Ду нафар дар Исроил ба ҷурми ҷосусӣ барои Эрон боздошт шуданд
Ахбори байналмилал
Times of Israel
Як зану шавҳари яҳудӣ дар Исроил ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон дастгир шуданд
Расонаҳои исроилӣ ба нақл аз Созмони амнияти Исроил (Shin Bet), аз дастгирии як зану шавҳар ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон хабар доданд.
Ба гузориши пойгоҳи давлатии исроилии Times of Israel, ин зану шавҳар, ки гуфта шуда аз шаҳри Эллад дар Исроил ҳастанд, маъмур ба ёфтани як қотил аз тарафи корфармоёни эронӣ будаанд.
Дар баёнияи Shin Bet гуфта шудааст, ки Рафаэл ва Лола Қулиевҳо маъмуриятҳои ҷамъоварии иттилоот аз марказҳои амниятӣ ва зерсохтҳо дар Исроил ва ҳамчунин радёбии як мақоми исроилӣ ба қасди осеб ба ӯро анҷом медоданд.
Баёния мегӯяд, ин зану шавҳар тавассути як исроилии озарбойҷонӣ ба хидмат гирифта шуда буданд.
Тибқи иддаои Shin Bet, Рафаэл вазифа дошта марказҳои амниятӣ дар Исроил аз ҷумла мақаррҳои “Мусод”-ро расад кунад ва ҳамчунин иттилоот дар бораи як мақоми муҳимми исроилиро, ки дар Маркази мутолеоти амнияти дохилӣ (INSS) кор мекард, ҷамъоварӣ кунад. Дар чанд маъмурият, ҳамсараш ҳам ба ӯ кӯмак кардааст.
Shin Bet пештар ҳам аз дастгирии 7 нафар бо иддаои ҷосусӣ барои Эрон хабар дода буд.
Додситони режими саҳюнистӣ муддаӣ шуда буд, ки ин 7 мазнун ҳудуди 600 маъмурият аз қабили ҷамъоварии иттилоот дар бораи марказҳои ҳассоси низомӣ, зерсохтӣ ва шиносоии мақомоти муҳимро барои Эрон анҷом додаанд.
Қаламонлайн