Муҳаммадбоқири Зулқадр дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъйин шуд
Ахбори байналмилал
Муҳаммадбоқири Зулқадр кист?
Ба гузориши Тобнок, Муҳаммадбоқири Зулқадр бо назар ва мувофиқати раҳбари Ҷ.И.Эрон ва бо ҳукми раисиҷумҳур ба унвони дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ мансуб шуд.
Муҳаммадбоқири Зулқадр кист?
Муҳаммадбоқири Зулқадр зодаи соли 1333 (1954) дар шаҳристони Фасо (устони Форс) аст. Вай қабл аз инқилоби исломӣ, мадраки коршиносии иқтисодро аз Донишкадаи иқтисоди Донишгоҳи Теҳрон дарёфт кард ва пас аз он, коршиносии аршади мудирияти давлатиро дар Донишкадаи мудирияти Донишгоҳи Теҳрон ба поён расонд ва охирин мақтаи таҳсилии вай, дуктурои мудирияти роҳбурдӣ аз Донишгоҳи олии дифоъи миллӣ аст. Вай дар ҳамон синини навҷавонӣ вориди фаъолиятҳои динӣ ва сиёсӣ шуд ва дар ҷараёни Инқилоби Исломии Эрон, бо пайвасиан ба гурӯҳҳои инқилобӣ, ба мубориза бо режими ситамшоҳӣ пайваст.
Зулқадр пас аз пирӯзии инқилоб, нахустин фаъолиятҳои худро аз кумитаҳои инқилоби исломӣ оғоз кард ва сипас ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ пайваст ва дар даврони ҷанги таҳмилии Ироқ ба Эрон, масъулияти омӯзиши Сипоҳро бар ӯҳда дошт.
Инак корномаи ӯ:
– Фармондеҳи Қароргоҳи Рамазони Сипоҳ;
– Раиси Ситоди муштараки Сипоҳ;
– Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳ;
– Муовини умури басиҷи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ;
– Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвар;
– Қоиммақоми вазири кишвар;
– Муовини роҳбурдии қувваи қазоия;
– Раиси ситоди интихоботии ҷабҳаи мардумии нерӯҳои Инқилоби Исломӣ;
– Дабири Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом.
tabnak.ir
қаламонлайн












