Ишораи Тромп ба эҳтимоли даргирии низомӣ бо Эрон
Ахбори байналмилал
Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури мунтахаби Омрико гуфт, ки вақте ӯ ба Кохи сафед бозмегардад, эҳтимоли бурузи рӯёрӯии низомӣ бо Эрон вуҷуд дорад.
Дунолд Тромп ин мавзӯъро дар мусоҳиба бо маҷаллаи Time матраҳ кард.
Вай дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли бурузи ҷанги Омрико бо Эрон гуфт : “Ҳар чизе мумкин аст рух диҳад.”
Тромп ҳамчунин гуфт, ки мушкили Ховари Миёна {масъалаи Исроил-Фаластин} печидагии бештаре нисбат ба ҷанги Русия ва Укройн дорад, аммо ҳалли он осонтар аст.
Wall Street Journal: Тими Тромп дар ҳоли баррасии гузинаҳои низомӣ алайҳи Эрон аст
Рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal навишт, тими Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури мунтахаби Омрико дар ҳоли баррасии гузинаҳое барои манъи Эрон аз тавоноии сохти силоҳи ҳастаӣ аст. Аз ҷумлаи ин гузинаҳо “ҳамалоти ҳавоии пешгирона” аст.
Wall Street Journal навишт, чунин гузинае ба маънии нақзи сиёсати феълии Омрико дар баробари Эрон, яъне маҳор бо абзорҳои диплумотик ва таҳримҳост.
Ин рӯзнома изофа кард, гузинаи заработи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамакнун дар ҳоли баррасии ҷиддитар аз сӯйи бархе аъзои тими интиқолии Тромп аст.
Ин мақомот гуфтанд, мавзеи минтақаии Эрон тазъиф шудааст. Иқдоми ахири Эрон дар эъломи афзоиши фаъолиятҳои ҳастаӣ боис шуд баҳсу гуфтугӯҳои дохилии ҳассос дар Омрико тақвият шавад.
Wall Street Journal навишт, манобеи огоҳ гуфтанд, Тромп дар тамоси телефонии ахир ба Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, дар бораи убури Эрон аз хатти қирмизи ҳастаӣ дар давраи риёсаташ нигарон аст. Ин мавзӯъ нишонае аз баҳсу гуфтугӯ дар бораи пешниҳодоте дар бораи манъи чунин иттифоқе аст.
Ба навиштаи ин рӯзнома, Эрон ҳамакнун дар ҳоли ғанисозии урониуми 60 дарсадӣ аст. Фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо интиқоди кишварҳои ғарбӣ ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯ ба рӯ шудааст. Кишварҳои ғарби мегӯянд, фаъолияти ҳастаии Эрон бо аҳдофи ғайринизомӣ ҳамсӯ нест. Теҳрон бо радди ин мавзӯъ, мегӯяд, Эрон ба дунболи аҳдофи ғайринизомӣ мисли тавлиди энержӣ аст.
Wall Street Journal изофа кард: Захоири ураниуми ғанишудаи Эрон барои сохти 4 бомби атомӣ кофӣ аст. Эрон танҳо кишвари ҷаҳон аст, ки бо вуҷуди надоштани силоҳи ҳастаӣ, дар ҳоли ғанисозии урониуми 60 дарсадӣ аст. Табдили захоири урониуми ғанишуда дар сатҳи боло ба бомби атомӣ танҳо чанд рӯз тӯл мекашад.
Қаламонлайн