Ранҷи беҳуда

Адаб

Ранҷи беҳуда

Ҳикояте аз Гулистон

Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он ки андӯхту нахӯрд ва дигаре он ки омӯхту накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

На муҳаққиқ бувад, на донишманд,

Чорпое, бар ӯ китобе чанд.

Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,

Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

(Саъдӣ, Гулистон)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳимояти ҳамаҷонибаи ҳамсар
Беҳтарин ибодат

Матолиби пурбоздид