Саранҷоми ҳамлаи Саудӣ ба Яман

Таҳлили хабарӣ

Саранҷоми ҳамлаи Саудӣ ба Яман

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Арабистони Саудӣ ва ҳомиёнаш, аз соли 2015 аз замоне, ки ҳамалот ба Яманро оғоз карданд, ҳамроҳ бо муздурони ямании худ (Ҳизби Ислоҳ ва ғайра), тақрибан ҳамарӯза дар расонаҳо эълон мекарданд, ки мо се рӯзи дигар ба Санъо мерасем. Ин ёвасаройӣ 9 сол давом ёфт. Аммо саранҷом баъд аз ноком мондан, маҷбур ба сулҳ шуданд.

Имрӯзҳо расонаҳои онҳо ва ҳомиёнашон, боз ба гуфтани ҳамон чарандиёти қадим шурӯъ кардаанд ва ин ки то як ҳафтаи дигар ба Санъо хоҳанд расид.

Инҳо аз замоне, ки ба ислом пушт карда ва Омрикоро ба ҷойи Аллоҳ худои худ қарор додаанд, Худованд хору залилашон кардааст.

Ёдам ҳаст, яке аз ҳомиёни Ҳизби Ислоҳ аз тоҷикони худамон (ки намехоҳам исмашро зикр кунам) вақте Эрон барои интиқоми шаҳид Сулаймонӣ мушак ба сӯйи пойгоҳҳои омрикоӣ шиллик карда буд, бо тамасхур мегуфт, магар мешавад Омрикоро зад?! Ин маҳол аст! Тараф Омрикоро “кун фаякун” медонист.

Худованд ва қудраташ, дар назди ин ҷамоат фақат дар забонашон аст, тавҳид шуда лақлақаи забонашон, аммо дар воқеъ худояшон шуда Омрико!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Талафоти Амрико дар ҷанги 13-рӯза
Ҳамлаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ

Матолиби пурбоздид