Нишасти Туркия ва Исроил дар Боку
Мизбонии Боку аз музокироти Туркия ва Исроил дар мавзӯи Сурия
Байналмилал
Туркия ва Исроил аввалин нишасти фаннии худ дар бораи эҷоди созукори мамониат аз даргирӣ дар Сурияро баргузор карданд.
Манобеи давлатии Туркия эълом карданд, ки Онқоро ва Телавив аввалин нишасти фаннии худро дар Ҷумҳури Озарбойҷон баргузор карда ва дар бораи эҷоди созукори мамониат аз даргирӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳаводиси нохоста дар Сурия гуфтугӯ карданд.
Ин манобеъ гуфтанд, ки музокирот оғози талошҳо барои эҷоди коноле ба манзури ҷилавгирӣ аз даргириҳо ё суитафоҳумҳои эҳтимолӣ байни амалиёти ду кишвар дар минтақа буд.
Яке аз ин манобеъ бидуни ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди маҳдуда ё ҷадвали замонии музокирот гуфт, ки “талошҳо барои эҷоди ин созукор идома хоҳад дошт”.
Ин ибтикор як ҳафта пас аз он матраҳ шуд, ки Исроил таҷовузоти ҳавоии худ дар Сурияро ташдид кард ва онро ҳушдор ба ҳукумати тозаи Димишқ тавсиф кард. Исроил ҳамчунин Туркияро ба талош барои табдили Сурия ба як сарзамини таҳтулҳимояи худ муттаҳам кардааст.
Вазири умури хориҷаи Туркия, Ҳокон Фидон, бо таъйиди анҷоми музокироти фаннӣ, гуфт, ки чунин созукорҳое барои ҷилавгирӣ аз суитафоҳум зарурӣ аст ва шабеҳи созукорҳои мамониат аз даргирӣ аст, ки Туркия бо Омрико ва Русия дорад.
Қаламонлайн