Эъломи омодагии Ансоруллоҳ барои ҷанги тӯлонӣ
Ансоруллоҳ: “Мо бо инояти Худованди Мутаол таҷҳизоти лозимро барои ҷанги тӯлонӣ бо ин саҳюнистҳо то таваққуфи таҷовуз ва рафъи муҳосира аз миллати Фаластин омода кардаем”
Ахбори байналмилал
Masirahtv
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки ин кишвар ба ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба бандари Алҳадидаи Яман посух хоҳад дод.
Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки душмани саҳюнист дар чандин ҳамлаи ҳавоӣ нерӯгоҳи барқ, бандар ва махозини сӯхти устони Алҳадидаи Яманро, ки ҳамагӣ аҳдофи ғайринизомӣ ҳастанд ҳадаф қарор додааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман идома дод: “Мо ба ин таҷовузи ошкори Исроил вокуниш нишон хоҳем дод ва дар ҳадаф қарор додани аҳдофи ҳаётии душман, тардид ба худ роҳ нахоҳем дод.”
Сареъ афзуд: “Мо бар баёнияҳои пешин худ мабнӣ бар ин ки минтақаи ишғолии Ёфо (Телавив) ноамн ба шумор хоҳад омад таъкид мекунем. Мо бар идомаи амалиёти ҳимоятии худ аз бародаронамон дар Ғазза бо ҳар паёмад ва натиҷае таъкид мекунем.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: “Мо бо инояти Худованди Мутаол таҷҳизоти лозимро барои ҷанги тӯлонӣ бо ин душман то таваққуфи таҷовуз ва рафъи муҳосира аз миллати Фаластин омода кардаем.”
Masirahtv
Қаламонлайн