Достони марди шомӣ ва Имом Ҳасан(а)

Таърих

Достони марди шомӣ ва Имом Ҳасан(а)

Торихи ислом

Марде аз аҳли Шом гуфт, ман вақте вориди Мадина шудам ва мардеро дидам, ки бар хачире савор аст, зеботар ва хушсалиқатар аз ӯ надида будам… Ман аз он мард хушам омад ва аз шахсе пурсидам: Ин мард кист?

Гуфтанд: Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аст.

Ба маҳзи шунидани номи Алӣ, синаам пур аз кина ва нафрат шуд ва аз ин ки Алӣ ибни Абӯтолиб якчунин фарзанде доштааст буғз мекардам. Ба назди ӯ рафта ва ба ӯ гуфтам: Ту писари Абӯтолиб ҳастӣ?

Фармуд: Ман писари фарзанди ӯям.

Дар ин вақт, ман шурӯъ кардам ба дашноми ӯ ва падараш то ҷойе, ки метавонистам. Ва чун сухани ман тамом шуд, он ҳазрат рӯ ба ман карда, фармуд:

Ба гумонам ту ғариб ва бегонаи ин шаҳр ҳастӣ?

Гуфтам: Оре.

Фармуд:

“Агар ниёзманди ҷой ва манзиле ҳастӣ, ба ту манзил диҳем ва агар ниёз ба моле дорӣ, ба ту мол бидиҳем ва агар ниёзи дигаре дорӣ, кӯмакат кунем?!”

Марди шомӣ гӯяд:

“Ман аз назди он ҳазрат рафтам дар ҳоле, ки аҳаде дар рӯйи замин назди ман аз вай маҳбубтар набуд”.

(Алкомил фил-луғати вал-адаб, 2/5, Ашшомила)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маҳкумияти ҳамлаи Исроил ба Алҳадидаи Яман
Эъломи омодагии Ансоруллоҳ барои ҷанги тӯлонӣ

Матолиби пурбоздид