Пизишкиён хитоб ба Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳимоят аз муқовамат бо қудрат идома хоҳад дошт!”

Пизишкиён хитоб ба Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳимоят аз муқовамат бо қудрат идома хоҳад дошт!”

Ахбори байналмилал

Irna

Раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон, дар паёме хитоб ба дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо таъкид бар ин ки ҳимоят аз муқовамат бо қудрат идома хоҳад дошт гуфт:

“Ҷунбишҳои муқовамат иҷозаи идомаи сиёсатҳои ҷинояткоронаи режими номашрӯъи саҳюнистиро нахоҳанд дод.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаби Эрон, дар паёме хитоб ба дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон навишт:

“Бо салом ва бо ташаккури фаровон, паёми арзишманд ва муҳаббатомези ҷаноби олӣ дар пайи интихоби инҷониб ба унвони раисиҷумҳури исломии Эронро дарёфт кардам.”

Дар идомаи ин паём омадааст:

“Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора пуштибони муқовамати мардуми минтақа дар муқобили режими номашрӯъи саҳюнистӣ будааст. Ҳимоят аз муқовамат реша дар сиёсатҳои усулии низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ормонҳои Имоми роҳил (р) ва раҳнамудҳои мақоми муъаззами раҳбарӣ дома зиллуҳул ъолӣ дошта ва бо қудрат идома хоҳад дошт.”

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон таъкид кард:

“Итминон дорам, ҷунбишҳои муқовамат дар минтақа иҷоза нахоҳанд дод ин режим ба сиёсатҳои ҷангафрӯзона ва ҷинояткоронаи худ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ва дигар миллатҳои минтақа идома диҳад.”

Пизишкиён дар ин паём овардааст:

“Аз дуоҳои холисонаи ҷаноби олӣ барои инҷониб сипосгузорам ва аз Худованди Мутаъол барои ҷаноби олӣ мазиди иззат ва сарафрозӣ, барои мардуми Лубнон саодат ва пешрафт ва барои муҷоҳидини қаҳрамони муқовамат нусрати илоҳӣ масъалат мекунам.”

Irna

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳодисаи Карбало (2)
Ҳамос ба Пизишкиён табрик гуфт

Матолиби пурбоздид