Иқбол: “Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият”

Таърих

Иқбол: “Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият”

Машоҳир ва номоварон

Иқболи Лоҳурӣ аз дидгоҳи Муртазо Мутаҳҳарӣ

“Дар хориҷ аз ҷаҳони араб бархе муслеҳон, ки битавон онҳоро “қаҳрамон” номид, каму беш зуҳур карданд. Иқболи Лоҳуриро қатъан як қаҳрамони ислоҳгар дар ҷаҳони ислом бояд ба шумор овард, ки андешаҳои ислоҳияш аз марзи кишвари худаш ҳам гузашт. Иқбол имтиёзҳое дорад ва навоқисе:

* Аз ҷумлаи имтиёзҳои Иқбол ин аст, ки фарҳанги Ғарбро мешинохтааст ва бо андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии Ғарб ошноии амиқ доштааст, то он ҷо, ки дар худи Ғарб ба унвони мутафаккир ва як файласуф ба шумор омадааст.

* Дигар ин ки: бо ҳамаи ошноӣ ва шиносоии фарҳанги Ғарб, Ғарбро фоқиди як идеулужии ҷомеъи инсонӣ медонистааст; баръакс мӯътақид будааст, ки мусалмонон танҳо мардуме ҳастанд, ки аз чунин идеулужӣ бархӯрдор ва баҳраманданд. Ба ҳамин далел, Иқбол дар айни даъват ба фарогирии улуму фунуни ғарбӣ, аз ҳар гуна ғарбгароӣ ва шефтагӣ нисбат ба “-изм”-ҳои ғарбӣ мусалмононро барҳазар медошт.

Иқбол мегӯяд: “Мисолигарии Урупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дарнаёмада ва натиҷаи он пайдоиш “ман”-и саргардонест, ки дар миёни демукросиҳои носозгор бо якдигар, ба ҷустуҷӯи “худ” мепардозад, ки кори мунҳасири онҳо баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст. Аз тарафи дигар, мусалмонон молики андешаҳо ва камоли матлубҳои ниҳоии мутлақи мубтанӣ бар ваҳйе мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳанд.”

* Имтиёзи дигари Иқбол ин аст, ки: дар зеҳни худ даргириҳое, ки Муҳаммад Абдуҳ гирифтори онҳо буда доштааст. Яъне ёфтани роҳи ҳалле, ки мусалмонон бидуни он ки по рӯи ҳукм ё асле аз усули ислом бигузоранд, мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии замони худро ҳал кунанд. Аз ин рӯ, дар бораи масоиле аз қабили иҷтиҳод, иҷмоъ ва амсоли инҳо зиёд меандешидааст. Иқбол иҷтиҳодро мутури ҳаракати ислом мешуморад.

* Аз ҷумлаи имтиёзҳои Иқбол ин аст, ки: бар хилофи соири парваришёфтагони фарҳанги Ғарб шахсан маънавиятгаро аст ва аз буъди руҳии ирфонӣ ва ишроқии нерӯманде бархӯрдор аст. Аз ин рӯ, барои ибодат ва зикр ва фикр ва муроқиба ва муҳосибаи нафс ва билохира сайру сулук ва маънавият ва он чи имрӯз онро “дарунгароӣ” мехонанд ва аҳёнан тахтиъа менамоянд, арзиши фаровон қоил аст ва аз ҷумлаи масоиле, ки дар “Эҳёи фикри динӣ” тарҳ мекунад, ин масоил аст. Иқбол эҳёи фикри диниро бидуни эҳёи маънавияти исломӣ бефоида мешуморад.

* Имтиёзи дигари ӯ ин аст, ки танҳо марди андеша набуда, марди амал ва мубориза ҳам будааст, амалан бо истеъмор даргирӣ доштааст. Иқбол яке аз поягузорон ва муассисони кишвари исломии Покистон аст.

* Имтиёзи дигари Иқбол қудрати шоирии ӯст; қудрате, ки дар хидмати аҳдофи исломии ӯ қарор гирифтааст. Сурудҳои инқилобии Иқбол ҳамчунон асари ҳамосаофарин ва ҳаяҷоновари худро ҳифз кардааст…”

(Наҳзатҳои исломӣ дар сад соли ахир, сафҳаи 49-51)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ
Таърихчаи мухтасаре аз як риёзидони эронӣ

Матолиби пурбоздид