Мо ва болшевикон
Меҳмоншо Шарифов
Воқеан болшевикон дар ин сарзамин ҷаҳоне сохтанд, ки он ҷаҳони мо нашуд ва ҷаҳони халқу миллатҳои дар ин иттифоқ буда ҳам нашуд ва аз байн рафт, гуфти Шайх Аттор,
“Он қадаҳ бишкасту он соқӣ намонд
Аз ҷамолаш заррае боқӣ намонд.”
Ҳуҷуми болшевикон ин ҳуҷуми ягон миллате ё халқияте набуд, балки як лашкаркашии идеулужӣ буд. Аз ин рӯ мантиқӣ мебуд аз ин фикри ом, ки “русҳо оварданд”, “русҳо сохтанд” ва ё “русҳо нишон доданд” даст кашидан, зеро дар баробари рус, арманӣ, гурҷӣ ва яҳуду тотор, тоҷикон ҳам дар сохтмони ин фазои нав фаъол буданд ва даст дошанд.
Аслан морксизм аз рӯи тарҳи бунёдгузорони ин таълимот барои мамлакатҳои тараққикардаи сармоядорӣ пешбинӣ шуда буд, вале Ленин ва пайравонаш инқилоб ва диктатураи пролетариати моркисистиро хостанд дар мамлакати нимсармоядорӣ, нимфеудолӣ ва нимғуломдории Русия ва мустамликаҳояш амалӣ кунанд. Ва ин корро карданд.
Ин ки болшевикон дар фарқият бо Амороти Бухоро ба илм такя мекарданд, иқтисод ва истеҳсолро бунёди ҷомеа медонистанд ва дунёи мардумро дигар карданд, ҷои баҳс нест. Бале, бо теруру хушунат мардуми зиёдеро қурбон карданд, то қисме дигар орзу ва хаёли “ҷомеаи комили меомадагӣ”-ро дошта бошанд, ки ҳеч наомад. Болшевикон, ки илм, иқтисод ва истеҳсолро бунёди сиёсат карда буданд, воқеан ҷаҳоне барои мардум сохтанд, вале чун унсурҳои дигари созандаро ба ҳошия ронда буданд, давлатдории онҳо ҳам дер давом накард.
Дар ин раванд бо тоҷик чӣ карданд? Дуруст аст, ки барои ин қавми аз турктозиҳои зиёд ҷабрдида ҳудудҳое ҷудо карданд ва барояш давлат муайян карданд, ки дар он ҳам тасмимгир набуд ва аз Маскав идора карда мешуд. Бояд зикр кард, ки дар Маскав ҳам аз зарфияти равонӣ ва фарҳангии тоҷикон хабар доштанд, ки ин мардум воқеан метавонанд бо дарку қабули арзишҳои нав ҳаёти худро дигар кардан. Ин аст, ки бархӯрди марказ бо тоҷикон дигар буд. Бубинед, ки Маскав дар ҳамин солҳои сиюми асри гузашта байни қабилаҳо ва мардуми кӯчии Осиёи Марказӣ (ӯзбак, қирғиз ва қавму қабилаҳои дигар) як чанд экспедитсияҳои равоншиносонрро бо роҳбарии равоншиноси машҳур Алексондр Луриа (Alexander R. Luria) фиристоданд, то зарфияти равонии мардуми кӯчиро барои шинохту қабули фарҳанги нав, ки дар ин қарина (контекст) шакл мегирифт дониста бошанд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот ин гурӯҳи олимон ба хулосае омаданд, ки ин қабилаҳои кӯчӣ аз тафаккури мантиқӣ дуранд ва забону дониши онҳо аз таҷрибаи зинадагии онҳо фосила дорад. Албатта ин масъалае аст, ки имрӯз ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад, вале як чиз боиси нигаронист, ки имрӯз мардуме, ки воқеан аз фарҳанги ақлонӣ ва аз мантиқ дуранд, дар сиёсатанд ва лофи фарҳангсолорӣ ва роҳбарӣ мезананд.
Ва дар ҳамон ибтидо “марказ” (Маскав) бо он, ки марказҳои фарҳангии тоҷиконро ба мардуми турктабор тӯҳфа кард, дар сарҳади давлатҳои порсизабони ҳамсоя, барои паҳн кардани арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои инқилобии болшевикӣ, давлати мутақилли забони порсӣ доштаро бо исми Тоҷикистон ташкил карданд. Бубинед, ки аз як сӯ болшевикон кӯшиш доштанд аз фарҳангу забони ин мардум барои барқарор кардани нуфузу қудрати худ дар хориҷа истифода мекарданд ва аз сӯи дигар дар пайи буридан ва шикастани пайвандҳо ва бунёдҳои фарҳангии ин мардум буданд. Дар Маскав ҳаракат доштанд, ки байни мардум миллатгароӣ шакл нагирад ва фарҳанги исломӣ мустаҳкам нашавад ва дар ин роҳ пеш аз ҳама роҳҳои худсозиеро, ки дар мактабҳои гуногуни фикрии тоҷикон аз давраи Сино то Аҳмади Дониш вуҷуд доштанд ва дар давраи ҳукумронии сулолаҳои туркии ин минтақа заъиф шуда буданд пурра аз байн бурданӣ шуданд. Ва дар ин раванд барои онҳоро аз асли хеш дуртар намудан ва бо ҳамвандонашон дар ин минтақа бегона намудан, забони онҳоро тоҷикӣ номгузорӣ карданд ва алифбои суннатии онҳоро чанд бор иваз намуданд.
Ба ҳар ҳол ташкили давлати “мустақилли” тоҷикон, маънии онро надорад, ки болшевикон дунёи мардумро аз ҳеч шакл доданд, ин маънии инро надорад, ки ин мардум худ ба коре қодир набуд ва нест, ин маънии инро надорад, ки руҳи озодӣ ва халлоқиятро, ки дар таркибу вуҷуди забони (фарҳанги) ин мардум ниҳон аст аз ёд бурда будаанд. Ва аз ҳама муҳим ин рӯйдоди торихӣ ба гурӯҳе бефарҳанг, ки худро имрӯз “меросхӯри” Шӯравии собиқ мешиносанд, ҳақ намедиҳад, ки солҳои дароз мардумро дар ҳудудҳои танг ва таркибҳои хароби ҷомеа ва фарҳанги аз Шӯравии собиқ мерос монда нигоҳ дошта бошанд. Таҷрубаи фитна андохтан, турктозӣ кардан ва ғорату пароканда кардани ин мардумро дар ин қаламрав роҳандозӣ карда бошанд.
Дар зимн бояд гуфт, ки ҳар ки аз “истиқлол” ҳарф мезанад, наметавонад сиёсати худро болои хатои дигарон бунёд кардан, балки аз ин хатоҳои торихии худ ва дигарон меомӯзад. Ҳар ки аз истиқлол ҳарф мезанад, пеш аз ҳама аз ба чолиш кашидан ё таҳлили танқидии субъективияти (худӣ, шахсият), торихият, фалсафа ва маъниҳои ҳукумрони худ оғоз мекунад. Асли баҳсҳо дар атрофи босмачӣ ҳам бояд ба ҳамин нуктаи меҳварӣ такя кунанд. Гузашта аз ин ҳар ки аз истиқлол (sovereignty) ҳарф мезанад, бояд дониста бошад, ки истиқлол ин танҳо ҳарф ва сифате аз давлат нест, балки сохтани инсон, ҷомеа ва давлат дар як раванд аст.
Бале ҳукмронии сулолаҳои муғули – туркӣ, ки бар ҷаҳл, хушунат ва тохтутоз бунёд ёфта буд, дар ин минтақа боиси камбағалӣ, бечорагӣ ва рӯҳафтодагии бештари ин мардум шуда буд. Вале ҳанӯз ҳам буданд онҳое, ки ашрофияти фарҳангӣ доштанд, рӯҳи фарҳанги бузург, ахлоқ, одамият ва дар умум номусро нигаҳдор буданд. Ин қаламравро дорул-ислом медонистанд, ки то ҷое қонунҳо, арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои маҳаллӣ ҳукмрон буданд. Ин яке аз назарияҳои калидии ин баҳс аст, ки имрӯз муҳаққиқони мо метарсанд ба ёд оварда бошанд ва инро ҳам фаромӯш кардаанд, ки имрӯз ҳам ислом дар ин қаламрав танҳо дин нест, танҳо фарҳанги дини нест, балки роҳи зиндагии бештари мардуми ин сарзамин ва минтақа аст.
Бубинед дар умум мардуме, ки дар ин сарзамин зиндагӣ дошт, мисли ҳама давру замонҳо ҳаёти инсонӣ мехостанд. Ин буд, ки назарияеро инкишоф дода буданд, ки аз роҳбари золими мусалмон, роҳбари одил агар кофир ҳам бошад беҳтар аст. Ин аст, ки бо омадани русҳо ва ғалабаи русҳо аз як сӯ агар муқобили русҳо ғазавот эълон мекарданд ва мамлакатро дорул-ҳарб эълон мекарданд, аз дигар сӯ бо вуҷуди будани русҳо ҳам инкишоф ва дигаргуниро дар ҳаёти худ дида назарияи дорул-исломро дастгирӣ мекарданд. Масалан, инкишофи истеҳсоли пахта дар солҳои 80-уми асри 19-ум махсусан дар водии Фарғона, боиси кушодашавии мадрасаҳои нав ва даромадҳои вақфӣ гардид. Мадрасҳои нав дар минтақаи забткардаи русҳо, махсусан дар Қӯқанд, боиси саводнокшавӣ ва худогоҳии мардуми зиёде аз қисматҳои гуногуни минтақа гардид. Аҷиб аст, ки ин худогоҳии мардумро русҳо аз нав зиндашавии ислом (re — Islamization) мегӯянд, ки ба гуфти Наливкин дар сарзаминҳои тобеъи русҳо ҳисси русбадбинӣ ва пурқувватшавии мафҳуми дорул-исломро ба вуҷуд меовард. Воқеан мардум тамаддуни навро, ки русҳо оварда буданд, зери шиорҳое, мисли “илмро ҷустуҷӯ кунед дар Чин ҳам бошад” қабулдор буданд, то илми нав ва равишҳои нави дарсро дар мактабҳо ҷорӣ карда бошанд.
Аслан чигунае, ки сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, мардум зиндагии шоиста ва худмухторӣ мехостанд ва инчунин дар масъалаҳои бунёдии худ на ҳамеша он чиро, ки ҳукуматдорони рус мехостанд иҷро мекарданд. Масалан, баъди он ки масҷиди Хоҷа Аҳрор дар Тошканд бо сармояи имперотури рус таъмир карда шуд, Генерал Губернотур фон Розенбах фармон дода буд, ки дар ҳама масҷидҳои Туркистон дар намозҳо номи имперотур ёд карда шавад, ки бештари уламо ин фармонро қабул накарданд. Ин таноқузест, ки дар ин баҳс бояд дар хотир дошт. Аз як тараф, русҳо, ки ин сарзаминро забт карданд ва ишғолгар буданд, вале ба фарҳангу дини мардум эҳтиром қоил буданд ва ба арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои мардум имкони будан доданд, аз тарафи дигар мардум дар ин сарзамин аз дасти сулолаҳои туркӣ–муғулӣ ба дод омада буд, зеро набудани сиёсат, фасод ва ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллӣ барои будани ин арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳо имкони будан намедоданд. Ҳамин тариқ мардуми минтақа бо он, ки ҳукмронии русҳоро намеписандид, вале навовариҳоро, ки зиндагии онҳоро дигар мекард қабулдор буданд. Инҷо гуфтаниам, ки то инқилоби болшевикӣ ҳам дар ин минтақа имкони огоҳии фарҳангӣ, озодии сиёсии мардум, ба хусус тоҷикон вуҷуд дошт.
Гуфтаниам, ки ҳамаи мардум аз Одина, Дохунда ва Ғуломон иборат набуданд. Ин ки дар ин минтақа, ба хусус дар Бухорои шарқӣ адолати иҷтимоӣ набуд, мардум камбағал буданд, ҷаҳл ва хушунат ҳукмрон буд, тақсири ин мардум набуд, балки тақсири турктозиҳои зиёд ва ҳукуматдороне буд, ки фикри созанда надоштанд ва аз сиёсат дур монда буданд. Тақсири ин сулолаҳо буд, ки мардуми минтақа объекти бозиҳои сиёсии русҳо ва инглисҳо гашта буд ва ин бозиҳо то солҳои бистум ва сиюми асри гузашта давом карданд. Ва имрӯз ҳам ин бозиҳо давом доранд.
Гузаштагони мардум вақте як ҳаракати фарҳангии бузургеро бунёд гузошта буданд, ки илм, ирфон, фалсафа, калом ва ғайра дар авҷи инкишофи худ буд ва забони (фарҳанги) онҳо дар ин минтақа ва Ҳинд то омадани ишғолгарони аврупоӣ (русҳо ва инглисҳо) забони илм, адаб ва сиёсат буд. Ин озодмардон, ки бо ишғолгарони болшевик мубориза бурданд, худ намояндаи ҳамин ҳаракати фарҳангӣ, ҳамин номус, одамият, ахлоқ ва ҷавонмардӣ буданд. Ҳукумати Шӯравӣ муҷоҳидини ин мардумро ҷисман нест кард ва инчунин солҳо бо ташвиқоти сахт сирати онҳо ва симои онҳоро дар мағзи фарзандони онҳо воруна намоиш дод. Онҳоро ғоратгар, одамкуш, бефарҳанг ва золим ҷилва доданд. Дар фарқият бо Русияи подшоҳӣ, ки бо дину фарҳангӣ мардуми минтақа коре надошт, болшевикон муҳити фарҳангии онҳоро аз байн бурданд ва арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои созандаи ин мардумро ба ҳошия кӯчониданд. Ҷаҳони нав сохтанд ва ба мактабу кӯчаҳо ва боғҳои мо номҳо ва муҷассамаҳои касонеро, ки ин сарзаминро ишғол карда буданд гузоштанд.
Дуруст аст болшевикон дар ибтидо аслан миллат надоштанд ва ҳадаф доштанд ҷаҳоне бисозанд ва дар ин раванд торихи ин мардум ва фарҳанги онҳоро аз элаки идеулужии ленинӣ–морксистӣ гузарониданд. Вале баъдан миллатгароии русӣ дар вуҷуди ҳизби коммунист инкишоф ёфт, мақсад доштанд ҳама фарҳангҳо (забонҳо)–ро дар фазои ягонаи сотсиалистӣ, ки аслан фарҳанги русӣ-аврупоӣ буд таҷзия карда бошанд ва то куҷое муваффақ ҳам шуданд. Бо вуҷуди ин ки тасмимгирон дар Маскав буданд ва фармону маъниҳо аз он ҷо меомаданд арзишҳо, назарияҳои суннатии мардум ба воситаи забон (фарҳанг), маросимҳо, сарчашмаҳои адабӣ ҳанӯз ҳам дар сохтмони ҳаёти мардум нақши муайянкунанда мебозиданд.
Дар таркибҳои фарҳанг ва ҷомеаи Шӯравӣ ҳувияти миллии тоҷик акнун дошт шакл мегирифт. Бешак осори устод Айнӣ, Ғафуров, Шакурӣ, Масов, Акбар Турсон, Мӯъмин Қаноат, Диноршоев, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Тоҳир Абдуҷаббор, Худоназаров ва садҳо нафар зиёӣ, шоиру нависандагони тоҷик берун аз ҳудуди идеулужии морксистӣ дар сохтмони фазои худшиносии тоҷик ва шинохти истиқлол нақши ҳалкунанда бозида буд. Мутаассифона ҳанӯз ин фазо ҳамаро фаро нагирифта буд. Аз сӯи дигар ин сиёсати болшевикӣ дар ин сарзамин, чун дар ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ мардуми ба истилоҳи Айтматуф “манқурт”-ро шакл дода буд ва ин беҳтарин тасвири инсонҳои бемоя, беирода ва бехудӣ буд. Ҳамин гуна инсонҳоро дар солҳои навадум дар ин мамлакат мансабталабон хуб истифода бурданд, то гурӯҳҳое ба таври даҳшатбор якдигарро кушта бошанд. Ба хусус номенклатураи коммунистии тоҷик, ки ғуломони Маскав буданд ва ҳамчунин ғулом монданд, дар ташкили ин кор фаъол буданд. Албатта дар ин муддат”хоҷа” арзишҳо, шиорҳо, ному ҳизби худро дигар кард ва ғуломон ҳам ҳамин корро такрор карданд.
Ин раванд аст, ки ин мардум ҳанӯз озодиро дар вуҷуди худ нашинохт, ҳатто баъди пош хӯрдани Шӯравии собиқ онҳоро “ба озод будан маҷбур карданд”. Ҳарфи президенти собиқ (Абду)Pаҳмон Набиев “истиқлол мисли тарошаи аз бом афтода болои сарамон афтод” дар ҳамин давра гуфта шуда буд. Ин аст, ки қавми баъдан ба мансаб расида, (на қударт, зеро қудрат ҳанӯз ҳам дар дасти дигарон буд ва ҳаст), ба ҷои истиқлолро мустаҳкам кардан, дар хидмати дигарон камар бастанд ва ба истеҳсоли одинаву дохундаҳои нав бо исми нави “Равшану Ҷумшуд” машғул шуданд.
Мардуме, ки воқеан дар пайи сохтани ҷаҳони мустақил ва озодӣ худанд, аз он чи гузашт меомӯзанд ва арзишҳои хуби ин ҷаҳони аз байн рафтаро дар бунёди ҷаҳони нави худ истифода мекунанд. Аслан мардуме, ки огоҳанд ин нуктаро медонанд, ки воқеан ҳукумати Шӯравӣ ба тоҷикон имкони озод шудан аз зулми сулолаҳои туркии минтақаро, ки ҳамчун сулолаҳои нафси бетарбият шинохта шудаанд, ба вуҷуд овард ва имкон дод, ки бо ном ҳам бошад, давлати худро дошта бошанд. Вале ин маънии инро надорад, ки мардум ҳастии худро фаромӯш кунанд, зеро ҳастии аслии як миллат ин ҳастии сиёсии ӯст ва бунёди сиёсати ҳар миллат воқеияти ҳуқуқии ӯ, яъне номуси ӯст. Агар дирӯз дигарон зери таъсири идеулужии морксистӣ моро ба таърих “дохил карданд”, акнун мо бояд худ тавонем ҳамчун СУБЪЕКТИ ФАЪОЛ ба таърих дохил шудан.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: