ҲИКОЁТЕ АЗ ГУЛИСТОН
Дарвеше мустаҷобуддаъва дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷи Юсуфро хабар карданд. Бихондашу гуфт:
– Дуои хайре бар ман бикун.
Гуфт:
– Худоё, ҷонаш биситон.
Гуфт:
– Аз баҳри Худо, ин чӣ дуост?!
Гуфт:
Ин дуои хайр аст туро ва ҷумла мусалмононро.
* * *
Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?!
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
(Гулистони Саъдӣ)
Қаламонлойн