Мо азодори Алии дигарем

Мо азодори Алии дигарем

Шеъри Наҷиби Борвар, шоири афғонистонӣ, барои раҳбари шаҳид

 Эй Муҳаррам, мо азодори Алии дигарем

Наҷиби Борвар, шоири афғонистонӣ, дар сафҳаи худ дар Фейсбук, шеъре барои раҳбари шаҳид, Оятуллоҳ Хоманаӣ ва ба муносибати ташйеъи эшон, ки як ҳафтаи дигар баргузор мешавад, сурудааст. Борвар дар муқаддимаи ин шеър менависад:

“Шуморо сутудам чун лоиқаш будед. Алвидоъ эй раҳбари мазлумон ва қоиди мустазъафон, алвидоъ эй дӯстдори Эронзамин ва эй ошиқи фарҳанг ва тамаддуни форсӣ:

Эй Муҳаррам, мо азодори Алии дигарем,

Ҳон сияҳтар шав, ки ғамдори Алии дигарем.

Пеши имони Халилуллоҳ чӣ хоҳад кард бут,

Зулфиқорему табардори Алии дигарем.

Хуни ту ҳатто барои мо сароғози нав аст,

То абад ёри вафодори Алии дигарем.

Чанд Хайбар пеши рӯ дорем, танҳомон макун,

Қуввате бахшо, сазовори Алии дигарем.

Номи ту сарлавҳаи озодагиву ҷанги мост,

Лашкари дину аламдори Алии дигарем.

Байъ кун эй чарх бо мо қимати ин ганҷро,

Бо матоъи ҷон харидори Алии дигарем.

Чашмҳои интизоронро умеди тоза бахш,

Ҳар нафас муштоқи дидори Алии дигарем.

Парчами имон бигирему хурӯше сар кунем,

Наъраи такбири пайкори Алии дигарем.

Он Алӣ аҳли Ҳиҷозу ин Алӣ аз аҳли мост,

Мо хушиқболон ватандори Алии дигарем”.

Қаламолайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маросими ташйеъ ва хоксупории пайкари раҳбари шаҳид ба ҳамроҳи 4 узви хонаводаи эшон
Амалиёти мушакӣ ва паҳподии Сипоҳ дар посух ба таҷовузҳои Омрико

Матолиби пурбоздид