Некӣ ба падару модар – сабаби бахшиши гуноҳон

Адаб

Некӣ ба падару модар – сабаби бахшиши гуноҳон

Марде ҳузури ҳазрати Паёмбар (с) расид ва арз кард:

– Ҳеч кори баде нест, ки накарда бошам, оё роҳи тавба ва бозгашт бароям вуҷуд дорад?

Ҳазраташ (с) фармуд:

– Оё аз падару модарат касе зинда ҳастанд?

Гуфт:

– Бале, падарам зинда аст.

Фармуд:

– Бирав ва ба ӯ некӣ кун…

(Мизонул-ҳикма, боби Бирр-ул-волидайн)

Он чӣ аз ин фармоиши ҳазрати Паёмбар (с) бармеояд ин аст, ки некӣ ба падару модар шӯяндаи тамоми гуноҳон аст. Яъне, агар касе ба волидайни худ некӣ ва аз онҳо хуб муроқибат кунад ва нагузорад дар дами пирӣ озору азият бибинанд, иншоаллоҳ тамоми гуноҳонаш бахшида ва мавриди афви илоҳӣ қарор хоҳад гирифт.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ташаккур ва сипосгузорӣ аз волидайн
Юриши шабонаи пулиси Омрико ба донишҷӯёни мӯътариз дар Вошингтун

Матолиби пурбоздид