Даҳ гуфтор – 11
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши ёздаҳум
Пайдоиши ахборигарӣ дар шиа
Дар ин ҷо як ҷараёни муҳим ва хатарнокеро, ки дар олами ташайюъ дар чаҳор қарн пеш тақрибан, дар мавзӯи иҷтиҳод пайдо шуд, бояд зикр кунам ва он, мавзӯъи ”ахборигарӣ” аст. Ва агар гурӯҳе аз уламои мубарраз ва далер набуданд ва ҷилави ин ҷараён намеистоданд ва онро намекӯбиданд маълум набуд, ки имрӯз чӣ вазъе доштем.
Мактаби ахборигарӣ беш аз чаҳор қарн аз умраш намегузарад. Муассиси ин мактаб мардест ба номи Мулло Амини Астарободӣ, ки шахсан марди боҳуше буда ва атбоъи зиёде аз уламои шиъа пайдо кард. Худи ахбориҳо муддаӣ ҳастанд, ки қудамои шиъа то замони Садуқ, ҳама маслаки ахборӣ доштанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки ахборигарӣ ба сурати як мактаб бо як силсила усули муайян, ки мункири ҳуҷҷияти ақл бошад ва ҳамчунин ҳуҷҷият ва санадияти Қуръонро ба баҳонаи ин ки фаҳми Қуръон махсуси аҳли байти пайғамбар аст ва вазифаи мо руҷӯъ ба аҳодиси аҳли байт аст мункир шавад ва ҳамчунин бигӯяд, иҷмоъ, бидъати аҳли тасаннун аст, пас аз далелҳои арбаъа яъне китоб, суннат, иҷмоъ ва ақл, танҳо суннат ҳуҷҷат аст ва ҳамчунин муддаъӣ шавад, ки ҳамаи ахборе, ки дар китобҳои арбаъа яъне “Кофӣ” ва ”Ман ло яҳзурул-фақиҳ” ва ”Таҳзиб” ва “Истибсор“ омада саҳеҳ ва мӯътабар, балки қатъиюссудур аст, хулоса, мактабе бо ин усул, пеш аз чаҳор қарн пеш вуҷуд надоштааст.
Шайх Тӯcӣ дар китоб “Уддат-ул-усул” аз гурӯҳе аз қудамо ба унвони ”муқаллида“ ёд мекунад ва интиқод менамояд, вале онҳо мактабе аз худ надоштаанд. Иллати ин ки Шайх онҳоро муқаллида мехонад ин аст, ки дар усули дин ҳам ба ахбор истидлол кардаанд.
Ба ҳар ҳол, мактаби ахборигарӣ зидди мактаби иҷтиҳод ва тақлид аст. Он аҳлият ва салоҳият ва тахассуси фаннӣ, ки муҷтаҳидин қоиланд, ӯ мункир аст, тақлиди ғайри маъсумро ҳаром медонад. Ба ҳукми ин мактаб чун ҳуҷҷат ва санад, мунҳасир ба аҳодис аст ва ҳаққи иҷтиҳод ва эъмоли назар ҳам нест, мардум муваззафанд мустақиман ба мутун муроҷеа кунанд ва ба онҳо амал намоянд ва ҳеч олимеро ба унвони муҷтаҳид ва марҷаъи тақлид восита қарор надиҳанд.
Мулло Амини Астарободӣ, ки муассиси ин мактаб аст ва шахсан марде боҳуш ва мутолеакарда ва мусофиратрафта буд, китобе дорад ба номи ”Ал-фавоид ал-мадания”. Дар он китоб бо сарсахтии аҷибе ба ҷанги муҷтаҳидин омада. Махсусан саъй дорад, ки ҳуҷҷияти ақлро мункир шавад. Муддаъӣ аст, ки ақл фақат дар умуре, ки мабдаъи ҳиссӣ доранд ё қариб ба маҳсусот мебошанд (мисли риёзиёт) ҳуҷҷат аст. Дар ғайри инҳо ҳуҷҷат нест.
Аз қазо, ин фикр тақрибан муқорин аст бо пайдоиши фалсафаи ҳиссӣ дар Урупо. Онҳо дар улум ҳуҷҷияти ақлро мункир шуданд ва ин мард дар дин мункир шуд. Ҳоло ин фикрро ин мард аз куҷо овард? Оё ибтикори худаш буд ё аз касе дигар гирифта? Маълум нест.
Ёдам ҳаст, дар тобистони соли 1322 шамсӣ (1943 мелодӣ), ки Буруҷерд рафта будам ва он вақт ҳанӯз марҳум Оятуллоҳ Буруҷердӣ (аълаллоҳу мақомаҳу!) дар Буруҷерд буданд ва ба Қум наомада буданд, як рӯз сухан аз ҳамин фикри ахбориҳо шуд. Эшон дар зимни интиқод аз ин фикр, фармуданд, ки пайдоиши ин фикр дар миёни ахбориҳо асари мавҷи фалсафаи ҳиссӣ буд, ки дар Урупо пайдо шуд. Инро ман он вақт аз эшон шунидам, баъд, ки ба Қум омаданд ва дарси усули эшон ба ин мабҳас, яъне мабҳаси ҳуҷҷияти қатъ расид, ман интизор доштам дубора ин матлабро аз эшон бишнавам, вале мутаассифона чизе нагуфтанд. Алъон намедонам, ки ин фақат ҳадсе буд, ки эшон иброз медоштанд ё мадраке доштанд, ман худам то кунун ба мадраке барнахӯрдаам ва бисёр баъид медонам, ки ин фикри ҳиссӣ дар он вақт аз ғарб ба шарқ омада бошад. Вале аз тарафи дигар эшон ҳам бемадрак сухан намегуфтанд. Акнун мутаассифам, ки чаро аз эшон истифсор накардам.
Мубориза бо ахборигарӣ
Ба ҳар ҳол, ахборигарӣ неҳзате буд бар зиддияти ақл. Ҷумуд ва хушкии аҷибе бар ин маслак ҳукмфармост. Хушбахтона афроди рашиде монанди Ваҳиди Беҳбаҳонӣ маъруф ба “Оқо”, ки оқоёни Оли Оқо аз насли эшон ҳастанд ва шогирдони эшон ва баъд марҳум Ҳоҷӣ Шайх Муртазо Ансорӣ (Аълаллоҳу мақомаҳу!) бо ин маслак мубориза карданд.
Ваҳиди Беҳбаҳонӣ дар Карбало буд. Дар он вақт соҳиби “Ҳадоиқ “ҳам, ки ахбории мутабаҳҳире аст, дар Карбало буд ва ҳар ду ҳавза дарс доштанд. Ваҳид маслаки иҷтиҳод дошт ва соҳиби “Ҳадоиқ” маслаки ахборӣ ва қаҳран муборизаи сахте буд. Билохира Ваҳиди Беҳбаҳонӣ соҳиби “Ҳадоиқ”-ро шикаст дод. Мегӯянд, шогирдҳои мубаррази Ваҳиди Беҳбаҳонӣ аз қабили Кошифулғито ва Баҳрулулум ва Сайидмаҳдии Шаҳристонӣ, ҳама, аввал шогирди соҳиби “Ҳадоиқ” буданд ва баъд омаданд ба дарси Ваҳид ва дарси соҳиби Ҳадоиқро тарк карданд.
Вале албатта соҳиби “Ҳадоиқ” як ахбории мулоиме аст, худаш муддаъӣ аст, ки маслаки ӯ бо маслаки марҳуми Маҷлисӣ яке аст, мутавассит байни ахборӣ ва усулӣ аст, ба илова марде муттақӣ ва Худотарс ва боимон буда, бо ҳамаи ин ки Ваҳиди Беҳбаҳонӣ бо шиддат бо ӯ мубориза кард ва намози ҷамоат хондан бо ӯро манъ кард, ӯ баръакс мегуфт, намози ҷамоат бо оқои Ваҳид саҳеҳ аст ва мегӯянд, вақти мурдан васият кард, ки намози майити ӯро Ваҳиди Беҳбаҳонӣ бихонад.
Муборизаи Шайх Ансорӣ аз ин ҷиҳат буд, ки як пайрезии мутқане барои илми усули фиқҳ кард, ки мегӯянд, худаш мегуфт, агар Амини Астарободӣ зинда буд, усули манро мепазируфт.
Албатта мактаби ахборӣ дар асари ин муқоваматҳо шикаст хӯрд ва алъон ҷуз дар гӯшаву канорҳо пайравоне надорад, вале ҳамаи афкори ахборигарӣ, ки ба суръат ва шиддат баъд аз пайдоиши Мулло Амин дар мағзҳо нуфуз кард ва дар ҳудуди 200 сол каму беш сиёдат кард, аз мағзҳо берун нарафта, алъон ҳам мебинед хелеҳо тафсири Қуръонро агар ҳадисе дар кор набошад, ҷоиз намедонанд. Ҷумуди ахборигарӣ дар бисёре аз масоили ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва балки порае масоили фиқҳӣ ҳанӯз ҳам ҳукумат мекунад. Феълан маҷоли шарҳу баст нест.
Як чиз, ки боиси рушду нуфузи тарзи фикри ахборӣ дар миёни мардуми авом мешавад, он ҷанбаи ҳақ ба ҷониби авомписандӣ аст, ки дорад, зеро сурати ҳарф ин аст, ки мегӯянд, мо аз худамон ҳарфе надорем, аҳли таъаббуд ва таслим ҳастем, мо ҷуз “қолал-Боқир (а) ва қолас-Содиқ (а)” сухане надорем, аз худамон ҳарф намезанем, ҳарфи маъсумро мегӯем.
Шайх Ансорӣ дар “Фароидул-усул”, мабҳаси бароат ва эҳтиёт, аз Сайид Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ, ки маслаки ахборӣ дорад нақл мекунад, ки мегӯяд: “Оё ҳеч оқиле эҳтимол медиҳад, ки дар рӯзи қиёмат як бандае аз бандагони Худоро (яъне як ахбориро) биёваранд ва аз ӯ бипурсанд, ту чӣ гуна амал мекардӣ ва ӯ бигӯяд, ба фармоиши маъсумин амал мекардам ва ҳар ҷо, ки каломи маъсум набуд, эҳтиёт мекардам ва он вақт якҳамчу одамеро бибаранд ба ҷаҳаннам ва аз он тараф як одами лоқайд ва беэътино ба сухани маъсум (яъне як нафар усулӣ ва пайрави маслаки иҷтиҳод)-ро, ки ҳар ҳадисеро ба як баҳона тард мекунад, бибаранд биҳишт! Ҳошо ва калло!”
Ҷавобе, ки муҷтаҳидин медиҳанд ин аст, ки ин гуна таъаббуд ва таслимҳо, таслим ба қавли маъсум нест, таслим ба ҷаҳолат аст. Агар воқеан муҳраз бишавад, ки маъсум сухане гуфта, мо ҳам таслим ҳастем, вале шумо мехоҳед ҷоҳилона ба ҳар чи мешунавед таслим шавед. Дар ин ҷо барои намуна, ки фарқ байни тарзи фикри ҷомиди ахборӣ ва фикри иҷтиҳодӣ маълум шавад, матлаберо, ки ахиран бархӯрдаам зикр мекунам.
Як намуна аз ду тарзи тафаккур
Дар аҳодиси зиёде амр шуда таҳтулҳанак ҳамеша дар зери гулӯ афтода бошад, на дар ҳоли намоз фақат, балки дар ҳамаи аҳвол. Яке аз он аҳодис ин аст:
الفرق بين المؤمنين والمشركين التلحي
Яъне фарқ байни мусалмон ва мушрик таҳтулҳанак дар зери гулӯ андохтан аст.
Иддае ахбориҳо ба ин ҳадис ва амсоли он тамассук карда, мегӯянд: ҳамеша бояд таҳтулҳанак афтода бошад. Вале марҳум Мулло Мӯҳсини Файз бо ин ки ба иҷтиҳод хушбин набуда, дар ”Вофӣ“, боби:
الزي والتجمل
— иҷтиҳоде дорад, мефармояд: дар қадим мушрикин шиоре доштанд, ки таҳтулҳанакро ба боло мебастаанд ва номи ин амалро “иқтиъот” мегузоштаанд. Агар касе ин корро мекард, маънояш ин буд, ки ман ҷузъи онҳо ҳастам. Ин ҳадис дастури мубориза ва адами пайравӣ аз он шиорро медиҳад. Вале имрӯз дигар он шиор аз байн рафта, пас мавзӯе барои ин ҳадис боқӣ нест. Ҳоло баръакс чун ҳама таҳтулҳанакро ба боло мебанданд, агар касе таҳтулҳанакро дар зери чона чарх бидиҳад ҳаром аст, зеро либоси шӯҳрат мешавад ва либоси шӯҳрат ҳаром аст. Дар ин ҷо ҷумуди ахборигарӣ ҳукм мекунад, ки бигӯем, дар матни ин ҳадис дастури таҳтулҳанак андохтан расида ва дигар фузулӣ аст, ки мо дар атрофи он ҳарф бизанем ва назар бидиҳем ва иҷтиҳод кунем. Вале фикри иҷтиҳодӣ мегӯяд, мо ду дастур дорем: яке, дастури эҳтироз аз ашъори мушрикин, ки руҳи мазмуни ин ҳадис аст ва яке, дастури тарки либоси шӯҳрат. Дар айёме, ки он шиор дар дунё мавҷуд буда ва мусалмонҳо аз он шиор эҳтироз мекардаанд, бар ҳама воҷиб буда, ки таҳтулҳанак биандозанд, вале имрӯз, ки он мавзӯъ аз байн рафта ва аз шиор будан хориҷ шуда ва дар амал ҳеч кас таҳтулҳанак намеандозад, агар касе ин корро бикунад, мисдоқи либоси шӯҳрат аст ва ҳаром аст. Ин як намуна буд, ки хостам арз кунам. Амсоли ин зиёд аст.
Аз Ваҳиди Беҳбаҳонӣ нақл шуда, ки фармуд: як вақт ҳилоли моҳи Шаввол ба тавотур собит шуд, ин қадр афроде омаданд ва гуфтанд, мо моҳро дидем, ки барои ман яқин ҳосил шуд, ман ҳукм кардам, ки имрӯз Иди Фитр аст. Яке аз ахбориҳо ба ман эътироз кард, ки ту худат надидаӣ ва ашхоси мусалламуладолае ҳам шаҳодат надодаанд, чаро ҳукм кардӣ? Гуфтам, мутавотир аст ва аз тавотур барои ман яқин пайдо шуд. Гуфт: дар кадом ҳадис ворид шуда, ки тавотур ҳуҷҷат аст?!
Ҳамчунин Ваҳид мегӯяд: ҷумуди ахбориҳо ба ин ҳадд аст, ки агар фаразан маризе рафта бошад пеши яке аз имомон ва он имом ба ӯ фармуда бошад, оби сард бихӯр, ахбориҳо ба ҳамаи маризҳои дунё хоҳанд гуфт, ҳар вақт мариз шудед ва ҳар маразе пайдо кардед, илоҷаш оби сард аст, фикр намекунанд, ки ин дастур махсуси ҳоли он мариз буда, на ҳамаи маризҳо.
Ҳамчунин маъруф аст, ки баъзе ахбориҳо дастур медоданд, ки ба кафани майит шаҳодатайн бинависанд ва ба ин сурат бинависед:
إسماعيل يشهد أن لا إله الا الله
Яъне Исмоил шаҳодат медиҳад ба ваҳдонияти Худо. Ҳол, чаро шаҳодатро ба номи Исмоил бинависанд, зеро дар ҳадис ворид шуда, ки ҳазрати Содиқ (а) дар кафани фарзандашон, Исмоил ба ин иборат навишта буданд.
Ахбориҳо фикр намекарданд, ки дар кафани Исмоил, ки ин тавр менавиштанд чун исми ӯ Исмоил буд. Ҳоло, ки масалан Ҳасанқулибек мурда, чаро исми худашро нанависем ва исми Исмоилро бинависем?! Ахбориҳо мегуфтанд, инҳо дигар иҷтиҳод ва эъмоли назар ва иттико ба ақл аст. Мо аҳли таъаббуд ва таслим ва “қолал-Боқир (а) ва қолас-Содиқ (а)” мебошем, аз пеши худ дахолат намекунем.
Тақлиди мамнӯъ
Аммо тақлид: тақлид бар ду қисм аст: мамнӯъ ва машрӯъ. Як навъ тақлид аст, ки ба маънои пайравии кӯр-кӯрона аз муҳит ва одат аст, ки албатта мамнӯъ аст ва он ҳамон аст, ки дар ояти Қуръон ба ин сурат мазаммат шуда:
إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ
(Сураи Зухруф, ояти 23) (Мо падарони худро бар як роҳе ёфтаем ва худ низ ба осори онон иқтидо мекунем.)
Ин ки гуфтам, тақлид бар ду қисм аст: мамнӯъ ва машрӯъ, мақсуд аз тақлиди мамнӯъ, танҳо ин тақлид, ки тақлиди кӯр-кӯрона аз муҳит ва одати обову аҷдод аст нест, балки мехоҳам бигӯям, ҳамон тақлиди ҷоҳил аз олим ва руҷӯъи оммӣ ба фақеҳ бар ду қисм аст: мамнӯъ ва машрӯъ.
Ахиран аз баъзе мардум, ки дар ҷустуҷӯи марҷаъи тақлид ҳастанд, гоҳе ин калимаро мешунавам, ки мегӯянд, мегардем касеро пайдо кунем, ки он ҷо “сар бисупорем”.
Мехоҳам бигӯям, тақлиде, ки дар ислом дастур расида, “сар супурдан “нест, чашм боз кардан ва чашм боздоштан аст. Тақлид агар шакли “сар супурдан “пайдо кард, ҳазорҳо мафосид пайдо мекунад.
Дар ин ҷо ҳадиси муфассале, ки дар ин замина ҳаст ва навиштаам, барои шумо аз рӯ мехонам. Ҷумлаи маъруфи:
وأما من كان من الفقهاء صائنا لنفسه حافظا لدينه مخالفا علی هواه مطيعا لأمر مولاه فللعوامّ أن يقلّدوه
(Ва аммо ҳар як аз фуқаҳо, ки худдор ва ҳофизи дини худ ва мухолифи ҳавои нафс ва мутеъи фармони мавлои худ бошад, авом ҳаққ доранд аз ӯ тақлид кунанд), ки аз ҷумлаи санадҳои тақлид ва иҷтиҳод аст, ҷузъи ҳамин ҳадис аст ва Шайх Ансорӣ дар бораи ин ҳадис мегӯяд: осори сидқ аз он намоён аст.
Ин ҳадис дар зайли ин ояти карима аст:
وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ الْكِتَابَ إِلَّا أَمَانِيَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ
(Сураи Бақара, ояти 78) Ин оят дар мақоми мазаммати авом ва бесаводони яҳуд аст, ки аз уламо ва пешвоёни дини худ пайравӣ ва тақлид мекарданд ва дунболаи оёте аст, ки равиши нописанди уламои яҳудро зикр мекунад. Мефармояд, як иддаи онҳо ҳамон мардуми бесавод ва нодон буданд, ки аз китоби осмонии худ чизе ҷуз як ришта хаёлот ва орзуҳо намедонистанд ва дунболи гумон ва ваҳм мерафтанд.
Ҳадиси Имом Содиқ (а) дар бораи тақлиди мамнӯъ
Дар зайли ин оят ин ҳадис аст, ки шахсе ба ҳазрати Содиқ (а) арз мекунад, ки авом ва бесаводони яҳуд роҳе надоштанд ҷуз ин ки аз уламои худ ҳар чи мешунаванд қабул кунанд ва пайравӣ намоянд. Агар тақсире ҳаст, мутаваҷҷеҳи уламои яҳуд аст. Чаро Қуръон авомунноси бечораро, ки чизе намедонистанд ва фақат аз уламои худ пайравӣ мекарданд мазаммат мекунад? Чӣ фарқе байни авоми яҳуд ва байни авоми мо ҳаст? Агар тақлид ва пайравии авом аз уламо мазмум аст, пас авоми мо низ, ки аз уламои мо пайравӣ мекунанд, бояд мавриди маломат ва мазаммат қарор гиранд. Агар онҳо намебоист қавли уламои худро бипазиранд, инҳо низ набояд бипазиранд.
Ҳазрат фармуд:
بين عوامّنا وعلمائنا وبين عوامّ اليهود وعلمائهم فرق من جهة وتسوية من جهة: أما من حيث استووا فإن الله قد ذمّ عوامّنا بتقليدهم علمائهم كما قد ذمّ عوامّهم، وأما من حيث افترقوا فلا
Яъне авом ва уламои мо ва авом ва уламои яҳуд аз як ҷиҳат фарқ доранд ва аз як ҷиҳат мисли ҳаманд. Аз он ҷиҳат, ки мисли ҳам мебошанд, Худованд авомро низ ба он навъ тақлид аз уламо мазаммат карда ва аммо аз он ҷиҳат, ки фарқ доранд, на. Он шахс арз кард: ё ибна Расулиллоҳ! Тавзеҳ бидиҳед. Фармуд: авомми яҳуд уламои худро дар амал дида буданд, ки сареҳан дурӯғ мегӯянд, аз ришва парҳез надоранд, аҳком ва қазоҳоро ба хотири рӯдарбоистиҳо ва ришваҳо тағйир медиҳанд, медонистанд, ки дар бораи афрод ва ашхос асабият ба харҷ медиҳанд, ҳуббу буғзи шахсиро дахолат медиҳанд, ҳаққи якеро ба дигаре медиҳанд. Он гоҳ фармуд:
واضطروا بمعارف قلوبهم الی أن من يفعل ما يفعلونه فهو فاسق لا يجوز أن يصدق علی الله ولا علی الوسائط بين الخلق وبين الله
Яъне ба ҳукми илҳомоти фитрии умумӣ, ки Худованд дар сиришти ҳар кас таквинан қарор дода медонистанд, ки ҳар кас, ки чунин аъмоле дошта бошад, набояд қавли ӯро пайравӣ кард, набояд қавли Худо ва пайғамбарони Худоро бо забони ӯ қабул кард.
Дар ин ҷо Имом мехоҳад бифармояд, ки касе нагӯяд, ки авомми яҳуд ин масъаларо намедонистанд, ки набояд ба қавли уламое, ки худашон бар хилофи дастурҳои дин амал мекунанд амал кард.
Зеро ин масъала, масъалае нест, ки касе надонад. Дониши ин масъаларо Худованд дар фитрати ҳамаи афроди башар қарор дода ва ақли ҳама кас инро медонад. Ба истилоҳи аҳли мантиқ, аз ҷумлаи қазоё қиёсотуҳо маъаҳо аст, далелаш бо худаш аст. Касе, ки фалсафаи вуҷудияш покӣ ва таҳорат ва тарки ҳавову ҳавас аст, агар дунболи ҳавову ҳавас ва дунёпарастӣ биравад, ба ҳукми тамоми уқул бояд сухани ӯро нашунид.
Баъд фармуд:
وكذلك عوامّ أمتنا إذا عرفوا من فقهائهم الفسق الظاهر والعصبية الشديدة والتكالب علی حطام الدنيا وحرامها وإهلاك من يتعصبون عليه وإن كان لإصلاح أمره مستحقا وبالترفق بالبر والإحسان علی من تعصبوا له وإن كان للإذلال والإهانة مستحقا، فمن قلدمن عوامّنا مثل هؤلاء فهم مثل اليهود الذين ذمّهم الله بالتقليد لفسقة فقهائهم
Ва ба ҳамин минвол аст ҳоли авомми мо. Инҳо низ агар дар фуқаҳои худ, аъмоли хилоф, таъассуби шадид, тазоҳум бар сари дунё, тарафдорӣ аз тарафдорони худ ҳарчанд носолеҳ бошанд, кӯбидани мухолифини худ ҳарчанд мустаҳиққи эҳсон ва некӣ бошанд, агар ин аъмолро дар онҳо ҳис кунанд ва боз ҳам чашми худро бибанданд ва аз онҳо пайравӣ кунанд, айнан монанди ҳамон авомми яҳуданд ва мавриди мазаммат ва маломат ҳастанд. (Эҳтиҷоҷи Табарсӣ, ҷ.2 с.263, ба нақл аз тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом. Ва ба ҷойи “биттараффуқ“ “биттарафруф“ овардааст.)
Пас маълум мешавад, ки тақлиди мамдӯҳ ва машрӯъ “сар супурдан” ва чашм бастан нест, чашм боз кардан ва муроқиб будан аст ва агар на, масъулият ва ширкат дар ҷурм аст.
Андешаи авоммонаи куррият ва эътисоми уламо
Баъзе аз мардум хаёл мекунанд, ки таъсири гуноҳ дар афрод яксон нест, дар мардуми оддӣ гуноҳ таъсир дорад ва онҳоро аз тақво ва адолат соқит мекунад, вале дар табақаи уламо таъсире надорад, онҳо як навъ “куррият” ва як навъ “эътисом “доранд, назири фарқе, ки байн оби қалил ва оби касир аст, ки оби касир агар ба қадри курр шуд, дигар аз наҷосат мунфаил намешавад, дар сурате, ки ислом барои аҳаде куррият ва эътисом қоил нест, ҳатто барои шахси Пайғамбари Акрам (с). Чаро мегӯяд:
قُلْ إِنِّي أَخَافُ إِنْ عَصَيْتُ رَبِّي عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ
(Сураи Анъом, ояти 15) “Эй Пайғамбар! Бигӯ: худи ман низ агар маъсият кунам, аз азоби рӯзи бузург бимнокам.” Чаро мефармояд:
لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبَطَنَّ عَمَلُكَ
(Сураи Зумар, ояти 65) Агар навъе ширк дар кори ту ворид шавад, амалат табоҳ хоҳад шуд. Ҳамаи инҳо барои ин таълим аст, ки табъизе дар кор нест, куррият ва эътисоме барои аҳаде нест.
Достони Мӯсо ва абди солеҳ, ки дар Қуръони Карим омада, достони аҷибе аст. Як нуктаи бузург, ки аз ин достон истифода мешавад ин аст, ки тобеъ ва пайрав то он ҷо таслими матбӯъ ва пешвост, ки усул ва мабодӣ ва қонун нашиканад ва хароб нашавад. Агар дид, он матбӯъ коре бар хилофи усул ва мабонӣ анҷом медиҳад, наметавонад сукут кунад. Гӯ ин ки дар ин достон, амале, ки абди солеҳ кард, аз назари худи ӯ, ки уфуқи васеътареро медид ва ба ботини мавзӯъ таваҷҷӯҳ дошт, бар хилофи усул набуд, балки айни вазифа ва таклиф буд, вале сухан дар ин аст, ки чаро Мӯсо сабр намекард ва забон ба интиқод мегушуд, бо ин ки ваъда медод ва ба худ талқин мекард, ки эътироз накунад, боз ҳам эътироз ва интиқод мекард. Нақси кори Мӯсо дар эътироз ва интиқод набуд, дар ин буд, ки ба рамзи матлаб ва ботини кор огоҳ набуд. Албатта агар ба рамзи матлаб огоҳ мешуд, эътироз намекард. Ва моил буд, ки бирасад ба рамзи матлаб, вале модоме, ки аз назари ӯ амале бар хилофи усул ва қонуни илоҳӣ аст, имони ӯ ба ӯ иҷоза намедиҳад сукут кунад. Баъзе гуфтаанд, агар то қиёмат амали абди солеҳ такрор мешуд, Мӯсо аз эътироз ва интиқод бознамеистод, магар он ки ба рамзи матлаб огоҳ мешуд. Мӯсо ба ӯ мегӯяд:
هَلْ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰ أَنْ تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمْتَ رُشْدًا
Яъне оё иҷоза медиҳӣ аз ту пайравӣ кунам, то маро таълим кунӣ? Ӯ мегӯяд:
إِنَّكَ لَنْ تَسْتَطِيعَ مَعِيَ صَبْرًا
Ту нахоҳӣ тавонист дар ҳамроҳ будан бо ман тоқат биёварӣ ва нисбат ба он чи мебинӣ сукут кунӣ. Баъд худи ӯ иллатро ба хубӣ тавзеҳ медиҳад:
وَكَيْفَ تَصْبِرُ عَلَىٰ مَا لَمْ تُحِطْ بِهِ خُبْرًا
Магар ту вақте, ки бибинӣ амале бар хилоф сурат мегирад ва аз сирру рамзи матлаб огоҳ набошӣ, сабр хоҳӣ кард?! Мӯсо гуфт:
سَتَجِدُنِي إِنْ شَاءَ اللَّهُ صَابِرًا وَلَا أَعْصِي لَكَ أَمْرًا
Умедворам агар Худо бихоҳад сабр кунам ва амри туро мухолифат накунам. Мӯсо нагуфт, чӣ ба рамзи матлаб пай бибарам ва чӣ набарам, сабр хоҳам кард, ҳамин қадр гуфт, умедворам ин таҳаммул дар ман пайдо шавад. Албатта ин таҳаммул он вақт барои Мӯсо пайдо мешавад, ки аз рамзи матлаб огоҳ гардад. Баъд ӯ хост сареҳтар аз Мӯсо қавл бигирад, ки ҳатто агар ба рамзи матлаб ҳам пай набарӣ сукут кун ва эътироз накун, то вақте, ки мавқеъаш бирасад, худам тавзеҳ диҳам:
قَالَ فَإِنِ اتَّبَعْتَنِي فَلَا تَسْأَلْنِي عَنْ شَيْءٍ حَتَّىٰ أُحْدِثَ لَكَ مِنْهُ ذِكْرًا
Яъне агар дунболи ман омадӣ, ҳар чи дидӣ сукут кун, баъд ман худам тавзеҳ медиҳам. Дар ин ҷо дигар ояти карима надорад, ки Мӯсо пазируфт. Дар оят ҳамин қадр дорад, ки баъд бо ҳам роҳ афтоданд ва рафтанд, то охири достон, ки каму беш ҳама шунидаед.
Ба ҳар ҳол, хостам арз карда бошам, ки тақлиди ҷоҳил аз олим, сарсупурдагӣ нест. Тақлиди мамнӯъи ҷоҳил аз олим ҳамон аст, ки шакли сарсупурдагӣ пайдо кунад ва ба сурати “ҷоҳилро бар олим баҳсе нест, мо дигар намефаҳмем, шояд таклифи шаръӣ чунину чунон иқтизо карда бошад” ва амсоли инҳо адо мешавад.
Ин достонро ба унвони шоҳид ва таъйиде бар матлаби он ҳадиси Имом Содиқ (а) арз кардам.
Идома дорад…
Қаламонлай