Илоҳӣ, мо бандагонатро бибахш!

Илоҳӣ, мо бандагонатро бибахш!

Ниёиш

Худовандо, ончиро дар бораи ман, аз ман донотарӣ, бар ман бибахш.

Пас агар дубора ба гуноҳ баргаштам, ту ҳам дубора ба мағфиратат ба ман бозгард.

Худоё, бар ман бибахш, ончиро, ки бо худ ваъда кардам ва ту вафое аз ман нисбат ба он надидӣ.

Илоҳӣ, он чиро ки ба забонам ба ту тақаррубу наздикӣ ҷустам, вале дилам бар хилофи он буд, бар ман бибахш!

Илоҳӣ, ишороти чашм, суханони беҳуда ва парешониҳои дил ва лағзишҳои забонро бар ман бибахш!

(Наҳҷулбалоға, фарозе аз хутбаи 77).

***

Худоё, ту беҳтарин мӯнисӣ

Худоё, ту барои ошиқонат беҳтарин мӯнисӣ ва барои кифояти муҳимми онон, ки бар ту эътимод намоянд, аз ҳама ҳозиртарӣ, ононро дар ботинашон мушоҳида мекунӣ ва ба ниҳонҳояшон огоҳӣ ва андозаи биноияшонро медонӣ, пас розҳояшон назди ту маълум аст ва дилҳояшон ба ҷониби ту дар ғаму андӯҳ.

Агар танҳоӣ онҳоро ба ваҳшат андозад, ёди ту мӯнисашон шавад ва агар масоиб ба онон ҳуҷум оварад, ба ту паноҳ ҷӯянд, зеро медонанд, зимоми ҳамаи умур ба дасти ту ва сарчашмаи тамоми корҳо дар кафи бокифояти фармони туст.

Илоҳӣ, агар аз баёни масъалатам оҷизам, ё аз ин ки чӣ бихоҳам сардаргумам, пас ба ончӣ маслиҳати ман аст, роҳнамоям бош.

Инони диламро ба сӯи ончӣ хайри ман аст, баргардон, ки ин аз ҳидоятҳо ва кифоятҳои ту бегона ва аҷиб нест.

Бор Худоё, бо афват бо ман муомила кун, на бо адолатат.

(Наҳҷулбалоға, фарозе аз хутбаи 218).

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду гурӯҳ аз инсонҳо
Осонтарин роҳҳои расидан ба сарват

Матолиби пурбоздид