Муноҷоти Имом Ҳусейн(а)

Фарҳанг

Муноҷоти Имом Ҳусейн(а)

Худои ман!

Хондамат, посухам гуфтӣ.

Аз ту хостам, атоям кардӣ.

Ба сӯйи ту омадам, оғӯши раҳмат кушодӣ.

Ба ту такя кардам, наҷотам додӣ.

Ба ту паноҳ овардам, кифоятам кардӣ.

Худоё!

Аз хаймагоҳи раҳматат берунамон макун!

Аз остони меҳрат навмедамон масоз!

Орзуҳо ва интизорҳоямонро ба ҳирмон макашон!

Аз даргоҳи хешат моро марон!

Эй Худои меҳрубон!

Бар ман рӯзии ҳалолатро вусъат бибахш!

Ва ҷисму динамро саломат бидор!

Ва хавфу ваҳшатамро ба оромиш ва амният мубаддал кун!

Ва аз оташи ҷаҳаннам раҳоям соз!

(Фарозе аз муноҷоти Имом Ҳусейн(а))

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: Омрико мехоҳад Арабистонро дар набарди мо бо режими саҳюнистӣ даргир кунад
Эрдуғон: “Ҳар лаҳза мумкин аст аз Башшор Асад даъват кунем”

Матолиби пурбоздид