Гузориши вежаи Reuters дар мавриди Ироқчӣ
Гузориши вежаи Reuters аз Ироқчӣ: Эрон ба тавоноии Ироқчӣ дар бозии моҳирона ва зиракона итминон дорад
Фарде ҷиддӣ, огоҳ аз назари фаннӣ ва диплумоте рукгӯ
Байналмилал
Хабаргузории Reuters дар гузориши вежае дар бораи Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон навишт: “Аббос Ироқчӣ, диплумоти коркушта ва аршади Эрон, ин охири ҳафта бо яке аз ҳассостарин чолишҳои даврони кории худ рӯ ба рӯст. Ӯ омода мешавад, то музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаро барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷадиди ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ раҳбарӣ кунад.”
Дар идомаи ин гузориш омадааст:
“Ҳокимияти Эрон бо эҳтиёт ба музокироти Уммон наздик мешавад, нисбат ба пешрафт бадбин аст ва ба Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ки борҳо таҳдид ба бомбборон карда дар сурати адами ҳусули тавофуқ, беэътимод аст.
Чӣ музокирот ба сурати мустақим анҷом шавад — ҳамон тавр, ки Тромп иддаъо мекунад — ё ғайримустақим — чунонки Теҳрон таъкид дорад — Ироқчӣ қарор аст бо Стив Виткофф, намояндаи Омрико рӯ ба рӯ шавад; як сармоядори ҳавзаи амлок, ки пеш аз ин ҳеч гуна таҷрибае дар сиёсати хориҷӣ надошта, чӣ расад ба мавзӯъи печида ва тӯлонимуддати муноқишаи ҳастаии Эрон.
Аҳаммияти ин музокирот барои Ироқчӣ бисёр болост. Ӯ, ки аз хонаводае бозорӣ дар Исфаҳон бархоста, дар навҷавонӣ ба инқилоби исломии 1979 пайваст ва дар ҷанги Эрону Ироқ дар даҳаи 1980 ҷангид, пеш аз он ки вориди арсаи муҳимми диплумосӣ шавад.
Агарчӣ дар Теҳрон хушбинии чандоне нисбат ба муваффақияти музокирот вуҷуд надорад, аммо ба назар мерасад, ки сохтори сиёсии кишвар, ба тавоноии Ироқчӣ дар бозии моҳирона ва зиракона бо баргҳои Эрон итминон дорад.
“Ироқчӣ фарде аст дар ҷойи дуруст, дар замони дуруст”, – чунин мегӯяд Саъиди Лилоз, таҳлилгари муқими Эрон. Вай меафзояд:
“Ӯ яке аз қудратмандтарин вазирони хориҷа дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ аст, бо ихтиёроти комил аз сӯйи раҳбари Эрон ва огоҳии амиқ нисбат ба тамоми ҷанбаҳои парванда ҳастаӣ.”
Ироқчӣ соли гузашта тавассути раисиҷумҳури ҷадид, Масъуди Пизишкиён, ба унвони вазири хориҷа интихоб шуд. Ӯ, ки фарде хушбархӯрд ва ором аст, шӯҳрати худро ба унвони як музокиракунандаи сарсахт дар музокироти мунтаҳӣ ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 ба даст овард.
Диплумотҳои ғарбӣ, ки дар музокирот миёни Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ ҳузур доштанд, ӯро фарде “ҷиддӣ, огоҳ аз назари фаннӣ ва диплумоте рукгӯ” тавсиф кардаанд.
Он тавофуқ, ки дар муқобили коҳиши таҳримҳо, барномаи ғанисозии ураниуми Эронро маҳдуд мекард, дар соли 2018 тавассути Дунолд Тромп дар нахустин давраи риёсати ҷумҳуриаш лағв шуд ва таҳримҳои ҳадди аксарӣ дубора эъмол шуданд.
Ироқчӣ ҳамчунин масъули музокироти ғайримустақим (ки дар ниҳоят номувафақ буданд), барои эҳёи тавофуқи ҳастаӣ дар давраи риёсати ҷумҳурии Ҷо Бойден буд.
Муддате баъд, ӯ ба унвони дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон мансуб шуд — ниҳоде калидӣ, ки ба раҳбари олӣ, Оятуллоҳ Хоманаӣ мушовира медиҳад; ҷойгоҳе, ки ӯро вориди ҳалқаи аслии қудрати низом кард.
Як чеҳраи дарунии низом
Ироқчӣ дар соли 1962 дар Теҳрон ва дар хонаводае мазҳабӣ ва сарватманди бозаргон ба дунё омад. Ӯ танҳо 17 сол дошт, ки инқилоби исломӣ дар Эрон шакл гирифт ва насле аз ҷавононро бо шӯри инқилобӣ пур кард.
Ӯ, ки таҳти таъсири сарнагунии режими салтанатии таҳти ҳимояти Омрико ва ваъдаи ояндае нав қарор гирифта буд, ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ пайваст ва дар ҷанги Эрону Ироқ (1980–1988) ҷангид.
Пас аз поёни ҷанг, дар соли 1989 ба Вазорати умури хориҷа пайваст. Аз соли 1999 то 2003 сафири Эрон дар Фанлонд (Финляндия) буд ва байни солҳои 2007 то 2011 низ дар Жопун (Япония) хидмат кард. Дар соли 2013 ба унвони сухангӯи Вазорати хориҷа мансуб шуд.
Ӯ дорои мадраки дуктурои улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи Кент (University of Kent) дар Бритониё аст ва дар ҳамон соли 2013 ба симати муовини вазири умури хориҷа мансуб шуд.”
Reuters гузориши худро чунин идома додааст:
“Ироқчӣ, ки мусалмони мутадайине аст ва ба ормонҳои инқилоби исломӣ эътиқоди росих дорад, дар давлатҳои бо рӯйкардҳои мухталиф — аз амалгароёна то тундрав — хидмат кардааст.
Дар тамоми даврони фаъолияташ, робитаи Эрон бо ҷаҳон, то ҳадди зиёде таҳти таъсири барномаи ҳастаиаш буда — барномае, ки Эрон мегӯяд, сирфан барои аҳдофи ғайринизомӣ аст, аммо бисёре аз кишварҳои ғарбӣ мӯътақиданд, ҳадафи он дастёбӣ ба тавоноии сохти силоҳи ҳастаӣ аст.
Шӯҳрат ва эътибори Ироқчӣ дар Теҳрон мумкин аст дар сурати ниёз ба ақибнишинии Эрон дар музокирот бо Омрико, сипаре дар баробари интиқодоти дохилӣ бошад.
Бо вуҷуди наздикиаш ба раҳбари олии Эрон, ба гуфтаи яке аз мақомоти аршади эронӣ, Ироқчӣ худро аз “низоъҳои сиёсӣ ва даргириҳои ҷиноҳӣ” дур нигаҳ доштааст.
“Ӯ бо раҳбари олӣ, Сипоҳи Посдорон ва ҳамаи ҷиноҳҳои сиёсӣ дар Эрон равобити хубе дорад.”
Ироқчӣ аз издивоҷи аввали худ ду писар ва як духтар дорад ва аз издивоҷи дуввуми худ низ соҳиби як духтар аст.”
Reuters
Қаламонлайн