Тромп: Ҳар коре ман бихоҳам Нетонёҳу анҷом медиҳад!

Тромп: Ҳар коре ман бихоҳам Нетонёҳу анҷом медиҳад!

Ахбори байналмилал

Тромп: Нетаняҳу ҳар коре ки ман бихоҳам, анҷом медиҳад

Доналд Тромп – раиси ҷумҳури Амрико, гуфт Бенямин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, ҳар кореро ки ӯ бихоҳад анҷом хоҳад дод.

Тромп дар суҳбат бо хабарнигорон иддао кард, ки ҳоло ӯ 99 дарсад дар Исроил маҳбубият дорад ва ҳатто метавонад барои мақоми нахуствазирӣ дар он кишвар номзад шавад.

Ӯ бо шӯхӣ гуфт, шояд баъд аз анҷоми кораш ба Исроил рафта, барои нахуствазирӣ номзад шавад.

Раиси ҷумҳури Амрико, ки дар дохили кишвар зери фишор дар бораи ҷанг бо Эрон қарор дорад, гуфт дар масъалаи Эрон шитоб надорад.

Тромп дар посух ба саволе дар бораи ҳамоҳангӣ бо Нетаняҳу дар масъалаи Эрон гуфт, ки назари ҳар ду яксон аст. Ӯ ҳамчунин иддао кард: Мо Венесуэларо тасарруф кардем. Мо асосан Эронро ҳам тасарруф кардем.

Тромп дар идомаи суханонаш худро “бузургтарин раиси ҷумҳури таърих” тавсиф кард.

Ӯ инчунин дар бораи дидори Си Ҷинпин ва Владимир Путин гуфт, ки бо ҳар ду раҳбар муносибати хуб дорад ва маросими онҳо ба андозаи маросимҳои ӯ бошукӯҳ набуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оинаи тамсили Мавлоно
Аҳли илм ва аҳли ҷаҳл

Матолиби пурбоздид