Ироқчӣ: Ба дидор бо мақомоти омрикоӣ ҳеч ниёзе надорем

Ироқчӣ: Ба дидор бо мақомоти омрикоӣ ҳеч ниёзе надорем

Ахбори байналмилал

Вазири хориҷаи Эрон гумоназаниҳо дар бораи дидор бо мақомоти омрикоиро сирфан ҳадсу гумони расонаӣ тавсиф кард ва гуфт, ки Эрон аз шурути худ кӯтоҳ нахоҳад омад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидаббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира эълом кард, ки паёми Ҷей Ди Вэнс, муовини раисиҷумҳури Омрико, бо диққат баррасӣ шуда ва дар нишастҳои сатҳи олӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Вай талоши тарафи омрикоӣ барои гушудани фазое густардатар барои гуфтугӯ ва тафоҳумро гоме мусбат тавсиф кард ва афзуд: “Агар ҳадафи Вошингтун аз ирсоли паёми Вэнс, эҷоди ихтилоф бошад, ин иқдом иштибоҳи тозае хоҳад буд, ки ба хатоҳои пешини Омрико изофа мешавад.”

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч барномае барои дидор бо мақомҳои омрикоӣ вуҷуд надорад ва гумоназаниҳои матраҳшуда дар ин замина сирфан ҳадсу гумони расонаӣ аст.

Ироқчт таъкид кард: “Дар ҳоли ҳозир ҳеч ниёзе ба мулоқот бо омрикоиҳо намебинем ва шароити мо комилан мушаххас аст. Миёнҷиҳо ҳамчунон дар ҳоли машварат дар мавриди ин шароит ҳастанд.”

Вазири хориҷа Эрон гуфт, ки агар Омрико мувофиқати худро бо шурути Эрон эълом кунад, он вақт Теҳрон низ дар бораи мустақим будан ё ғайримустақим будани музокирот тасмим хоҳад гирифт.

Ӯ дар бораи сафари ҳайате аз Эрон ба Қатар низ гуфт: “Як ҳайати эронӣ ба самти Дуҳа ҳаракат кардааст ва муовинони ман дар Қатар ҳузур доранд, то ройзаниҳо дар хусуси шурутамонро идома диҳанд.”

Ироқҷӣ дар бораи нақши Покистон ва Қатар низ гуфт, ки миёнҷигарони қатарӣ ва покистонӣ ҳамчунон ройзаниҳо дар бораи шурути Эронро идома медиҳанд ва тарафи қатарӣ пешниҳод додааст, ки муддати иҷрои тарҳи Эрон (ба ҷойи 7 рӯз) 5 рӯз бошад.

Вай афзуд, ки миёнҷигарон пешниҳодҳое дар бораи парвандаи ҳастаӣ ироа кардаанд, ки Теҳрон дар ҳоли ҳозир онҳоро дар чорчӯби марҳилаи дуввум баррасӣ мекунад.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, ки пешниҳоди Эрон танҳо тарҳе аст, ки дар ҳоли ҳозир барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз матраҳ шудааст.

Ироқчӣ: Пазириши масири дарёии ҷадид дар тангаи Ҳурмуз аз шурути мост

Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира эълом кард, ки Теҳрон дар марҳилаи кунунӣ ба пешниҳоде даст ёфтааст, ки муддати замони иҷрои тавофуқро ба ду рӯз коҳиш медиҳад.

Вай бо ташреҳи шурути Эрон гуфт: “Лағви таҳримҳои эъмолшуда пас аз ёддошти тафоҳуми Исломобод, коҳиши шумори нерӯҳои омрикоӣ дар минтақа, бозгардондани муъофиятҳои нафтӣ ва озодсозии тамомии дороиҳои масдудшудаи Эрон, аз ҷумла дороиҳои мавҷуд дар Қатар, аз ҷумлаи ин шурут аст.”

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки Теҳрон хостор ба расмият шинохтани масири дарёии ҷадиде аст, ки бо ҳамкории Уммон дар тангаи Ҳурмуз таъйин кардааст. Вай афзуд, ки бар асоси ин шарт, соири масирҳои дарёӣ дар ин танга бояд баста шаванд.

Ироқчӣ: Хостори таваққуфи ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон ҳастем

Ироқчӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира таъкид кард, ки Теҳрон хостори таваққуф ва поёни ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон аст.

Вай дар бораи музокирот бо Омрико гуфт: “Бозгушоии тангаи Ҳурмуз бар асоси шурути Эрон, заминаро барои азсаргирии музокирот бо Вошингтун дар бораи парвандаҳои ҳалнашуда фароҳам мекунад.”

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба эҳтимоли азсаргирии ҷанг низ гуфт: “Ҳеч эҳтимолеро дар бораи вуқӯъи дубораи ҷанг мунтафӣ намедонем ва барои ҳамаи сенарияҳо омодаем.”

Вай афзуд: “Таслеҳоти худро барӯзрасонӣ кардаем, нуқоти заъфро бартараф сохтаем ва силоҳҳои ҷадидеро озмоиш кардаем. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар болотарин сатҳи омодагӣ қарор доранд.”

Вазири умури хориҷаи Эрон дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ бо таъкид бар ин ки Эрон узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ аст ва ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби ин паймон пойбанд аст, гуфт: “Таъсисоти ҳастаии Эрон, ки таҳти назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ қарор доштанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва Ожонс барои бозрасӣ аз таъсисот дар чунин шароите протоколе надорад.”

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки бозгашти ҳамкории Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба вазъияти оддӣ ҳамчунон бисёр дур аз дастрас аст.

Ироқчӣ: Дар баробари фишорҳои иқтисодӣ таслим намешавем

Вай бо ишора ба фишорҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон гуфт: “Ин фишорҳоро инкор намекунем, аммо таслим нахоҳем шуд ва аз каромати худ даст нахоҳем кашид.”

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: “Ба истодагӣ ва муқовимат идома медиҳем ва бо такя бар тавонмандиҳои худ аз ин марҳилаи душвор убур хоҳем кард.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қатар: Пешрафте дар музокирот миёни Эрон ва Омрико ҳосил шудааст
Сарлашкар Абдуллоҳӣ: “Пуршиддат ва бидуни маҳдудияти ҷуғрофиёӣ ба душман посух медиҳем”

Матолиби пурбоздид