Худсӯзии хабарнигори омрикоӣ дар ҳимоят аз Ғазза

Худсӯзии хабарнигори омрикоӣ дар ҳимоят аз Ғазза дар наздики Кохи сафед

Байналмилал

Дар тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин, ки рӯзи шанбе дар остонаи яксолагии ҷанги Ғазза наздики Кохи сафед баргузор шуд, яке аз ҳозирон дасти худро ба нишонаи ҳамбастагӣ бо қурбониёни фаластинӣ оташ зад.

Ба гузориши New York Post, як мӯътариз ба ҷанги Ғазза, ки дар расона фаъолият дорад, дар ҷараёни эътирозоти зидди режими саҳюнистӣ, ки дирӯз аср наздики Кохи сафед дар Вошингтун баргузор шуд, иқдом ба худсӯзӣ кард.

Бар асоси ин гузориш, ин аккоси хабарӣ ба номи Сэмюэл Мена худро васати хиёбон оташ мезанад ва дасти чапаш дар оташ месӯзад. Саранҷом пулис ва чанд нафар аз ҳозирон дар тазоҳурот, бо об ва порча оташро хомӯш мекунанд, ӯ сипас фарёд мезанад, ки хабарнигор аст.

Вай дар ёддоште, ки як шаб қабл аз ин рӯйдод дар сайти худ мунташир кард, бетарафии расонаҳои омрикоӣ дар пӯшиши ахбори ҷанг дар Ғаззаро зери суол бурд.

Вай навишт: “Хитоб ба 10 ҳазор кӯдаки Ғазза, ки дар ин даргирӣ дасту пойи худро аз даст додаанд, дасти чапи худро барои шумо медиҳам. Дуо мекунам, ки садои ман битавонад садои шуморо баланд кунад ва лабхандҳои шумо ҳаргиз маҳв нашавад.”

New York Post

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – XY
Эҳдои 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ ба донишомӯзони тоҷик

Матолиби пурбоздид