Ҷулонӣ: Тромп сулҳро дар минтақа барқарор хоҳад кард

Ҷулонӣ: Тромп сулҳро дар минтақа барқарор хоҳад кард

Ахбори байналмилал

Ҷулонӣ хитоб ба Тромп: “Шумо раҳбаре ҳастед, ки сулҳро ба Ховари Миёна хоҳед овард ва суботро ба минтақа бозхоҳед гардонд”

Reuters

Саркардаи шӯришиёни Сурия маросими таҳлифи раиси ҷумҳури ҷадиди Омрикоро табрик ва гуфт: “Мо мутмаиннем, ки ӯ (ишора ба Тромп) раҳбарест, ки сулҳро ба Ховари Миёна хоҳад овард ва суботро ба минтақа бозхоҳад гардонд.”

Ба гузориши Reuters, Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, саркардаи шӯришиёни Сурия, ин паёми табрикро бомдоди рӯзи сешанбе, пас аз маросими таҳлифи Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури ҷадиди Омрико мунташир кард.

Бар асоси баёнияе, ки каналтелеграмми Ал-қиёда ал-Омма онро мунташир кардааст, Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ дар ин паём гуфт: “Аз тарафи раҳбарӣ ва мардуми Ҷумҳурии Арабии Сурия, ба Дунолд Тромп, таъйини ӯ ба унвони раиси ҷумҳури Омрикоро табрик мегӯям.”

Саркардаи шӯришиёни Сурия дар идома, даҳаи гузаштаро солҳои пур аз дарду ранҷ тавсиф кард ва гуфт: “Мо мутмаиннем, ки ӯ (ишора ба Тромп) раҳбарест, ки сулҳро ба Ховари Миёна хоҳад овард ва суботро ба минтақа бозхоҳад гардонд.”

Саркардаи шӯришиёни Сурия афзуд: “Мо ба дунболи беҳбуди равобити ду кишвар бар пояи гуфтугӯ ва тафоҳум ҳастем. Бовар дорем, ки ин давлат заминаро, ҳам барои Омрико ва ҳам барои Сурия ба манзури шакл додан ба широкате, ки бозтобдиҳандаи хостаҳои ду миллат бошад, фароҳам хоҳад кард.”

Шӯришиёни Сурия пас аз қудрат гирифтан равобити худро бо кишварҳои урупоӣ ва Омрико тавсиа додаанд.

Омрико баъд аз қудрат гирифтани Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ ҳайате ба Димишқ эъзом кард ва ҷоизаи 10 миллион долларӣ барои дастгирии Ҷулониро лағв кард.

Reuters

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд!!!
Аз саргирии равобити иқтисодии Туркия ва Исроил

Матолиби пурбоздид