ин буд ҳол ва ҳақиқати муҳаббат ба ғизо. Ҳол бибинем, муҳаббат ба занон аз чӣ боб аст? Дар ин ҳубб низ агар нек бингарем, мебинем, ки ин ҳубб ҳам кори мо нест, балки кори дастгоҳи таносулии мост, ба ин маъно, ки дастгоҳи таносулӣ ташнаи амали омезиш мешавад ва онро дӯст медорад. Ва чун ин амал бо ҳамсар анҷом мешавад, мегӯем: ман ҳамсарамро дӯст медорам. Дар ҳоле, ки агар воқеъи қазияро бишкофем, мебинем, пойи ман дар кор нест, балки аввалан ва биззот дастгоҳи таносулӣ амали худро дӯст медорад ва сониян ва биттабъ ҳамсарро, чун амалаш бо ӯ қобили анҷом аст. Ҳамон тавр, ки дар таъом гуфтем, пойи ман дар кор нест, балки дастгоҳи гувориш аввалан ва биззот амали худро дӯст медорад ва сониян ва биттабъ ғизоро дӯст медорад. Ва амали омезиш асари нерӯе аст, ки Худои Таъоло дар ҳар ҷондоре ба вадиъат ниҳода, ҳамчунон ки амали тағзия низ асари нерӯе аст, ки Худо дар ӯ ба вадиъат супурдааст.
Аз ҳаминҷо маълум мешавад, ки ин ду ҳубб яъне ҳубб ба ғизо ва ҳубб ба ҳамсар, баргашташ ба як ҳубб аст, барои ин ки дастгоҳи гувориш ва дастгоҳи таносулӣ ба ҳам марбутанд ва камоле ҳам, ки аз кори ин ду дастгоҳ ҳосил мешавад, ба ҳам иртибот доранд.
Ва чун чунин аст, эҳтимол дорад, ки ҳубб иборат бошад аз як таъаллуқ, ки хосси ин ду маврид аст ва дар ғайри ин ду маврид аслан ёфт нашавад. Ва лекин озмоиш аз роҳи осор, ин эҳтимолро дафъ мекунад, зеро ин таъаллуқ, ки номаш ҳубб аст, асаре дар дорандааш дорад. Ва он ин аст, ки қувва (истеъдод)-ро ба сӯйи феълият, агар феълият надошта бошад мекашонад ва агар феълият дошта бошад, ба сӯйи тарки он ҷазб мекунад. Ва ин ду хоссият ва ё як хоссиятро дар тамоми мавориди қувваҳои идрокӣ эҳсос мекунем, ки ҳубб он қувваҳоро ба сӯйи афъолаш ба ҳаракат дармеовард.
Қувваи босира, сомеъа, ҳофиза, мутахайила, соири қувваҳо ва ҳавосси зоҳирӣ ва ботинӣ, ки дар мост — чӣ қувваҳои фоъила ва чӣ мунфаъила — ҳама ин ҳолатро доранд, ки ҳар як феъли худро дӯст медорад ва ин дӯст доштан, ӯро ба сӯйи феълаш ҷазб мекунад; чашмро ба сӯйи дидани он чи дӯст дорад ҷазб мекунад ва гӯшро ба сӯйи шунидан ва ҳамчунин ҳар қувваи дигарро.
Ва ин нест магар ба хотири ин ки кори ҳар қувва камоли ӯст ва ҳар қуввае бо кори махсус ба худ, нақси худро такмил намуда, ҳоҷати табиии худро бармеоварад. Ин ҷост, ки маъно ва мафҳуми ҳубби мол ва ҳубби ҷоҳ ва ҳубби илм, барои мо равшан мегардад, чун инсон бо ҳар як аз мол ва ҷоҳ ва илм, истикмол мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат онҳоро дӯст медорад.
Аллома Таботабоӣ
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: