Қолибоф: “Дар минтақае, ки мо нафт нафурӯшем, касе нафт нахоҳад фурӯхт”
Ахбори байналмилал
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар вокуниш ба газофагӯии фармондеҳи CENTCOM, паёми собиқи худро муҷаддадан бознашр кард, ки дар он навишта буд:
“Дар минтақае, ки мо нафт нафурӯшем, касе нафт нахоҳад фурӯхт. Агар амнияти мо таъмин нашавад, ҳеч зерсохте эмин нахоҳад буд. Амнияти танга дар набуди нерӯҳои омрикоист. Борҳо гуфтаем, ки вазъияти танга ба қабл аз ҷанг бознамегардад”.
Қаламонлайн













