Ин навъдӯстиҳо ва ҳамдардиҳо дигар мазза надорад, ҳама дурӯғ аст

Таҳлили хабарӣ

Ин навъдӯстиҳо ва ҳамдардиҳо дигар мазза надорад, ҳама дурӯғ аст

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баъд аз фоҷеаи Ғазза, ки инак ду сол мешавад ва баъд аз ин ҳама кушту кушторе, ки саҳюнистҳо дар ин борика муртакиб шуданд ва зану кӯдаку пиру ҷавонро хулоса ҳамаро аз дами теғ гузаронданд ва қаҳтӣ ва гуруснагии бесобиқае дар ин минтақаи кучак роҳ андохтанд ба ҳадде, ки ҳатто садои Созмони Милали Муттаҳид низ даромад ва дар ин борика қаҳтӣ эълон кард – ва ин ҳама дар қарни 21, ки дам аз ҳуқуқи ҳатто ҳайвонот мезананд – шуморе аз “ҳамнавъдӯстон” ва “гуманистҳо” ба истилоҳ, дар ин муддат ҳарфе дар интиқоди саҳюнизми ҷаҳонӣ назаданд!

“Гуманистҳое”, ки ёдамон ҳаст, вақте дар Афғонистон як бонуи мӯҳтарам вафот ёфта буд, чӣ сару садое роҳ андохтанд ва аз Толибон чӣ “дарандае” ба тасвир кашиданд! Ва ё дар ҷанги Русия ва Укройн, чӣ доду фарёдҳо, ки намекашанд!

Инон ҳамон касоне ҳастанд, ки дар замони Иди Қурбони мусалмонон, вақте гӯсфанд қурбонӣ мешавад, чӣ ҳаёҳу ва саро садоҳо ва фарёдҳо мекашанд, ки бибинед, мусалмонон чӣ қадр бераҳму шафқатанд!

Аммо ҳаминон, дар робита бо ҷиноятҳои саҳюнистҳои хуношом ва ин ҳама кушту куштор, ки дар таърих собиқа надорад ва шояд Чингиз дар гӯраш аз ин ҷиноятҳо ангушти ҳайрат мегазад, ҳаминон ҳатто “АЛИФ” нагуфта ва мегӯянд!

Имрӯз ёддоште дидам аз як нафар “гуманист” дар бораи як нафар, ки чунону чунин вафот ёфта будааст, бо як таассури хосс ва андӯҳи фаровон навишта ва замиру виҷдони мову шуморо мухотаб қарор дода!

Як нафар нест ба ин ҷамоати суммун букм бигӯяд, ки дигар ин изҳори “ҳамдардиҳо” ба пашизе намеарзад!

Худо бибахшоядатон!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иллати аслии душмании Амрико бо Эрон дар баёни Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ҳусни муошират бо ҳамсарон

Матолиби пурбоздид