Ансоруллоҳ: Муздурон дар ҳоли фирор ҳастанд

Ансоруллоҳ: “Муздурон дар ҳоли фирор ҳастанд

Ахбори байналмилал

Ансоруллоҳ: “Муздурон дар ҳоли фирор ҳастанд; иддаои “пирӯзӣ” фақат дар расонаҳост”

Узви Ансоруллоҳи Яман аз фирори мустамирри муздурони саудӣ дар ҷабаҳои ҷанг хабар дод.

Ҳизом ал-Асад, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман, имрӯз (душанбе) бо ишора ба идомаи дурӯғпарокании муздурони Арабистони Саудӣ, дар Х навишт: “Пирӯзиҳои иддаоии онҳо фаротар аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нест.”

Вай бо баёни ин ки муздурони Арабистони Саудӣ дар расонаҳо муддаии пирӯзӣ ҳастанд, таъкид кард: “Дар майдони воқеӣ, муздурони Арабистон дар ҳоли фирори мудовим ҳастанд; фирори онҳо аз Раъсулъора дар соҳили халиҷи Адан гирифта то минтақаи Алмувосит ва маҳалли истиқрори хоин Ал-алимӣ дар Таъазз аст.”

Ал-алимӣ ишора ба Рашод ал-Алимӣ, раиси Шӯрои риёсатии давлати мустаъфии Ямани мавриди ҳимояти Арабистон дорад, ки имрӯз маҳалли иқомати ӯ ба контроли нерӯҳои мусаллаҳи артиши Яман даромад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарлашкар Ризоӣ: Хатои баъдии душман, ғофилгириҳои бузургтарро дар пай дорад
Ориф аз забони Абӯалӣ ибни Сино

Матолиби пурбоздид