Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон  – II

Фарҳанг

Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон

Бахши дуввум

Худбинӣ ва худхоҳӣ, решаи ҳамаи гуноҳон бидуни истисно

Посухи як шубҳа

Дар оғоз лозим аст манзур аз худхоҳӣ ва худбинӣ ва инониятро бо забони содда тавзеҳ бидиҳам; зеро маъное, ки аз ин вожа одатан ба зеҳни мо, тоҷикҳо меояд, манзур дар инҷо он нест. Балки мурод аз худхоҳӣ ва иноният ва ман-манӣ, яъне фақат ба фикри худ будан, дӯст доштани ин ки мавриди таваҷҷӯҳ бошед ва ин ки ҳамагон аз шумо таърифу тамҷид кунанд ва ҳеч кас шуморо интиқод ва ё сарзаниш ва маломат накунад, ки агар касе нисбат ба шумо баду бероҳ гуфт, кинаи ӯ дар дил бигиред. Ва ин ки агар коре нописанд ва зишт аз шумо сар зад, ба тавҷеҳи он пардозед ва худро сафед кунед, ки масалан он корро шумо накардаед ва ё манзуратон чизе дигар будааст ва бардошти нодуруст шудааст ва ғайра. Ва ҳамаи ин корҳо ба ин ҷиҳат аст, ки дар назарҳо одаме бисёр идеол ва ороста ба сифатҳо ва камолоти инсонӣ ҷилва кунед. Ин аст худхоҳӣ ва худбинӣ ва ман-манӣ.

Ҳоло, дар ин қисмат аз ёддошт, ба ин пурсиш ва дурусттараш, ба ин шубҳа посух хоҳам дод, ки агар худхоҳӣ ва иноният зишт ва нописанд аст ва инсон бояд аз он дурӣ биҷӯяд, агар чунин аст, пас дар ин сурат, асосан барои чӣ Худованд дар вуҷуди инсон якчунин сифатеро ниҳода?

Ҷавоб ин аст, ки: тамоми сифатҳо ва хислатҳое, ки дар вуҷуди инсонҳо ниҳода шуда, ҳеч як аз онҳо аз реша бад ва нописанд нестанд ва балки хубанд ва инсон бояд чунон офарида мешуд. Балки он чи бад ва зишт дониста шуда, ифрот ва зиёдаравӣ дар онҳост. Ба унвони мисол, мо агар шаҳватпарастиро зишт мешуморем, ба ин ҷиҳат аст, ки чун шаҳватпарастӣ ифрот ва зиёдаравӣ дар омезиши ҷинсӣ ва берун шудан аз ҳадд аст. Вагарна, инсонҳо бояд бо ин ғариза яъне ғаризаи тамоюл ба омезиши ҷинсӣ офарида шаванд. Хулоса, он чи матлуб аз ин сифот аст, ҳадди васати он аст яъне эътидол ва аммо ифроту тафрит дар онҳо нописанд ва зишт аст.

Имом Ғаззолӣ (р) баҳси хубе дар ин робита дорад, ки хулосааш ин аст, ки: дар инсон ҳамон тавре ки сифоти ҳайвонӣ мисли хӯрдан ва омезиши ҷинсӣ ва ҳамчунин сифоти дарандагӣ мисли қатл ва озор расондан ҳаст, ҳамчунин дар ӯ сифоти рубубӣ яъне худоӣ низ ҳаст мисли кибр ва бартариҷӯӣ. Ва ин сарчашма дар руҳи ӯ дорад; руҳе, ки амре илоҳӣ аст:

وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ ۖ قُلِ الرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي

“Ва мепурсанд аз ту дар бораи руҳ, ҷавоб деҳ, ки руҳ аз амри Худост…” (Исро/85) Ва “инсон аз он ҷиҳат, ки амре илоҳӣ (руҳ) дар вуҷуди ӯст, табиатан рубубиятро дӯст медорад… Аз ин рӯ яке аз урафо гуфтааст: дар ботини ҳар инсоне рубубият вуҷуд дорад, ки Фиръавн онро ба сароҳат бар забон овард ва гуфт:

أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَىٰ

“Ман рабби волои шумо ҳастам.” (Нозиъот/24), вале ин имкон барояш фароҳам наёмада, ки онро изҳор бидорад (ба хилофи Фиръавн, ки ин имкон барояш пеш омада)…” Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки одамҳо оқоиро – ки ҳамон рубубият аст – дӯст доранд ва аз бандагӣ ва бардагӣ мутанаффир, “чаро ки бандагӣ мӯҷиби мақҳур шудани нафс аст, вале рубубият бар ҳасби табиат, маҳбуб аст…” (Эҳёу улумид-дин, 3-442)

Оё касе дар ин дунё ҳаст, ки бигӯяд, ман аз бардагӣ ва бандагӣ хушам меояд ва аз озодӣ ва оқоӣ мутанаффирам? На, ҳаргиз! Агар касе бигӯяд, ман аз бардагӣ хушам меояд, ӯро бардахӯяш медонанд ва беруншуда аз сифати фитрии одамӣ.

Хулоса, ба ҳамон далел, ки мо, инсонҳо аз руҳи илоҳӣ ҳастем, дар мо сифоти рубубӣ ва худоӣ ҳаст, ки худхоҳӣ ва худбинӣ ва ман-манӣ реша дар он дорад.

Ҳоло, суол: агар чунин аст, пас барои чӣ аз худхоҳӣ ва худбинӣ ва ман-манӣ ба шиддат наҳй ва ин сифат дар инсон ба бадтарин шакл тақбеҳ шуда ба ҳадде, ки дар ҳадисе қудсӣ омада:

قَالَ اللَّه عزَّ وجلَّ: العِزُّ إِزاري، والكِبْرياءُ رِدَائِي، فَمَنْ يُنَازعُني في واحدٍ منهُما فقَدْ عذَّبتُه

“Худованди Мутаол фармояд: иззат изори ман аст ва бузургӣ ва кибриёӣ ридои ман; касе, ки дар бораи яке аз ин ду бо ман ба низоъ бархезад, ӯро азоб медиҳам.” (Ривояти Муслим) Ва шайтон, ки аз пешгоҳи илоҳӣ ронда шудааст, сабабаш ман-мании ӯ ва инонияти ӯ буда?

Албатта, иноният ва худбинӣ мисли сифоти ҳайвонӣ (монанди хӯрдан ва омезиши ҷинсӣ) нест, ки ҳадди васате барояш тасаввур бишавад, ки писандида бошад. На, ҳаргиз! Балки худхоҳӣ ва иноният мутлақан нописанд аст. Пас, моҷаро чӣ гуна аст?

Иншоаллоҳ, дар қисмати севвум роҷеъ ба ин сӯҳбат хоҳам кард.

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати шаҳодати Яҳё Синвор
Урдуғон дар раъси ҳирами ҳамкории низомии Боку ва Исроил

Матолиби пурбоздид