Равиши мухолифон бо Паёмбар (с)
Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:
“Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо саҳоба нишаста буд.
Кофирон эътироз оғоз карданд.
Фармуд, ки: Охир шумо ҳама муттафиқед, ки дар олам яке ҳаст, ки соҳиби ваҳй ӯст, ваҳй бар ӯ фурӯ меояд, бар ҳар касе фурӯ намеояд. Ва он касро аломатҳо ва нишонҳо бошад; дар феълаш, дар қавлаш, дар симояш, дар ҳама аҷзои ӯ нишон ва аломати он бошад. Акнун чун он нишонҳоро дидед, рӯй ба вай оред ва ӯро қавӣ гиред, то дастгири шумо бошад.
Эшон (кофирон) ҳама маҳҷуҷ (мағлуб) мешуданд… даст ба шамшер мезаданд ва низ меомаданд ва саҳобаро меранҷониданд ва мезаданд ва истихфофҳо (сабук ва хор шумурдан) мекарданд.
Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд, ки сабр кунед, то нагӯянд, ки бар мо ғолиб шуданд (ва) ба ғалаба хоҳанд, ки динро зоҳир кунанд. Худо ин динро хоҳад зоҳир кардан…”
(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.221)
Қаламонлайн