Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ҷанги минтақаӣ дар Ховари Миёна

Таҳлили хабарӣ

 

 

Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ҷанги минтақаӣ дар Ховари Миёна

Таҳлиле дар нашрияи Los Angeles Times

Иқдоми ахири Исроил дар мунфаҷир кардани ҳазорон пейҷер дар Лубнон, маҷмӯае аз танишҳоро ба дунбол дошт, ки дар навъи худ, танҳо дар як рӯз, маргбортарин ҳамлаи Исроил ба Лубнон дар тайи ҳудудан ду даҳаи ахирро ба сабт расондааст.

Бо ин ҳол, дар шароите, ки бисёре аз сиёсатмадорон ва таҳлилгарон ва расонаҳои ғарбӣ мутамаркиз бар ҳамлаи пейҷерии ахири Исроил ба Лубнон буданд ва гӯӣ як филми ҳаяҷоновари синамоиро тамошо мекарданд, то ҳадди зиёде нисбат ба ваҳшате, ки ба ғайринизомиёни лубнонӣ ворид шуд ва онҳоро дар ҳайрат фурӯ бурд, беэътиноӣ сурат гирифт. Лубнон кишваре аст, ки солҳо аз ҷанг ва ҷароҳатҳои мухталиф ранҷ бурдааст. Дар ин робита ба таври хосс метавон ба бӯҳрони иқтисодии ин кишвар ва ё инфиҷори бандари Бейрут дар соли 2020 ишора кард.

Пейҷерҳо ва васоили иртиботӣ, ки зоҳиран қабл аз расидан ба дасти Ҳизбуллоҳи Лубнон бомбгузорӣ шуда буданд, мӯҷиби кушта шудани 37 нафар ва захмӣ шудани беш аз 3 ҳазор тани дигар шуданд. Ин инфиҷорҳо бо ташдиди танишҳо аз сӯйи Исроил алайҳи Лубнон дар рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳамроҳ шуданд. Замоне, ки нерӯҳои исроилӣ сангинтарин ҳамалотро дар ҷараёни як соли гузашта ба ҷануби Лубнон анҷом доданд.

Рӯзи баъд, як ҳамлаи ҳавоии Исроил алайҳи Бейрут, мӯҷиби кушта шудани дастикам 45 нафар шуд, ки дар миёни онҳо се кӯдак низ вуҷуд доштааст ва албатта, ки садҳо тани дигар ҳам захмӣ шуданд. Дар ҷараёни ин ҳамла, 2 фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳи Лубнон ва 12 нафар аз дигар нерӯҳои ин ҷунбиш, ки зоҳиран дар ҳоли баргузории як ҷаласаи муҳим буданд кушта шуданд.

Шанбеи гузашта, Ҳизбуллоҳи Лубнон даҳҳо рокетро ба самти шимоли Исроил шиллик кард ва Телавив ҳам ҳудудан 300 ҳамлаи ҳавоиро ба ҷануби Лубнон анҷом дод ва таъкид кард, ки ба мавозеъи муқовамати Лубнон юриш бурдааст. Ҳизбуллоҳи Лубнон бо рокетҳои худ манотиқи бештареро дар умқи Исроил ҳадаф қарор додааст; манотиқе, ки аз замони оғози ҷанги Ғазза онҳоро ҳадаф қарор надода буд.

Душанбеи гузашта ҳам, Исроил бо ташдиди ҳамалоти ҳавоии худ ба Лубнон, мӯҷиби кушта шудани беш аз 350 лубнонӣ ва захмӣ шудани беш аз 1200 тани дигар шуд. Мавзӯе, ки ба эътирофи мақомҳои лубнонӣ, бештарин талафоти ғайринизомиёни лубнонӣ дар мувоҷеҳа бо нерӯҳои исроилӣ аз соли 2006 маҳсуб мешавад.

Ҳар ҳамла ва зидди ҳамлае, ки миёни Лубнон ва Исроил рух медиҳад, ин рискро тақвият мекунад, ки ҷанги Ғазза метавонад абъоди густардатареро дар сатҳи минтақа пайдо кунад ва ба Лубнон ва дигар кишварҳои минтақа низ сироят кунад. Як ҷанги тамомаёр миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, абъоди ба маротиб густурдатаре дар қиёс бо ҷанги ду тараф дар соли 2006 хоҳад дошт. Ин ҷанг метавонад раванди даргириҳои минтақаиро ба шиддат афзоиш диҳад ва Исроил ва Омрикоро алайҳи Эрон ва дигар муттаҳидони он дар Лубнон, Ироқ, Сурия, Яман ва соири кишварҳо, вориди ҷанге густарда кунад.

Давлати Бойден ва дастёрони аршади раисиҷумҳури Омрико борҳо ва борҳо дар тайи моҳҳои ахир нисбат ба густариши ҷанги Ғазза ба Лубнон ва дигар кишварҳо ибрози нигаронӣ кардаанд. Ҳизбуллоҳи Лубнон аз рӯзи баъд аз иҷрои амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо», шиллики мушак ва паҳпод ба манотиқи шимолии Исроилро бо ҳадафи ҳимоят аз миллат ва муқовамати Фаластин оғоз кард. Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ин раҳгузар саъй дошта, то монеъ аз тамаркузи тамомаёри артиши Исроил ба Ғазза ва ташдиди ҷиноёти он алайҳи мардуми ин минтақа шавад.

Бо ин ҳол, Бойден умдатан талошҳои худро бар имзои як тавофуқи оташбас дар қолаби ҷанги Ғазза қарор додааст. Дар ин замина, вай саъй дошта, то аз аҳруми фишори эътои миллиардҳо доллар кӯмаки молӣ ва таслеҳотӣ ба Исроил истифода кунад ва Телавивро ба самти қабули ин масъала савқ диҳад. Тамоми муттаҳидони Эрон бавежа Ҳизбуллоҳи Лубнон, танишзудоӣ аз ноҳияи худро маътуф ба имзои тавофуқи оташбас дар ҷанги Ғазза кардаанд.

Дар тайи 11 моҳи ахир, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва нерӯҳои исроилӣ тақрибан ба сурати рӯзона иқдом ба табодули оташ дар ҷавори марзҳои муштараки худ кардаанд. Бо ин ҳол, Ҳизбуллоҳ то кунун аз анҷоми ҳамалоти мушакии густарда, ки мунҷар ба як даргирии бузург шавад худдорӣ кардааст. Рӯйкарде, ки онро ба тозагӣ канор гузошта ва акнун ҳамалоти густарда ва васеъеро ба умқи Исроил анҷом медиҳад.

Иқдомоти ахири Исроил дар қолаби мунфаҷир кардани пейҷерҳо ва дигар васоили иртиботӣ ва электронӣ, ки эҳтимолан метавон онҳоро дар зумраи ҷиноят алайҳи башарият низ ба ҳисоб овард, то ҳадди зиёде таниш ва даргириҳоро афзоиш додаанд. Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамвора таъкид доштаанд, ки набояд аз васоиле, ки мавриди истифодаи ғайринизомиён аст, истифодаи низомӣ шавад. Исроил бо ҳамалоти пейҷерии ахири худ шумори қобили таваҷҷӯҳеро маълул кард ва мӯҷиби кушта шудани чанд инсон низ шуд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе пас аз мавҷи аввали инфиҷорҳои Исроил, ба ин нукта ишора кард, ки пейҷерҳо ва васоили электроние, ки аз сӯйи Исроил ҳадаф қарор гирифтаанд, на фақат аз сӯйи размандагони ин ҷунбиш, балки аз сӯйи афроди ғайринизомӣ низ мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ҳизбуллоҳ на фақат қудратмандтарин гурӯҳи низомӣ дар Лубнон аст, балки ин ҷунбиш қудратмандтарин ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар ҳам маҳсуб мешавад. Ҳизбуллоҳи Лубнон шабакаи густардае аз мадорис, бемористонҳо, суперморкетҳо ва иттиҳодияҳои эътибориро идора мекунад.

Дар тайи ду рӯзи инфиҷорҳои пейҷерӣ ва васоили электронӣ дар Лубнон, садои омбулонсҳоро метавонистед дар ҳар гӯшае дар Бейрут бишнавед. Бемористонҳо ба якбора бо маҷрӯҳони зиёде рӯ ба рӯ шуданд, ки бархе аз онҳо бо ҷароҳатҳое мувоҷеҳ буданд, ки ба кулл, масири зиндагии онҳоро тағйир доданд. Як чашмпизишки лубнонӣ дар гуфтугӯ бо ВВС гуфтааст, ки дар 25 соли ахир дар умри кориаш ҳеч гоҳ маҷбур нашуда буд, бо ин теъдоди зиёд аз маҷрӯҳони чашмӣ рӯ ба рӯ шавад ва ба муолиҷаи онҳо бипардозад.

Онҳое, ки маҷрӯҳ нашуданд, дар ҳамлаи асабии ҷиддӣ дар робита бо ҷанбаҳои оддии зиндагии рӯзмарраи худ рӯ ба рӯ шудаанд. Бархе ба таври хосс ҳатто панелҳои хуршедии муваллиди барқи худро дар Лубнон аз тарси ин ки исроилиҳо онҳоро бомбгузорӣ карда бошад, хомӯш карданд. Дар ҳақиқат, ҳамалоти ахири Исроил сабаб шуданд, то мардум ба ҳама чиз машкук шаванд.

Роҳи ҳалли танишзудоӣ дар сатҳи минтақа танҳо як чиз аст: барқарории оташбас дар ҷанги Ғазза. То замоне, ки давлати Бойден бар пояи ин воқеият ба наҳви ҷиддитар вориди майдон нашавад, Лубнон ва Ховари Миёна ҳамчунон бо хунрезӣ ва ҳарҷу марҷи зиёде рӯ ба рӯ хоҳанд буд.

Los Angeles Times

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иллати густариши сареи ислом
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Телавивро бо мушаки болистики “Фаластин-2” ҳадаф қарор додем”

Матолиби пурбоздид