Тумос Фридман: “Телавив бо хатари мавҷудиятӣ рӯ ба рӯст”
Таҳлиле аз Тумос Фридман дар New York Times
Сутуннависи рӯзномаи New York Times имрӯз дар мақолае бо ишора ба сиёсатҳои давлати Натонёҳу ва эҳтимоли даргирии режими саҳюнистӣ дар се ҷабҳа, навишт, ки бар сари кор мондани ин давлат, мавҷудияти режими Исроилро таҳдид мекунад.
Тумос Фридман дар ин мақола навишт: “Телавив дар баробари Эрон, абарқудрати минтақа, қарор дорад, ки тавониста Исроилро бо истифода аз муттаҳидон ва нерӯҳои ниёбатиаш, дар тангно қарор диҳад. Дар ҳоли ҳозир, Исроил ҳеч гузинаи низомӣ ё диплумотикӣ дар ихтиёр надорад. Бадтар аз он, Телавив бо чашмандози ҷанг дар се ҷабҳаи Ғазза, Лубнон ва каронаи Бохтарӣ рӯ ба рӯст. Ҳизбуллоҳ, бар хилофи Ҳамос, ба мушакҳои дақиқе муҷаҳҳаз аст, ки метавонад бахшҳои васеъе аз зерсохтҳои Исроил монанди фурудгоҳҳо, бандарҳо, донишгоҳҳо, пойгоҳҳои низомӣ ва нерӯгоҳҳояшро аз байн бибарад.”
Дар идомаи ин матлаби Фридман омадааст:
“Бенёмин Натонёҳу, нахуствазире аст, ки бояд дар қудрат бимонад, то мабодо ба иттиҳоми фасод зиндонӣ нашавад. Ба ҳамин манзур вай давлате бо рости ифротӣ ташкил дод, ки исрор дорад, то нобудии охирин узви Ҳамос бояд дар Ғазза ҷангид ва ҳар гуна мушорикат бо Ташкилоти худгардонро дар идораи Ғаззаи пасоҳамос рад мекунад. Онҳо хоҳони контроли Исроил бар тамоми сарзаминҳои байни рӯди Ӯрдун ва баҳри Медитарона аз ҷумла Ғазза ҳастанд. Аз сӯйи дигар, кобинаи ҷанги Натонёҳу ба далели надоштани барномае барои хотимаи даргирӣ ва ақибнишинӣ аз Ғазза, аз ҳам пошида ва ифротгароён дар давлати эътилофии ӯ ба ҳаракатҳои баъдии худ барои касби қудрат чашм дӯхтаанд.
Ифротиҳои ин давлат садамоти зиёде ворид кардаанд, аммо на раисиҷумҳури Омрико ва на лоббии тарафдори Исроил ва на бисёре аз аъзои Кунгра намедонанд, ки ин давлат то чӣ андоза родикол аст. Дар ҳамин ҳол, Мойк Ҷонсун, раиси маҷлис ва ҳамкорони ҷумҳурихоҳаш тасмим гирифтаанд ба Натонёҳу подош дода ва ифтихори суханронӣ дар нишасти муштарак дар 24 июли Кунграро ба ӯ бидиҳанд. Гарчӣ демукротҳои аршади Сено ва Маҷлиси намояндагон таҳти фишор даъватномаро имзо карданд, аммо ҳадафи эъломнашудаи ин иқдоми ҷумҳурихоҳон эҷоди тафриқа байни демукротҳо ва барангехтани фарёдҳои тавҳиномези демукротҳои чапгаро алайҳи нахуствазири Исроил аст, то дар натиҷа он раъйдиҳандагон ва сарватмандони яҳудии омрикоӣ аз демукротҳо дур шуда ва ба самти Дунолд Тромп мутамойил шаванд.
Бар хилофи пешиниёни худ, ин давлат бо ҳадафи илҳоқи каронаи Бохтарӣ ташкил шуда ва нахустин соли ташкили худро сарфи талош барои аз байн бурдани тавоноии девони олии Исроил дар назорат бар ихтиёроти давлат кард. Натонёҳу ҳамчунин контроли пулис ва маносиби калидии вазорати дифоъро ба нажодпарастон вогузор карда, то контроли шаҳракнишинон бар каронаи Бохтарӣ афзоиш ёбад. Онҳо билофосила иқдом ба сохти бесобиқаи шаҳракҳое дар қалби каронаи Бохтарӣ карданд, то монеъ аз ташкили ҳар гуна кишвари фаластинӣ шаванд.
Ин кобинаи эътилофӣ акнун ба дунболи он аст, ки ҷавонони мазҳабии тундрав маҷбур набошанд дар ин ҷанг дар канори мардон ва занони секулор, ки аз ҳашт моҳ ҷанг хаста шудаанд, хидмат кунанд. Женерол Ҳортси Ҳаловӣ, фармондеҳи Ситоди муштараки артиш, ба тозагӣ ба сарбозони мустақар дар Ғазза гуфт, ки “акнун ниёзи ошкор” ба хидмати сарбози ифротиюни яҳудӣ вуҷуд дорад, то ниёзе ба эъзоми муҷаддади “ҳазорон” нерӯи эҳтиёти ғайри мазҳабӣ набошад. Ба ҳамин далел аст, ки ман бо вожа ба вожа ёддоште, ки Иҳуд Барак, нахуствазири собиқ, панҷшанбеи пеш дар рӯзномаи Ҳоартс навишт, мувофиқам: “Исроил бо ҷиддитарин ва хатарноктарин бӯҳрон” дар таърихи худ мувоҷиҳ аст.” Барак ҳушдор дод, ки агар ба давлати феълӣ иҷоза дода шавад дар қудрат боқӣ бимонад, Исроил на танҳо дар Ғазза гирифтор хоҳад монд, балки ба эҳтимоли зиёд бо ҷанги ҳамаҷониба бо Ҳизбуллоҳ дар шимол, интифозаи севвум дар каронаи Бохтарӣ, даргирӣ бо Ҳусиҳои Яман ва шибҳинизомиёни ироқӣ дар баландиҳои Ҷулон ва албатта бо худи Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Омрикоиҳо бояд нигарони ин мавзӯъ бошанд. Ин нақшае аст, то пойи Омрико барои кӯмак ба Исроил ба ҷанги Ховари Миёна кашида шуда ва орзуи Русия, Чин ва Эрон муҳаққақ шавад.”
New York Times
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: