Рақсидан ба табли онҳо

Таҳлили хабарӣ

Рақсидан ба табли онҳо

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Бен Салмон, Ҷулонӣ ва Тромп

Дунолд Тромп дар дидор бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ, ӯро тамҷид кард ва аз Ҷамол Хошуқчӣ – рӯзноманигори қитъа-қитъашуда ба воситаи арра ба дасти Бен Салмон аммо интиқод, ки “чандон фарди матлуб” набудааст. Пеш аз ин, Тромп аз саркардаи шӯришиёни Сурия Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ, ки ба Аҳмад Шаръ маъруф шудааст низ дар дидораш бо ӯ дар Кохи сафед тамҷид карда буд.

Қобили ёдоварист, ин тамҷидҳо аз амсоли Бен Салмон ва ё Ҷулонӣ, танҳо маҳдуд ба Тромп нест, ки бигӯед, Тром ҳамин аст! На! Пеш аз ӯ Бойдени демукрот низ бо Бен Салмон хушу беш дошт. Сиёсати Омрико – ва куллан кишварҳои урупоӣ – ки дам аз ҳуқуқи инсон ва ин ҷур чизҳо мезананд, ҳамин аст.

Ҳар касе аз сиёсатмадорони кишварҳои мусалмон, ки ба ду чиз пойбанд бошанд, ҳамеша мавриди ташвиқи Омрико ва кишварҳои урупоӣ будаанд. Он ду чиз иборат аст аз:

1) Рақсидан ба табли онҳо;

2) Дӯстӣ бо писархондаи Омрико ва Урупо, яъне режими Исроил ва адами душманӣ бо ин писари ғайримашрӯъ.

Ҳар касе аз раҳбарони кишварҳои мусалмон, чӣ қотил бошад ва чӣ терурист, агар ба ин ду асл пойбанд бошанд, онҳо мавриди писанд ва ташвиқи Омрико ва Урупо ҳастанд.

Аммо агар бо он фарзанди номашрӯъашон яъне режими Исроил аз дари душманӣ даройед, дар ин сурат, шумо “терурист”, поймолсози ҳуқуқи башар, бад ва аз ин қабил чизҳоед.

Ин аст воқеияти ҳол, на чизе дигар.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Когда корона оказалась велика
Се ваҷҳи як достон

Матолиби пурбоздид