Наҳзати исломии Тоҷикистон: тағйири раҳбарӣ ё шеваи нави фаъолият?

Таҳлили хабарӣ

Наҳзати исломии Тоҷикистон: тағйири раҳбарӣ ё шеваи нави фаъолият?

Ёддошти Исфандиёри Одина

Исфандиёри Одина дар ин гузориш ба тағйири раҳбарии Наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз ду даҳа ва интихоби Исломҷон Саъидов ба ҷойи Муҳйиддини Кабирӣ мепардозад; тағйире, ки ҳамзамон бо бозтаърифи нақши ин ҷараёни мухолиф дар табъид сурат гирифтааст. Наҳзати исломӣ мегӯяд, аз ин пас фаъъолияти худро бештар бар ҳавзаи андеша ва фарҳанг мутамаркиз мекунад ва фаъъолияти сиёсӣ ба «Паймони миллии Тоҷикистон» супурда мешавад; эътилофе, ки Кабирӣ ҳамчунон раҳбарии онро бар ъуҳда дорад. Оё ин ҷобаҷоӣ оғози тағйири воқеъӣ дар сохтори мухолифони тоҷик аст, ё танҳо тақсими тозае аз нақшҳо?

***

Исфандиёри Одина,

рӯзноманигори озод

Наҳзати исломӣ ё Ҳизби наҳзати исломии собиқ, аз гурӯҳҳои ъумдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, ки шумори зиёде аз фаъъолонаш дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, батозагӣ аз канорагирии раҳбараш ва интихоби раҳбари ҷадид дар табъид хабар дод.

Ин гурӯҳ, ки фаъъолияташ дар дохили Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин сӯ мамнӯъ аст, баъд аз зуҳри рӯзи шанбеи 19 септомбр дар сафҳаи фейсбукии худ нивишт, ки Исломҷон Саъидов, аз фаъъолони ҳизбии мустақар дар Урупо, дар ҷараёни як раъйгирӣ дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, ба ъунвони раҳбари ҷадиди ин ҳизб дар табъид интихоб шудааст:

«Дар интихобот се номзад барои раҳбарии Наҳзати исломии Тоҷикистон рақобат карданд: Абӯбакри Нурӣ, Ъабдулқодир Шайхуф ва Исломҷон Саъидуф. Пас аз анҷоми раъйгирӣ ва шумориши оро, Исломҷон Саъидуф бо касби 64 дарсад аз орои аъзои риёсати ъолӣ, аз ҷониби кумисиюни интихобот, пирӯзи интихобот ва раҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон эълом шуд.»

Таҳсилкардаи Эрон

Тибқи ин иттилоъия, дар ин интихобот 25 ъузви риёсати ъолии Наҳзати исломӣ, ниҳоди ъумдаи тасмимгиранда дар мавриди фаъъолиятҳои ин ҳизб дар табъид, аз ҷумла 20 тан ба таври ҳузурӣ, раъй додаанд. Як тан аз аъзои ин ниҳод раъйи худро бо номае ирсол карда ва чаҳор тани дигар ба таври бархат (онлойн) раъй додаанд.

Исломҷон Саъидуф, раҳбари тоза интихобшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон, шахсияте чандон шинохташуда нест. Ба гуфтаи манобеъи ҳизбӣ, ӯ 48-сола аст ва дар гузашта дар Эрон таҳсил кардааст. Аз моҳи меи порсол муъовинати раҳбари ҳизбро ба дӯш доштааст. Инсоне «рӯҳонӣ ва муътадил» арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, сухангӯи Наҳзати исломӣ, оқои Саъидуф мутаваллиди 3 жонвиеи соли 1978 дар рустои Пандовчии ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон, аст. Вай мадраки таҳсилоти ъолии ъулуми исломиро соли 2009 дар Зоҳидони Эрон ба даст овардааст. Ъунвони муфтӣ дар ъилми мерос дорад ва мутахассиси ҳадис ва тафсири Қуръон аст.

Оқои Саъидуф соли 2009 дар Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваста ва дар Шӯрои ъуламои Наҳзати исломӣ, таҳти раҳбарии Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, дар шуъбаи ъилм ва кор бо ъуламо фаъъолият карда ва рисолае ҳам мунташир кардааст. Вай соли 2015 аз Тоҷикистон хориҷ шуда ва солҳо дар Лаҳистон намояндаи Наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон будааст.

«Идоракунии пушти парда»

Интихоби раҳбари ҷадиди Наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки Муҳйиддини Кабирӣ, раҳбари пешини он, ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки аз симати раҳбарии ин ҳизб канорагирӣ мекунад. Родиюи Озодӣ рӯзи ҷумъаи 18 сеатомбр ба нақл аз вай нивишта буд, ки оқои Кабирӣ 10 рӯз пеш риёсати ъолии ҳизбашро аз тасмими худ барои канорагирӣ мутталеъ кардааст:

«Ин бори аввал нест, ки ман истеъфо медиҳам. Риёсати ъолӣ ҳар дафъа онро рад мекард ва бо таваҷҷуҳ ба ин шароит ман низ ба иҷрои масъулият идома медодам. Аммо ин бор эълом кардам, ки тасмимам қатъӣ ва ниҳоӣ аст ва хоҳиш кардам, ки риёсати ъолӣ барои дар ин мақом боқӣ мондани ман пофишорӣ накунад.»

Раҳбари акнун собиқи Наҳзати исломӣ, ё ҳамон Ҳизби наҳзати исломии собиқ, ба Родиуи Озодӣ гуфтааст, ки ӯ муддати дарозе дар мақоми раҳбарии ҳизб буда ва мехоста дар ин ҳизб «навсозӣ» сурат бигирад: «Ман шахсан бовар дорам, ки дар раҳбарии кишварҳо, ҳукуматҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд ҳамеша ҷойъивазкунӣ (табдил) ва навсозӣ сурат бигирад.»

Шуморе аз корбарони тоҷики Фейсбук интихоби раҳбари ҷадиди ин гурӯҳ ё ҳизбро «муборакбод» гуфтаанд. Аммо як корбар нивиштааст: «Барои ҳизбе, ки вуҷуд надорад, интихоби раҳбар чӣ маъно дорад?» Корбаре дигар нивишта, ки Муҳйиддини Кабирӣ, раҳбари пешин, «хеле заранг аст ва мисли Путин бо Медведеф» аз пушти парда ба идораи ҳизб идома хоҳад дод.

«Ислоҳоти дохилӣ»

Дар зимн, Салими Султонзода, муъовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофе аз се ниҳоди мухолифи давлат дар табъид — Анҷумани озодандешони тоҷик, Наҳзати исломӣ ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна — аз тағйироте дар шеваи кор ва фаъъолияти ин се ниҳод ва нақши баъдии оқои Кабирӣ ба ъунвони раҳбари ин эътилоф хабар дод.

Оқои Султонзода дар гуфтугӯ бо Родиу Замона гуфт: «Наҳзати исломӣ дар самти андеша ва фарҳанг фаъъолият хоҳад кард. Самти сиёсатро аз ин ба баъд Паймони миллии Тоҷикистон пеш хоҳад бурд. Ба ъиборати дигар, Ҳизби наҳзати исломӣ масъулияти сиёсии худро ба дӯши Паймони миллии Тоҷикистон гузошт.»

Зоҳиран интихоби раҳбари нави Наҳзати исломӣ дар чорчӯби ислоҳот дар низомнома ва шеваҳои фаъъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ тайи моҳҳои ахир сурат мегирад. Ин ҳизб ҳудуди чаҳор моҳ пеш хабар дода буд, ки барои «бознигарии муносибати худ бо масъалаҳое чун давлат, миллат, дин ва сиёсат», вожаи «ҳизб»-ро аз номаш ҳазф кардааст.

Авохири моҳи ут ҳам хабар дод, ки низомнома ва нишони ҷадиде барои худ тасвиб кардааст. Фароянди ислоҳот дар ин ҳизб пас аз он сурат мегирад, ки шуморе аз аъзои ҳизб дар авохири соли гузашта ва авоили соли ҷории мелодӣ, дар эътироз ба сиёсатҳои ба гуфтаи онҳо нокоромади раҳбари ҳизб, сафуфи онро тарк карданд.

Раҳбарӣ дар табъид

Муҳйиддини Кабирӣ, 61-сола, тайи ду даҳаи гузашта раҳбарии Ҳизби наҳзати исломиро ба дӯш дошт. Вай баъд аз даргузашти Саъид Ъабдуллоҳи Нурӣ, аз поягузорони ин ҳизб, дар соли 2006 ба раҳбарии он баргузида шуд. Вай ва Саъидъумари Ҳусайнӣ, яке дигар аз аъзои ҳизб, то интихоботи порлумонии соли 2015 дар порлумони Тоҷикистон ъузвият доштанд.

Дар моҳи септомбри соли 2015, дар пайи як даргирӣ дар шаҳри Душанбе, ки бархе аз мухолифон онро «тавтеае аз сӯи давлат», вале худи мақомоти давлатӣ «кӯшиш барои кудето» аз сӯи женерол Ъабдулҳалими Назарзода, аз муъовинони Вазорати дифоъ, ва шуморе аз тарафдоронаш хонда буданд, фаъъолияти ин ҳизб ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ӯ мамнӯъ шуд.

Давлати Тоҷикистон ин ҳизбро баъд аз 18 соли фаъъолияти расмӣ аз замони поёни ҷанги дохилӣ ва имзои тавофуқи сулҳ дар соли 1997, «теруристӣ» эълом кард ва аъзову тарафдоронашро мавриди пайгарди қонунӣ қарор дод. Даҳҳо тан аз фаъъолони ин ҳизб боздошт ва дар муҳокимаҳои пушти дарҳои баста барои муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

Оқои Кабирӣ, ки он замон барои муддате дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебурд, аз бозгашт ба ватан худдорӣ кард ва то кунун дар табъид ба сар мебарад. Ҳазорон тан аз аъзо ва тарафдорони ҳизб ҳам таҳти фишори давлат суфуфи онро тарк карданд ва садҳо тани дигар дар солҳои баъд ба хориҷ аз кишвар, ағлаб ба Урупо, паноҳ бурданд.

Даврони фаъъолияти расмӣ

То замони мамнӯъияташ дар моҳи септомбри соли 2015, Ҳизби наҳзати исломӣ дар саросари Тоҷикистон беш аз 40 ҳазор ъузв дошт ва дар интихоботи порлумонии солҳои 2010 ва 2015 орои чашмгире аз мардум ба даст овард; нишонае аз нуфузи рӯзафзуне, ки ба гуфтаи бархе таҳлилгарон мояи нигаронии мақомот шуд, то дар садади бастани он бароянд.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар оғози даврони истиқлоли Тоҷикистон ба ъунвони яке аз ҷараёнҳои ъумдаи мухолифи давлати вақт, ё ҳамон дастгоҳи ҳокимаи Ҳизби кумунист, по ба ъарсаи сиёсат гузошт, агарчи тарафдоронаш муддаъӣ ҳастанд, ки ин наҳзат аз авосити даҳаи 70-и мелодӣ, яъне дар замони Шӯравӣ, низ фаъъолиятҳои зеризаминӣ доштааст.

Ин ҳизб ба раҳбарии Саъид Ъабдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дар замони ҷанги дохилии 1992 то 1997 дар Тоҷикистон аз тарафҳои ъумдаи ҷанг ва даргириҳои мусаллаҳона буд ва сутуни аслии Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф ба шумор мерафт. Шибҳинизомиёни вобаста ба он ағлаб дар қаламрави Афғонистон мустақар буданд ва ҳамалоте ба аҳдофе дар Тоҷикистон анҷом медоданд.

Пас аз тавофуқи сулҳи соли 1997, ки ба тақсими қудрат ва эътои 30 дарсад аз мансабҳои муҳимми давлатӣ ба мухолифон анҷомид, раҳбарон ва фаъъолони ин ҳизб ба Тоҷикистон баргаштанд. Оқои Нурӣ то замони маргаш дар соли 2006 раҳбарии ҳизбро бар ъуҳда дошт. Муҳйиддини Кабирӣ, ки қаблан аз ҳимояти оқои Нурӣ бархурдор буд, ба раҳбарии ҳизб интихоб шуд.

Ҳамакнун пас аз 20 соли раҳбарӣ, ба назар мерасад оқои Кабирӣ довталабона аз симати раҳбарии Наҳзати исломӣ канор рафтааст, ҳарчанд ба назар мерасад бо таваҷҷуҳ ба тағйир дар шеваи фаъъолияти Наҳзати исломӣ ва ҳифзи мақоми раҳбарӣ дар эътилофи мавсум ба «Паймони миллии Тоҷикистон», сояи ӯ бар фаъъолиятҳои ин ҳизб ё ҷараёни мухолифи давлат ҳамчунон мустадом хоҳад буд.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андарзе аз Имом Ғаззолӣ
Фарзанди сафири Исроил дар Амрико бо мошин зер гирифта шуд

Матолиби пурбоздид