Интизори беҷо

Таҳлили хабарӣ

Интизори беҷо

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар муддати 12 рӯзи ҷанг, дар дохили Эрон наздик ба ҳазор ватанфурӯш ва ҷосус дастгир шуданд; афроде, ки бо душмани саҳюнист ба навъе ҳамкорӣ мекарданд.

Пас аз боздошт ва дастгирии ин афрод, инак ин андеша ва пиндор аз сӯйи баъзе афрод илқо мешавад, ки ҷомеае, ки ин ҳама хоин парваронда, бояд аз худаш бипурсад, ки куҷои кораш мелангад.

Дар ҳоле, ки дар як ҷомеаи 100 миллион нафарӣ, оё ин адад адади зиёд аст? Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки 40-у чанд сол аст душманони Эрони Исломӣ – аз Исроил ва Омрико ва кишварҳои урупоӣ бигир то кишварҳои бо камоли таассуф арабӣ ва ҳамсояи Эрон – бо ҳадафи барандозии низоми исломӣ дар Эрон, чӣ тавтиаҳое начиданд ва намечинанд! Тавтиаҳое, ки агар ба ҷойи низоми мавҷуд дар Эрон, ҳар низоми дигаре – масалан низоми ҳоким дар Омрико ва ё Русия – мебуд, фурӯ рехта буд.

Асосан тасаввураш сахт аст, ки барои ҷазби ҷосус дар Эрон чӣ корҳое намекунанд! Барои интиқоли кучактарин иттилоот ва маълумот дар бораи Эрон аз тариқи гӯшиҳои ҳушманд, чӣ маболиғи ҳангуфте ваъда медиҳанд! Он ҳам барои мардум дар ҷомеае, ки 40-у анде сол аст таҳрим аст, асосан чизе намонда, ки дар Эрон аз сӯйи абарқудратҳо таҳрим набошад!

Аммо ин мардум бо ин ҳама сахтӣ ва душворӣ беназиранд!

Бинобар ин, ин адад дар ҷомеаи 100 миллион нафарӣ, чандон зиёд ҳам нест.

Аз ин рӯ он падида, як рӯйи сикка аст. Эй кош дӯстон дар ҳангоми 12 рӯзи таҷовузи Исроил ва Омрико, дар Эрон мебуданд ва ба чашмони худ медиданд, чӣ ҳамдилӣ ва ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар миёни мардуми ин кишвар эҷод шуда ва чӣ гуна ин мардум барои дафъи шарри душман вориди майдон ва саранҷом пирӯз шуданд!

Мардуми ин ҷомеа беназиранд!

Аз ин рӯ ин таваққӯъ ва интизор воқеан беҷост, ки Иблисе дар ин ҷомеа пайдо нашавад ва ҳама фаришта бошанд!

Ин таваққӯъ воқеан беҷост!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мулоқоти Раҳмон ва Пизишкиён дар Боку
Гузоришгари СММ: “Иқдомоти Исроил дар Ғазза наслкушӣ аст”

Матолиби пурбоздид