Сад соли худогоҳӣ – II

Таърих

Сад соли худогоҳӣ – II

Сайфуллоҳ Муллоҷон

Таваллуди Тоҷикистон ва оғози худшиносии тоҷикон

Тоҷик андар ватани хеш…

То нимаи дуюми соли 1924 дар комиссия тақсимот зикре аз тоҷикону ҳаққи онҳо бурда намешуд. Бар асоси дастури Ленин асосан дар бораи ба ду халқ – туркманҳо ва узбекҳо додани ҷумҳурӣ сухан мерафт. Файзулло Хоҷаев сипас дар ҳамон гузориши таърихии худ (феврали соли 1924) ба масъалаи тоҷикҳо низ пардохт. Ӯ перомуни тоҷикон гуфт, ки “тоҷикон парокандаанд ва на сохтори идории мустақил ва на мактабу маориф бо забони худ доранд. Аз ин рӯ онҳоро бояд дар таркиби Узбакистон мухторият дод”. Ду ҳафта қабл аз ин суханронии Файзулло Хоҷаев рӯзномаи “Туркистон” (моҳи январи соли 1924) дар матлабе истифодаи забони тоҷикиро хилофи роҳи зиндагии дуруст номида, қотеъона навишт, ки “раванди таърих муқобили ин забон аст”, яъне забони асри гузашта ва забони амиру забони дину шариат! Ба тоҷикон ҳам тавсия дода шуд, ки аз баҳри ин забон бароянд. Дар ҳоле, ки то соли 1920, яъне то суқути Бухоро, дар беш аз 300 мадрасаи Бухоро таълиму тадрис бо забони тоҷикон ба роҳ монда мешуд. Маҳз Ҳукумати инқилобии Бухоро тоҷиконро аз ҳаққи таълиму тадрис бо забони худ маҳрум кард.

Тавре мушоҳида мешавад, муносибат бо тоҷикон аз оғози тақсимот нобаробару муғризона буд ва маълум мешавад, ки мувофиқи барномаи тарҳрезишуда ин сиёсат пиёда мегашт. Ин кор чанд далел дошт, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:

Нахуст ин ки, дар фармони марбут ба тақсимоти ҷаноби Ленин – муасиси давлати Шӯравӣ ва “доҳӣ”-и коргарони ҷаҳон, тавре мушоҳида кардем, номе аз тоҷикон бурда намешуд. Яъне дар маълумоте ки раҳбари давлати Шӯравӣ дар даст дошт, чизе дар бораи тоҷикон мавҷуд набуд. Гумон намеравад, ки раҳбари як давлати навпо ва он ҳам марде донишманду харизматике ҳамчун Ленин аз мардуми бумии минтақаи Осиёи Миёна бехабар бошад. (Вақте соли 1910 Шишов китоби захиму муҳимме бо номи “Тоҷикон” менависад!) Ин тарҳ ва тасмими аз қабл андешидашуда бо барномарезии дақиқ ва ҳисобшуда гирифта шудааст. Зеро фарҳанги ғании тоҷикон ва густараи он ки фарохтар аз ҳудуди Тоҷикистону Осиёи Миёна буд, барои истеъмори он рӯз хушоянд набуд. Доманаи арсаи он аз марзи Чин то халиҷи Порс тул мекашид ва мухолиф бо ормони истеъмории он рӯз буд. Набояд фаромӯш кард, ки дар бештари навиштаҳои донишмандони руси солҳои 1880-1914 тоҷиконро ҳамчун посдорандаи фарҳанги мусулмонӣ дар минтақа номидаанд, ки барои давлати Шӯравӣ, ки яке аз барномаҳояш мубориза бо дин буд, чандон ҷолиб набуд. Устод Лоиқ дар асри гузашта, инқилоби Ленину паёмадҳои онро дар як мисраъ чунин баён карда буд:

Доҳиёнат аз даҳои тоҷикон огаҳ набуданд, Инқилоб!

Далели дуюми бесоҳибии тоҷик дар ҷараёни ин тақсимот он буд, ки равшанфикрони туркзабони минтақа, ки аз аҳволи олам бохабар буданд, кишвари Усмониро, ки нисбат ба Осиёи Миёна пешрафтаву қудратманд буд, ба чашми улгуву намуна нигариста, дар симои он як навъ пуштибонро медиданд ва аз турк номидани худ ифтихор ҳам доштанд. Ҷойгузини Усмонӣ, давлати Туркияи ҷадид, ки имсол аз таъсиси он сад сол мегузарад, низ бо Шӯравӣ робитаи наздик дошта, қотеъона равиши секулории давлатдориро интихоб карда буд. Мухолифату ҷанги Туркия бо қудратҳое чун Британияву Фаронсаву Юнони сармоядорӣ Туркияро дар чашми раҳбарони Шӯравӣ низ азиз карда буд. Ҳатто баъзе тоҷикон (намуна Абдулло Раҳимбоев) низ зери таъсири идеяҳои туркгароии ҷавонтуркон қарор мегирифтанд. Тоҷикон, ки на турканду на решаи туркӣ доранд, аз чунин маъману пуштовонае маҳрум буданд. Зеро Эрони ориёинажод худ бо ҳазор мушкил рӯ ба рӯ буда, соли 1907 байни Англия ва Русия тақсим гардид. Балои дигар тафриқаи мазҳабӣ буд, ки тоҷикони суннимазҳабу эрониёни шиамазҳабро аз ҳам дур ва ҳатто мутанаффир мекард. Ҷанги шиаву суннии соли 1910 дар Бухоро инро ошкор сохт, ки аз ду тараф танҳо форсигӯён куштаву талаф гаштанд.

Далели савум, идомаи ҳаракати муқовимат алайҳи Шӯравӣ дар қаламрави Бухорои Шарқӣ буд, ки ба хотири набудани роҳи оҳан ва мушкилоти рафту омад, идома дошт. Академик Раҳим Масов навиштааст, ки Бухорои Шарқӣ ва Масчо ду ноҳияи асосие буданд, ки болшевикон қарор доданд, вилояти мухтори Тоҷикистон дар ин ҷо бунёд ёбад. Муқовимати Масчо танҳо дар соли 1923 шикаста шуд. Ин ҳолат низ ба рафти тақсимот таъсир мерасонд ва барои мухолифони тоҷик баҳонаи муносиб буд. Ҳатто баъзе тоҷикони ҳайати комиссияи тақсимот ҳамроҳшавии минтақаҳои тоҷикнишини Фарғонаро бо Бухорои Шарқӣ ва Масчоҳ хилофи манофеи иқтисодӣ медонистанд. Манофеи иқтисодӣ бошад, яке аз усулҳои ин тақсимот ба шумор мерафт.

Далели чорум бар хилофи қавмҳои дигари минтақа ҷудоиафканӣ ва бегона шумурдани ҳамдигар дар миёни тоҷикон хеле бармало буд. Эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни тоҷикон ниҳоят заиф буд. Мо тоҷикон он рӯз худро ғолибан бо номи шаҳр (самарқандӣ, бухорӣ, уротеппагӣ) ё кӯҳистон (дарвозӣ, қаротегинӣ, масчоӣ, кӯлобӣ) муаррифӣ мекардем. Вақте сухан аз вожаи барои он рӯз муҳими миллат матраҳ мегашт, худро аз “миллати мусулмон” медонистем. Тафовути тоҷикони шаҳрӣ ва рустоӣ дар шаҳрҳо ошкор буд. Мо инро аз навиштаҳои шарқшиносону сайёҳони рус ва инчунин аз матни осори Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода метавонем мушоҳида кунем. Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ёддоштҳои худ навиштааст, ки дар ҷараёни шумори аҳолии Бухоро, вақте болшевикони пантуркист мехостанд мардуми ин шаҳр худро тоҷик нанависанд, ба эшон мегуфтанд, ки “ҷумҳурии Тоҷикистон дар Масчо ва Ғарм бунёд мешавад, ҳар касе мехоҳад тоҷик бошад, бояд биравад ба он маконҳо”. Барои як шаҳрӣ шунидани номи маҳалли куҳистонӣ ва кӯчидан ба он баробар бо нобудӣ буд.

Далели панҷум он буд, ки баъзе равшанфикрони тоҷиктабор (Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев) комилан дар ҷабҳаи дигар қарор гирифта, баъзе дигар дар лаҳзаҳои ҳассос мекалавиданд. Яъне бовар надоштанд, ки метавон як ҷумҳурии қавие барои тоҷикон сохту онро муттаҳид кард. Дар миёни онҳо низ аслан чизе бо номи иттиҳоду ҳамбастагӣ вуҷуд надошт. Сиёсати ошкорои зиддитоҷикии он рӯз низ ин ноумедиро дар вуҷуди онҳо афзун месохт.

Дар ҷараёни кори комиссия вақте сухан аз маҳрумияти тоҷикон мерафт, баъзе аз аъзои комисся механдиданду истезҳо мекарданд. Дар суратҷаласаҳое ки академик Раҳим Масов дар китоби хеш овардааст, ин ошкоро мушоҳида мешавад. Аммо шахси Раҳим Масов низ, ки баркашидаву дастпарвари низоми Шӯравӣ ва аз ҷонибдорони сарсахти он буд, тамоми иштибоҳоту лағзишҳо ва инҳирофи комиссияи тақсимоти марзии соли 1924-ро ё бар души пантуркизм ҳавола мекунад ё ба самти Абдулло Раҳимбоеву Файзулло Хоҷаеву дигар ҳамроҳони он. Ғофил аз он ки инҳо дигар ҳамроҳонашон муҳрае беш набуданд. Зеро ин муҳраҳо бо гузашти як даҳсола ҳама дар осиёби террори сталинӣ маҳв гардиданд. Тақсимоти милливу марзӣ ҳам на пешниҳоди Туркия буду на хоҳиши пантуркизм. Аз оғоз то анҷом ин тарҳ бо ҳимояту раҳнамоии давлати Шӯравӣ ва болшевизм сурат мебаст. Дар ҳар лаҳза ҳам агар мехостанд метавонистанд онро ислоҳу такмил кунанд. Ҳамон тавре ки соли 1954 вилояти Қрими ғолибан руснишину русигӯйро бо як амри Никита Хрушев аз Русия гирифтанду ба Украина доданд, ки 60 сол пас муҷиби як низоъи бузург дар Аврупо гардид.

Як донишманди тоҷик соли гузашта ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае афсус мехурду бо сад дареғ мегуфт, ки “Иосиф Сталин соли 1953 мурд, вагарна масъалаи мо тоҷиконро ҳаллу фасл мекард”. Яъне ин хушбоварони соддандеш ҳанӯз бовар доранд, ки як нафаре ки дар сӣ соли қудрати мутлақу томи худ, ишораи бурут ҳам ба ин моҷаро накард, агар умри Хизр медид, шояд ба он масъала бармегашт. Ин ҳам сатҳи таҳлили донишманде ки сад далелро ба як руъё иваз намекунад.

Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ муҳаққиқони масъалаи тақсимот эътироф мекарданд, ки тақсимоти милии Осиёи Миёна на бар асоси ҳузури этникии халқҳо, балки бар пояи масоили идеологӣ ва параметрҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шуд, то мақомоти ҳизбӣ ба осонӣ тавонанд онро идора кунанд.

Дарсҳову сабақҳои тақсимоти миллӣ

Ҳамин тавр, то сентябри соли 1924 масъалаи додани вилояти мухтор ба тоҷикон матраҳ нашуд ва сухан аз таъсиси як вилояти мухтори Тоҷикистон дар миён буду бас. Аз ин марҳила фаъолияти босамару ҷоннисоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур бештар мегардад, ки додани вилоят ба тоҷиконро ситами бузург шумурда, унвонии Иосиф Сталин номанигорӣ карданд. Танҳо пас аз радду бадалҳои зиёд дар охирин лаҳзаҳо додани ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон матраҳ гардид ва рӯзи 14 октябри соли 1924 қарор дар бораи таъсиси ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии шӯравии Узбекистон тасвиб гардид. Ин рӯз рӯзи таърихиву фаромушнашуданӣ барои тоҷикон аст. Яъне то мубориза нашуд, чизе ба даст наёмад.

Дар соли 1924 Тоҷикистон аз 8 вилоят иборат буд. Инҳо вилоятҳои Ӯротеппа (аз 6 туман иборат буд: 1. Ӯротеппа, Масчо, Ғончӣ, Басманда, Шаҳристон, Далён); 2. Панҷакат (Панҷакат, Офтобрӯя, Искандаркул, Киштут, Моғиён, Фалғар); 3. Душанбе (Душанбе, Ҳисор, Ёвон, Янгибозор, Файзобод). 4. Сари Осиё (Регар, Қаротоғ); 5. Қурғонтеппа (Қурғонтеппа, Саройкамар, Қубодиён, Ҷиликӯл); 6. Ғарм (Ғарм, Ҳоит, Қалъаи Хумб, Оби Гарм, Дарвоз, Ванҷ); 7. Кӯлоб (Кӯлоб, Муъминобод, Ховарлинг, Балҷувон) буданд. Соли 1925 Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати шаш туман (Помир, Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Бартанг, Рушон) низ ба Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.

Пойтахти ҷумҳурии халқи тоҷик, халқе ки ба қавли Бозор Собир “халқ карда буд сад халқ” ва тули таърих сад шаҳр ҳам сохта буд, деҳаи Душанбе муқаррар гардид. Нақши пойтахти як кишвар дар идораи дурусти мамлакат, бунёди иқтисоди тавоно, фарҳангу тамаддуни фарогир ва ҷойгоҳи муносиби низомӣ бағоят бузург аст. Баъзе кишварҳоро дар таърихи гузашта бо номи пойтахти он мехонданд, ки гувоҳи нақши муассири пойтахт дар сарнавишти миллат ва давлат аст, назири шаҳри Рум, ки номи як империя гардид. Ё Бухоро, ки номи давлати дусадсоли охири тоҷикони Вароруд буд. Душанбе аз лиҳзози таърихӣ ҳатто дар минтақаи Бухорои Шарқӣ мақоми аввалро соҳиб набуд ва дар канори Ҳисори Шодмон қарор дошт. Шарти дигари пойтахт гаштани як шаҳр (на деҳа) он буд, ки аз нигоҳи интеллектуалӣ боястӣ бо шаҳрҳои дигари як қаламрав рақобат кунад. Душанбе мақоми мумтози иқтисодӣ низ надошт. Ва муҳимтар аз инҳо, пойтахти баъзе кишварҳо аз нигоҳи нуфузи мардум низ мақоми бартарро дорад ва аз чоряк то сеяк ва гоҳе нисфи аҳолӣ дар он иқомат мекунад. Агар ба сарчашмаҳои таърихиву адабии тоҷик назар афканем мебинем, ки Душанбе дар осори гузаштагони мо бо Самарқанду Бухорову Балху Нишопур он тараф, ҳатто ба андозаи Ҳисору Кӯлобу Дарвозу Масчо ҳам зикр нашудааст. Акнун дар деҳаи дуруфтодаи бесаноату фараҳанги умумимиллии шаҳрӣ тоҷик бояд миллат мегашту давлат месохт. Деҳае ки дар ҳошияи шаҳрҳои азим қарор дошту муҳтоҷ ба муаррифӣ дошт. Пайдост аз ин миён чӣ хоҳад бархост!

Бо вуҷуди ҳамаи ноадолатиҳое ки дар ҷараёни тақсимоти милливу марзии соли 1924 нисбат ба тоҷикон раво дида шуд, ин ҳодисаи таърихиву азим барои ҳамеша дар таърихи тоҷикон сабт ёфт. Аммо муҳимтарин паёмадҳову сабақҳои ин тақсимот инҳоянд:

1.Таъсиси давлат ба номи халқ, яъне Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърих иттифоқ уфтод. Халқи мо то ин дам давлатҳое дошт, ки бо номи силсилаҳои ҳукуматгар (ҳахоманишӣ, сосонӣ, сомонӣ) зикр мегаштанд ё бо номи вилояту шаҳри хосс(ҳамчун давлати Ғуриёну иморати Бухорову хонии Қуқанд). Ин ҷо номи қавм матраҳ гардид, ки таҳаввули аҷибу азимеро ба дунбол эҷод кард.

  1. Вақте барои ТОҶИК будан ва бар асоси ҳамин миллият моро давлат додаанд, агар роҳи саодату растагории ҳамин миллатро мехоҳем, боястӣ ҳамин аслро тақвият намоем, такмил созем ва дар тасмимоти давлатдорӣ танҳо ҳамин тоҷикиятро милоки тасмимгирӣ қарор диҳем, то дар сафи миллатҳои сарфарозу тавоно қарор гирем;
  2. Тоҷикон ҳарчанд ба кундиву оромӣ сӯйи миллат шудан мешитофтанд, таъсиси Тоҷикистон оғози худшиносии мо тоҷикон гардид. То ин дам мо танҳо худро ба номи шаҳру деҳот ё зодгоҳи кӯчаки худ меномидем ва Тоҷикистон моро ТОҶИК гардонд, ҳуввияи нав ва бунёдиву асосӣ бахшид. Бунёди ҳамин Тоҷикистон буд, ки мардуми қаҳрамони Конибодомро илҳом бахшид ва эшон соли 1925 он корномаи рангину ҷовидониро офариданд (ки дар гузориши оянда зикр мекунем) ва каме дертар ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии шӯравӣ табдил ёфт;
  3. Тақсимот муҳимтарин конунҳои илмиву фарҳангӣ ва худшиносиву боландагии тоҷиконро аз мо рабуд. Оре, ҳамин тақсимот муҷиби таъсиси воҳиди сиёсиву маъмурие бо номи Тоҷикистон гардид, вале ҳамон тавре ки Фаронсаро бе Париж, Русияро бе Санкт-Петербургу Москав, Италияро бе Рум, Чинро бе Пекин намешавад тасаввур кард, давлати тоҷикро низ бе пойтахтҳои ҳазорсолааш Самарқанду Бухоро тасаввур кардан номумкин буд. Ин ҳолат яке аз сабабҳои кундии раванди миллатсозӣ дар миёни тоҷикон гардид.
  4. Ҳарчанд бо душворӣ, аммо дар Тоҷикистони Шӯравӣ миллате бо номи тоҷик сохта шуд, ки ҳам давлат дошт (ҳарчанд мутеъ), ҳам нишону парчаму суруди миллӣ. Ҳамин Тоҷикистон аз як муллои мадрасахоне чун домулло Садриддини Айнӣ, ки то соли 1924 танҳо барои ислоҳи мактабу маориф низоми идории иморати Бухоро талош мекард, шахсияти миллӣ ва доҳии миллатпараст сохт. Ин миллатро низ минбаъд шахсиятҳои бузургу фидокор, ки парвардаи мактаби миллатсозии устод Айнӣ буданд, сохтанд.
  5. Вуҷуди Тоҷикистон дар асри ХХ тоҷикони он сӯйи Омӯйро низ умед бахшида ва барои имрӯзу фардо низ умедвор мекунад. Зери таъсири Тоҷикистон, матбуоту радиои Тоҷикистон, эҷоди аҳли илму ҳунари он дар солҳои Шӯравӣ, тоҷикони Хуросон бедор гаштанду нахустин қадамҳои худро дар масири тоҷик шудану тоҷик будан гузоштанд. Имрӯз ҳам Тоҷикистон хонаи умеду орзуи тоҷикони дигар аст;
  6. Як халқ ки даъвои ҳастӣ мекунаду иддиои давлатдорӣ, набояд дар таъйини сарнавишти худ умед ба бегона кунад, бегонаро дар сарнавишти худ дахилу тасмимгир бисозад, ба умеди бегона бизиҳад. Боястӣ равшанфикрону нухбагони ин халқ бар пояи манофеи дарозмуддати миллӣ ҳамеша суду зиёни хешро донанду арзёбӣ кунанд, давлатро тақвият созанд, мардумро раҳнамоӣ кунанд, номи давлату миллат ҷузви арзишҳои зиндагии онҳо гардад. Равшанфикроне ки пойбанди ягон қудрати хориҷӣ набошанд ва танҳо ба ин мардуму ин сарзамини вобаста бошанд.
  7. Вуҷуди як Тоҷикистон барои давлати Шӯравии он рӯз низ зарур буд, дар ғайри ин сурат тамоми минтақаи Осиёи Миёна, бо таъсиси ҷумҳуриҳои туркзабон дар замоне ки ҳаракати пантуркизм хеле авҷ гирифтаву паҳн мегашт, метавонист барои Шӯравӣ мушкилсоз гардад. Зеро дар солҳои 20-уми асри гузашта ва сад сол баъд, яъне имрӯз низ идеяи таъсиси як давлат ё иттиҳодияи туркзабонҳои Осиёи Миёна аз байн нарафтааст. Гузаштан ба хатти лотинӣ ва тарк кардани ҳавзаи алифбои русии кириллӣ аз ҷониби Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дар оянда Қирғизистон гоме дар ин масир аст.
  8. Ҳамчун мардуми намакшинос хидмати давлати Шӯравӣ дар таъсиси ҷумҳурии кӯчаку вобаста ба давлати Шӯравиро, ки заминаи истиқлоли имрӯзаи мо гашта, қадр медонем, вале ин маънои онро надорад, ки хатову каҷравиҳои он давлатро нодида гирему чизе нагӯем. Ин тазаккур дар шароити феълии равандҳои хатарноки ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои мо тоҷикон зарур аст. Ҳар тоҷике ки аз ин саҳифаҳои душвори давлатсозӣ огоҳ гардад, ба қадри доштани давлат мерасад ва барои ягонагии миллӣ, ки аз шартҳои асосии ҳастии милат аст, талоши бештар мекунад. Ғараз аз тазаккур низ огоҳии ҷавонони миллат аст, на эҷоди бадбиниву хусумат, он ҳам ба давлате ки акнун ҷузви таърих шуда ва фурӯпошии он низ натиҷаи сиёсатҳои нодурусти миллӣ ва фарҳангии сардармдоррони он низом будааст. Ҳамон тавре ки тоҷикон дар таъсиси давлати Шӯравӣ ҳеч саҳме надоштанд, дар фурӯпошии он низ нақше надоштаанд.
  9. Агар соли 1924 ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон таъсис намеёфт, мо дар соли 1929 соҳиби ҷумҳурии мустақил намегаштем ва агар соли 1929 намебуд, мо соли 1991 на истиқлол доштему на Тоҷикистон. Соли 1924, ки мо дар остонаи садумин солгарди он ҳастем, соли таърихиву саъид ва соли орзуву умедҳои миллати тоҷик гардид. Соле ки ба қарнҳо баробар буд. Зеро Тоҷикистонеро сохт, ки аз умеди рафтагони мо нишона аст!

Сайфуллоҳ Муллоҷон

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зеленский хитоб сарони кишварҳои Ғарб: “Бишинед ва тамошо кунед, то аз Куреи Шимолӣ шикаст бихӯрем”
Сад соли худогоҳӣ

Матолиби пурбоздид