Ба чӣ меандешам?

Таҳлили хабарӣ

Ба чӣ меандешам?

Азиз Сангин

Мепурсад, БА ЧӢ МЕАНДЕШӢ?

Ба ин меандешам:

Оё мане, ки ҳоло дорам фалсафафурӯшӣ мекунам, аз бобоям, ки як умр сода зисту сода фикр карду сода рафт, оқилтарам?

Оё бузургтарин оқилони дунё, донишмандони тавоно, ихтироъкорони доно… воқеан, аҳли андешаву хирад будаанд, корҳое, ки карданд, воқеан ба манфиати башар будааст ё хайр?

Оё онҳое, ки атомро кашф карданд, интернетро, ҳуши маснӯиро…

Ва ҳамин дирӯз бо пахши як тугма аз фосилаи садҳо километр дурӣ, дар Лубнон беш аз 3000 инсонро ба хоку хун кашиданд…

Ва ин ки сайёраи мо имрӯз месӯзад, нафастанг аст ва сухан аз будан ё нобудӣ, сухан аз фирор ба сайёраҳои дигар аст… гуноҳи кист?

Оё бобои содаи мову шумо, ки дар канори табиат, дар фазои оштӣ ва ҳамзистӣ бо табиат мезист, оқилтар буд ё он ” оқил”-е, ки муҳаррики дизелӣ ихтироъ кард ва сайёраро ба дуду оташ кашид?

Азиз Сангин

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сегафредо
Кишварҳои арабӣ Исроилро дар ҳамла ба Эрон ҳамроҳӣ намекунанд

Матолиби пурбоздид