Тоҷикистон; беш аз 2000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ДОИШ пайвастаанд

Тоҷикистон; беш аз 2000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ДОИШ пайвастаанд

Хабарнома

Бар асоси гузоришоти расмӣ, беш аз ду ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои террористии ДОИШ пайвастаанд.

Албатта омори мазкур омори расмӣ ва мунташиршуда аст, аммо бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, ин рақам ба беш аз панҷ ҳазор нафар мерасад.

Гуфта мешавад даҳҳо нафар аз мақомоти баландрутба, донишҷӯён ва ҳатто чанд мансабдори тоҷик низ ба сафи ДОИШ пайвастаанд.

Бисёре аз онҳо эҳтимолан кушта ва захмӣ шуда ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргаштаанд. Касоне, ки аз сафҳои ин гурӯҳи террористӣ берун шуда ва ба кишвар баргаштаанд, ба зиндон маҳкум шуда ва бархе низ афв шудаанд.

То ба ҳол, беш аз 220 нафар аз занону кӯдакони тоҷикистонӣ, бо талоши мақомоти давлатӣ, аз Сурия ва Ироқ ба кишвар баргандонда шудаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарёфти кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон дар тӯли сол
Мавзегирии Кабирӣ дар баробари Русия

Матолиби пурбоздид