Устои поквиҷдон

Устои поквиҷдон

Мактаби инсоният

Шоҳиди моҷарои аҷибе гаштам, ки маро дар ҳайрат гузошт!

Як ҳафта пеш ба назди як Устои компютери мошинҳо рафта будам ва дар навбат истода будам, ки ду мошин якеаш Тоёта Прадо дуюминаш Ренҷровер буд. Аз дарунаш як марди тахминан 60-62 сола фаромаду рост ҳамон устое, ки ман дар навбаташ будам, ҳамонро суроғ карда омад ва бо Усто баъди салому алекашон аз Усто хоҳиш намуд, ки ҳамин мошинҳоро барои фуруш омода кардему барои як хизмат ба назди Шумо омадем.

Усто ҳам хуб гуш карда ҷавоб дод, ки Ҳоҷибобо мо дар хизмати Шумо марҳамат фармоед!

Ҳоҷибобо соҳибкор ва чандинкарата ҳоҷӣ будааст. Аз Усто хоҳиш кард, ки Устоҷон ҳамин мошинҳоро ҷавонтар кардан даркор, Усто бо ҳайрат нигоҳ карду аз Ҳоҷибобо пурсид, ки нафаҳмидам, мақсади Шуморо…….

Ҳоҷи бобои умраш ба умри Пайғамбари Гиромӣ С. А. В. расида, ба Усто гуфт, ки Устоҷон пробегҳои ҳамин аспҳоро камтар ақиб гардон!

Устоҳам бе ягон фикр ҷавоб дод, ки Ҳоҷибобо ман ин кори Шумо гуфтагиро карда наметавонам!

Ҳоҷӣ гуфт: Чӣ хел наметавонӣ, ки аз ким-куҷо суроғаи Шуморо доданд, ки Устои электрики беҳтарин аст. Ман ҳам ба ҳамин хотир аз ҳамин қадар роҳ назди худат омадам.

Усто хандида гуфт, ки Ҳоҷибобо ман ба он маънои ин мошинҳоро сарфаҳм нарафтанам нагуфтам, ки ин корро наметавонам… ба он маъно гуфтам, ки шояд ҳамин мошинро як рӯз не як рӯз ягон дӯсти ман мехарад ё гашта ба дасти фарзанди худи Шумо меғалтад…! Шумо фурӯхтани бошед, ба ҳамин пробеги оригиналиаш фурӯхтан гиред.

Ҳоҷибобои аз Худо бехабар боз бо зораву зури Усторо маҷбуран ба назди мошин бурду гуфт, ки ҳаминашро мекунӣ дигар ба наздат намеоям.

Устои поквиҷдон, гуфт, ки Шумо аз Аллоҳ шарм намедоред, ки ҳар Рамазон дар Ҳаҷ Моҳи Рузаро бо ибодат гузаронида меоеду то Рамазони дигар ба чашми мардуми Мусалмон хок пошида мегардед, ҳоли Худо шоҳид аст, ки ягон ҷои ҷағидагии зарурии ҳамин Ҷипҳоро ҳам ба ҷои сварка кардантон, ҳатман мастика шакидаву краска кардагиед…. Ҳоҷибобо равед аз дукони ман ва дигар ман ягон намуди муоинаи мошинҳои Шуморо ба гардан намегирам!!!

Манбаъ: Фесбук, паём аз Сайидалӣ Муҳиддинов

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Музокира бо Омрико ҳеч таъсире дар рафъи мушкилот надорад
Дард

Матолиби пурбоздид