Узбекистон дар паи эҷоди тавозун дар равобити худ бо Эрон ва Исроил

Таҳлили хабарӣ

Узбекистон дар паи эҷоди тавозун дар равобити худ бо Эрон ва Исроил

Байналмилал

Дар давоми як ҳафтаи ахир, шоҳиди чандин тавофуқ ва тафоҳум барои ҳамкорӣ дар заминаҳои илмӣ, фанноварӣ, кишворазӣ, шаҳрсозӣ ва таронзит ва ахбори тавсиаи равобити Узбекистон ва Эрон будем.

Бахши қобили таваҷҷуҳе аз он ба дархост ва пешқадамии Тошканд сурат гирифтааст ва дида мешавад, ки тақозои Тошканд барои таъмиқи равобит бо Теҳрон афзоиш ёфтааст.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки заминаҳое, ки тарафи Узбекистон барои ҳамкорӣ бо Эрон интихоб кардааст, ҳавзаҳо ва заминаҳои ҳамкории густардаи ӯ бо Исроил аст.

Андрей Серенко – коршиноси руси Осиёи Марказӣ ва Авросиё дар коноли телегроми худ дар ин маврид навиштааст:

Манобеи мо дар пойтахти Узбекистон аз ташдиди тамосҳои намоишии ин кишвар бо Эрон хабар медиҳанд. Ба гуфтаи манобеи мо, давлати Узбекистон ба таври ҷиддӣ нигарони афзоиши хашми ҳомиёни Фаластин дар миёни ҷавонон шудааст, ки ба далели ҳамкории мақомоти ин кишвар бо Исроил аз давлат хашмгин шудаанд.

Андрей Серенко мегӯяд: Мардуми ин кишвар бо осеб расондан ба марокизи исроилӣ ва ибрози ақида дар расонаҳо, хашми худро нисбат ба рӯйкарди Тошканд нишон додаанд.

Бинобар ин Тошканд барои тағйири ин вазъият, тасмим гирифтааст, бо ташдиди тамосҳои мухталиф бо Эрон, ки парчамдори Меҳвари Муқовимати Исломӣ дар баробари саҳюнизм ба шумор меравад, дар равобити худ бо Теҳрон ва Телавив тавозун эҷод кунад.

Андрей Серенко изҳори назар кардааст: Бинобар ин Тошканд ҳозир аст, барои ҳалли ин буҳрон, ҳозир аст, дар баробари як лабханд ба Исроил, нуҳ лабханд ба Теҳрон нишон диҳад то таодули лозим дар равобит эҷод шавад.

Андрей Серенко таъкид мекунад: Ба эҳтимоли зиёд, ин мавзеъ ва иқдомоти Тошканд амалиёте барои инҳирофи таваҷҷуҳҳо аз ҳамкории Узбекистон бо Исроил ва василае барои мутаваққиф кардани эҳсосоти зиддиисроилӣ дар ҷомеаи Узбекистон аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Зиндагӣ”-и Аълохон Афсаҳзод «дар саҳна»
 Залмай Халилзад пытается подсказывать президенту США как урегулировать войну между Россией и Украиной 

Матолиби пурбоздид