Қирғизистон; табдили хусуматҳои сиёсӣ ба хусуматҳои қавмӣ ва миллиятӣ

Таҳлили хабарӣ

Қирғизистон; табдили хусуматҳои сиёсӣ ба хусуматҳои қавмӣ ва миллиятӣ

Назари коринос

Дар торихи 21-октябр, лоиҳае дар Қирғизистон ба тасвиб расид, ки бар асоси он, додани силоҳ ба мардум ва сокинони манотиқи марзӣ дар мавориди хос, бо 63 раъйи мувофиқи намояндагони порлумони ин кишвар, қонунӣ шуд.

Бар асоси ин қонун, сокинони манотиқи марзӣ муҷоз ба ширкати довталабон дар ҷангҳо ва ҳамчунин имкони дарёфти аслиҳаро доро хоҳанд буд.

Комилан дуруст аст, ки хар як кишвар ҳақ дорад, марзҳои худро ҳифз кунад ва сарбозони худро мусаллаҳ намояд. Бо вуҷуди ин, ҷалби шаҳрвандон ва мардуми ғайринизомӣ талафот ва хасороти ҷонӣ ва молии пешбининашудае барои ҳар ду миллат ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Аз сӯйи дигар, боиси шиддат ёфтани  равобити душманонаи мардуми марзнишини  ду кишвари дӯсту ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон мегардад. Ихтилоф бар сари таъини ҳадду марз ва истифодаи манобеи табиӣ, бояд аз аз тариқи гуфтугӯ ва музокира ҳал шавад; чаро ки даргириҳои мусаллаҳона ҳеч суде на ба ҳоли Қирғизистон дорад ва на Тоҷикистон!

Дар ин миён, суоле, ки зеҳни умумиро башиддат машғул мекунад, ин аст, ки чӣ касе ва ё кадом кишваре аз ин шароит суд ва манфиат мебарад?

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нуфуз ба сабки амрикоӣ
Ҳикмат

Матолиби пурбоздид